Наргис Зокирова, раиси Бюрои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва қонунмандӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 8-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, се созмон -- "Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар", "Лигаи занони ҳуқуқшинос" ва "Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар" мегӯянд, омодаанд, ки волидони маҳбусони зиндони Хуҷандро бо вакили мудофеъ ё адвокат таъмин кунанд.
Хонум Зокирова меафзояд, волидони маҳбусони зиндони рақами 23-и шаҳри Хуҷанд, дирӯз шикоят карданд, ки ходимони маҳбас фарзандони онҳоро бераҳмона лату кӯб карда, азият додаанд ва онҳо аз саломатии пайвандонашон нигаронанд.
Баъд аз муроҷиати волидони маҳбусҳо Бюрои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва қонунмандӣ, созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи башари Тоҷикистонро гирд оварда ва дар машварат бо онҳо тасмим гирифтааст, ки волидонро бо вакили мудофеъ таъмин кунанд.
Пайвандони зиндониён субҳи 7-уми ноябр дар назди бинои Додситонии кул ҷамъ омада ва гуфтанд, ки фарзандони онҳоро махсусан, ба хотири фош кардани ҳодисаи лату кӯб ва ба марг расондани маҳбус Ҳамза Икромзода, ба Хуҷанд интиқол дода, мавриди шиканҷа қарор додаанд.
Аз ҷумла, Майрам Юлдошева, модари яке аз ин маҳбусон бо нигаронӣ аз сарнавишти писараш дар маҳбаси Хуҷанд гуфт, ки "як зан аз Хуҷанд ба ман занг зад ва гуфт, 59 нафарро аз Душанбе ба Хуҷанд бурдаанд ва мо вақте ба зиндон рафтем, гуфтанд, ки дар миёни онҳо писари ман низ ҳаст. Ин бачаҳоро задаанд ва нимкушта кардаанд."
Норозигӣ аз бадрафториҳои кормандони зиндонҳо дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар Женева ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар бораи ҷараёни иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузориш медиҳанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!