Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паралимпиадаи Порис ифтитоҳ ёфт


Рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми август дар Порис Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи бозиҳо қариб 4400 нафар варзишгарони маълул — намояндагони зиёда аз 180 ҳайати вакилони кишварҳои ҷаҳон иштирок карданд.

Коргардони намоиш, чун дар маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар Порис, Томас Жолли буд ва барномаи рақсиро Александр Экман ба саҳна гузоштааст.

Маросими кушодашавии Бозиҳои паралимпӣ, ба монанди маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии соли 2024, аввалин маротиба берун аз варзишгоҳ, дар маркази Порис баргузор шуд. Иштироккунандагони Бозиҳо қад-қади Майдони Елисей ба Майдони Созиш рафтанд. Онҳоро дар роҳ қариб 65 ҳазор нафар тамошобинон истиқбол намуданд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпиро кушода эълон кард. Сипас роҳбари Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс зимни суханрониаш ба ҳукумати Фаронса ва шаҳрдории Порис, инчунин кумитаи тадорукоти Бозиҳо изҳори сипос намуд.

Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Порис баргузор мешаванд. Пойтахти Фаронса се маротиба мизбони Бозихои олимпи буд, аммо Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар ин ҷо доир шудааст.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ варзишгарон дар 22 намуди варзиш рақобат мекунанд. Дар тӯли 11 рӯзи мусобиқот параварзишгарон барои 549 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ ба мисли Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, баробарии гендерӣ нигоҳ дошта мешавад, яъне дар бозиҳо шумораи баробари мардону занон иштирок мекунанд.

Варзишгарони Русия ва Беларус танҳо ба далели таҳримҳои марбут ба ҳамлаи Русия ба Украина дар Паралимпиада дар мақоми бетараф иҷоза дода шуданд. Ин варзишгарон дар маросими кушодашавии бозиҳо иштирок накарданд. Ба онҳо иҷозаи истифода аз парчамҳои кишварашон манъ аст ва дар сурати пирӯзӣ суруди миллӣ садо дода намешавад.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ хабар дод, ки 90 нафар аз Русия ва 8 нафар аз Беларус иҷозаи ширкат дар ин бозиҳо доранд.

Илова бар ин, дар ин Бозиҳои паралимпӣ бузургтарин дастаи паноҳандагон дар таърих ширкат хоҳад кард. Варзишгарони Эрон, Сурия, Афғонистон, Камерун ва дигар кишварҳо дар 6 навъи варзиш – варзиши сабук, пауэрлифтинг, таэквондо, тенниси рӯи миз, триатлон ва пойга дар аробачаи маъюбӣ рақобат мекунанд. Дастаи мунтахаби гурезагон тақрибан 120 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон намояндагӣ мекунад.

Паралимпиада бузургтарин чорабинии варзишӣ барои маъюбон мебошад. Он соли 1948 аз ҷониби невропатологи олмонӣ Людвиг Гуттман таъсис ёфтааст, ки соли 1939 аз Олмони фашистӣ ба Бритониё фирор кардааст. Мусобиқа соли 1960 номи расмии Бозиҳои Паралимпиро гирифт. Аз он замон то инҷониб онҳо дар чаҳор сол як маротиба, аз соли 1988 дар ҳамон ҷое, ки Олимпиада баргузор мешавад, доир мегарданд.

БОЗИҲОИ XVII ПАРАЛИМПӢ БЕ ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Дабири кулли Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, ягона варзишгари мо Шоҳрух Назаров дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило дар Гран-прии Тбилиси, ки мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Париж-2024 ба ҳисоб мерафт, натавонист муваффақ шавад”.

Ба гуфтаи оқои Алимов, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, инчунин шаш варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ пешниҳод кард, вале азбаски натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст аст, ба Тоҷикистон квота дода нашуд.

Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004 пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд, бори аввал ба Паралимпиада нарафтанд. Дарвоқеъ, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд

ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ПАРАЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ кишварҳои Осиёи Марказиро 114 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ҳайати мунтахаби УЗБЕКИСТОН дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ аз 65 варзишгар иборат аст. Варзишгарони узбек оид ба варзиши сабук, ҷудо, шиноварӣ, пауэрлифтинг, каноэ, қайиқронӣ, таэквондо, тирпарронӣ ва дучархаронӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Мунтахаби Узбекистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 2004-ум то ҳоло) ҳамагӣ 51 медал (16 тилло, 12 нуқра ва 23 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 мунтахаби Узбекистон соҳиби 19 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардида буд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҚАЗОҚИСТОН дар Паралимпиадаи Порис 44 варзишгар шомил аст. Онҳо дар 9 намуди варзиш, ба монанди ҷудо, пауэрлифтинг, таэквондо, варзиши сабук, тирпарронӣ, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, қайиқронӣ дар каноэ ва волейболи нишаста рақобат мекунанд.

Мунтахаби Қазоқистон дар тӯли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 1996-ум то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 варзишгарони қазоқ соҳиби 5 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) шуда буданд.

Варзишгарони ҚИРҒИЗИСТОН дар Паралимпиадаи Порис бо шумули чаҳор варзишгар - Миргул Болоталиева дар пауэрлифтинг, Айтунук Жоомарт қизи - дар триатлон, Гулноз Жузбоева – дар варзиши сабук ва Маматиброҳим Суранов – дар ҷудо ҳунарварӣ мекунанд. Мунтахаби Қирғизистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 1996-ум то ҳоло) ягон медал нагирифтааст.

ТУРКМАНИСТОНро дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Порис як варзишгар - Маягузел Экеева оид ба пауэрлифтинг муаррифӣ хоҳад кард. Вай натиҷаи беҳтарини худро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Дубай дар соли 2023 нишон дода, дар вазни то 86 кило 115 кг вазн бардоштааст. Варзишгарони туркман дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои паралимпӣ (аз соли 2000-ум то инҷониб) медал ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG