Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ сол бе мухолифини исломӣ дар Тоҷикистон


Даҳҳо узви пешини ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд
Даҳҳо узви пешини ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шудаанд

Дақиқан панҷ сол пеш, дар миёнаҳои моҳи декабр, дар шароити махфӣ парвандаи аъзои ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба додгоҳ фиристода шуд. Бино ба ҳукми додгоҳ, ду муовини раиси ҳизб ба ҳабси абад ва 14 узви Шӯрои сиёсии он аз 15 то 28 сол зиндонӣ шуданд.

Радиои Озодӣ талош кард, ки сарнавишти минбаъдаи зиндониён ва таъсири ин ҳодисаро ба таҳавулоти сиёсии кишвар маълум кунад.

ЗИНДАГӢ ДАР ЗИНДОН

Нисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки барои ҳамеша зиндонӣ шудааст. Ӯ дар ним сол фақат як бор ҳақи вохӯрӣ бо ҳамсарашро дорад ва ҳар се моҳ барояш лавозим мефиристад.

Вазъи шавҳарам хуб нест, ӯ ҳамеша аз дарди дил шикоят мекунад. Хеле вақт шуд, ки наметавонем ба ӯ хӯрок ё либос бифиристем, зеро кор намекунам ва ба нигоҳубини кӯдакам машғулам
Фароғат Сангинова

"Бори охир 17-уми ноябр дида будем. То ин вақт бар асари бемории ҳамагир 8 моҳ мулоқот накарда будем. Вазъияташ хуб аст, ба коронавирус гирифтор нашудааст ва шикоят надорад ҳоло", -- нақл кард Ҷӯрабекова.

Вале дар панҷ сол, ба гуфтаи ӯ, саломати шавҳараш нохуб шудааст, фишори хун пайдо кардааст ва ҷигараш ҳам бемор аст. Аз ин рӯ, маблағҳои асосии хонавода барои харидани дору харҷ мешаванд. "Ёрии молиро хоҳаронаш мерасонанд, -- гуфт Ҷӯрабекова ва афзуд, ҳар се моҳ хонавода 500 сомонӣ ҷамъ мекунанд, то барояш лавозим бихаранду ба зиндон бифристанд.”

Фароғат Сангинова, ҳамсари узви дигари зиндонии Шӯрои сиёсии ин ҳизби мамнуъ Ҳикамтулло Сайфуллозода, аз фақри хонаводагӣ шикоят дорад, ки имкон намедиҳад шавҳарашро дар зиндон пуштибонӣ кунад. "Вазъи шавҳарам хуб нест, ӯ ҳамеша аз дарди дил шикоят мекунад. Хеле вақт шуд, ки наметавонем ба ӯ хӯрок ё либос бифиристем, зеро ман кор намекунам ва ба нигоҳубини кӯдакам машғулам. Кӯдакам бемор аст", -- мегӯяд Сангинова. Пештар, ба гуфтаи ӯ, аз хонаводааш ёрӣ мегирифт, ҳоло онҳо ҳам мушкили молиявӣ доранд.

Нисо Ҷӯрабекова
Нисо Ҷӯрабекова

Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, ки дар Аврупо қарор дорад, мегӯяд, хонаводаашон бори охир падарашро 17-уми ноябр дидаанд: “Наздикон мегӯянд, вазъи падарам муътадил аст, аммо аз дарди гурда ва дандон шикоят кардааст. Духтурон гуфтаанд, мушкили гурдаҳо пас аз мубтало шудан ба коронавирус дар моҳи майи имсол сар задааст."

Ба далели набудани дандонпизишк дар зиндон, хонавода ба дунболи пизишке мегарданд, ки розӣ шаваду ба зиндон барои муоина биравад, вале то кунун ҳеч пизишке барои ин розӣ нашудааст.

Хонаводаҳои маҳбусон мегӯянд, вақтҳои ахир муносибати маъмурони зиндон бо онҳо хуб шудааст ва онҳо аз шиканҷаву фишор дигар шикоят надоранд.

ИТТИҲОМОТ ВА МУҶОЗОТ

Парванда ба зидди аъзои ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъст, соли 2015 баъд аз анҷоми амалиёти махсус алайҳи муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода оғоз шуд. Мақомот Назарзодаро ба талоши табаддулот муттаҳам мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон аъзои Шӯрои сиёсиии ин ҳизбро ба терроризм, ифротгароӣ, талоши кудато ва барҳам задани сохтори конститутсионӣ ва куштор гунаҳкор донист ва худи ҳизбро террористӣ номид ва фаъолияти онро дар кишвар мамнуъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон ин гуноҳи маҳкумшудаҳоро собитшуда медонанд. Вале тамоми раванди додгоҳӣ ва тафтиши парвандаҳо пушти дарҳои баста ва зери муҳри махфӣ гузашт, ки созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқро ба мунсифона баррасӣ шудани ин парвандаҳо машкук сохт. Онҳо ба ин назаранд, ки мақомоти Тоҷикистон бо ин роҳ аз рақибони сиёсии худ халос шуданд.

Бори охир дар моҳи феврали соли ҷорӣ Гуруҳи кории Созмони Миллал аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аъзои ин ҳизбро озод кунад ва ишора кард, ки ҳукми нисбат ба онҳо эълоншуда нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст.

Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бо ишора ба натиҷаҳои тафтишот гуфтанд, “раҳбарон ва аъзои Шӯрои олии ҳизб бо маслиҳати пешакӣ бо муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода бештар аз 20 гуруҳи ҷиноии 15-30-нафарӣ таъсис дода буданд, ки бояд ба ниҳодҳои муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона мекарданд ва қудрати давлатиро ғасб мекарданд”.

ЧАШМАНДОЗҲО ВА ДУРНАМО

Ходими калони Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Уралу Поволожии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИР Азиз Ниёзӣ мегӯяд, бастани ягонаи ҳизби машрӯи исломӣ дар қаламравии ИДМ (СНГ) тасмими иштибоҳӣ буд. “Мушкил ин ҷост, ки ин ҳизб то ҳадде метавонист монеи рушди бунёдгароӣ шавад ва ҷавонро боздорад, вале бо ин вуҷуд вақт нишон дод, ки мешавад бе ин ҳизб ҳам зиндагӣ кард”, -- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, муборизаи сиёсӣ дар Тоҷикистон на ҳамеша на дар сатҳи идеологияи сиёсӣ, балки дар сатҳи гуруҳҳо, минтақаҳо ва манфиатҳои дигар меравад, аз ин рӯ, ҳизб нақши бузургеро бозӣ намекунад.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ҳизби порлумонӣ низ буд, аз сӯи доираҳои коршиносӣ ба сифати рақиби асосии ҳукумат дониста мешуд. Ба гуфти раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар сафи ҳизб беш аз 40 ҳазор узв буд ва дар интихоботи порлумонии соли 2010 ҳизб тақрибан пирӯз шуда буд, ки ин далели аслии саркӯби сиёсии он шуд. Даъвое, ки мақомот онро комилан рад мекунад.

ДУ НИГОҲ БА ЯК РАВАНД

Шореҳи сиёсӣ аз Душанбе, ки ба далоили амниятӣ нахост аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, набудани далелҳои рӯшан дар парвандаи ҲНИТ шубҳаҳои мавҷуд дар мавриди ҳукми додгоҳиро аз миён набурд ва ба имиҷи кишвар зарбаи бештар зад. “Агар низом замоне талош мекард, ки ғарбгароӣ нишон диҳад, ӯро дар ҳамаи минбарҳо барои доштани ҳизби исломӣ ситоиш мекарданд, баъд аз бастани он саркӯбгартар шуд ва ҳамаи неруяш рӯйи он гузошта шуд, ки мушкилот бо шеваи хушунатомезу зӯрӣ ҳал шаванд”, -- шарҳ медиҳад ҳамсуҳбати мо.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Коршиносони наздик ба ҳукумат, маъмулан ба ин гуна назарҳо розӣ намешаванд. “Аз замоне, ки дар кишвар фаъолияти ҲНИТ мамнуъ эълон карда шуд, солҳои зиёд аст, ки мо шоҳиди амалиёти террористӣ ва бетартибиҳо дар замони интихоботҳо ва дигар падидаҳои манфӣ намешавем”, -- бар ин назар аст муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров.

Аз байн бурдани мухолифини исломӣ ба коҳиши равобити Душанбеву Теҳрон кашонид, ки пештар яке аз шарикон ва пуштибонҳои асосии Душанбе буд. Баъди он ки дар моҳи декабри соли 2015 Муҳиддин Кабирӣ ба Конфронси исломӣ ба Теҳрон даъват шуд ва акси ӯ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистон равобити худро бо ин кишвар хеле зуд иваз кард. Аз ин ба баъд дар шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон Эронро ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар замони муқовиматҳои мусаллаҳона муттаҳам карданд.

"МУРВАТҲОРО САХТ ТОБ МЕДИҲАНД"

Як рӯзноманигори мустақил аз Душанбе мегӯяд, сарфи назар аз воқеият ё сохта будани иттиҳомҳо алайҳи ҳизби исломӣ, ҳукумат тавонист барои худ образи душмани беруниро шакл бидиҳад ва дар дохили кишвар “мурватҳоро сахт тоб диҳад”.

“Ҷомеа ба зиндон кашонидани ҳизби бузурги мухолиф дар кишварро ба унвони ҳушдоре пазируфт, ки ҳар касе мухолифат мекунад, чунин сарнавиштеро бояд мунтазир бошад. То кунун ин механизм ба фоидаи ҳукумат кор мекунад, вале эҳтимоли кам аст, ки он дар дарозмуддат ҳам муассир бошад”, -- тахмин мезанад ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG