Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Помир” - “Спартак” 4:4 (9 АКС)


Бозии рафиқонаи собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав бо ҳисоби мусовии 4-4 ба анҷом расид.

Бозии рафиқонаи собиқадорони бошгоҳҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав, ки шоми шанбеи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 15000 тамошобин баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 4-4 ба анҷом расид. Ин бозии рафиқона, ки аз ду қисми 35-дақиқаӣ иборат буд, хеле шавақангез сурат гирифт. Собиқ ситораҳои футболи шӯравӣ ба синну соли худ нигоҳ накарда, маҳорати баланд, бахусус техникаи хуби бозӣ, нишон доданд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-2 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4-уми дидор спартакчӣ Валерий Кечинов боз кард. Баъди 6 дақиқа голи дувуми “Спартак”-ро Георгий Яртсев ба самар расонд. Баъдан ҳамлагарони “Помир” Мӯҳсин Муҳаммадиев дар дақиқаи 18-ум ва Азамат Абдураҳимов дар дақиқаи 24-ум ҳисобро барбар карданд. Абдураҳимов тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми бозӣ низ дастаҳо ба дарвозаи якдигар дуголӣ заданд. Ду голи маскавиҳоро Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати “Спартак” бозӣ кард, дар дақиқаҳои 37-ум ва 57-ум вориди дарвозаи “Помир” намуд. Ду голи “Помир”-ро Азамат Абдураҳимов дар дақиқаҳои 60-ум ва 69-ум (аз пеналтӣ) зад. Ҳамин тариқ, дар ин бозӣ Азамат Абдураҳимов ва Мӯҳсин Муҳаммадиев сеголӣ ба самар расонданд.

Вале натиҷаи ин бозии рафиқона барои ҳарду даста чандон аҳамият надошт. Муҳим он буд, ки дар ин бозӣ дӯстӣ ғалаба кард. Бояд гуфт, ки ин бозии рафиқонаро Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ташкил намуд.

Пеш аз оғози бозӣ Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ширкаткунандагони бозиро муборакбод гуфт ва паёми Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва мухлиси ашаддии “Спартак”-ро ба ташкилкунандагон, ширкаткунандагон ва мухлисони футбол қироат намуд. Дар паём, аз ҷумла гуфта шудааст, ки “бовар дорам, новобаста аз натиҷаи бозии рафиқона, он дар ҳамкории дуҷонибаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи варзиш саҳми арзандаи худро мегузорад ва барои боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстии бародаронаи халқҳои мо мусоидат мекунад.”

Баъди анҷоми ин дидор бозии лотерея баргузор шуд. Бурди асосӣ - мошини сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс” насиби сокини Душанбе Дилшод Хуҷақулов, устои таъмири кондитсионер, гардид.

Бозии рафиқонаи собиқадорони бошгоҳҳои футболи
«ПОМИР» (ДУШАНБЕ) - «СПАРТАК» (МАСКАВ) - 4:4

Голҳо: Валерий Кечинов, 4 (0:1). Георгий Яртсев, 10 (0:2). Мӯҳсин Муҳаммадиев, 18 (1:2). Азамат Абдураҳимов, 24 – аз пеналтӣ (2:2). Мӯҳсин Муҳаммадиев, 37 (2:3). Мӯҳсин Муҳаммадиев, 57 (2:4). Азамат Абдураҳимов, 60 (3:4). Азамат Абдураҳимов, 69 – аз пеналтӣ (4:4).

«Помир» (ҳайате, ки бозиро шурӯъ кард): Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Олимҷон Рафиков, Алексей Чередник, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Рустам Забиров, Владимир Ғуломҳайдаров (капитан), Валерий Турсунов, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян.

Ҳамдастаҳояшонро иваз намуданд: Станислав Карасёв, Олег Ширинбеков, Шӯҳрат Мамадҷонов, Наримон Палабуюк, Владимир Ермолаев, Владимир Долганов, Азамат Абдураҳимов, Абдуғаффор Юлдошев, Алиёр Ашӯрмамадов, Умед Алидодов, Сулаймон Бобокалонов, Сергей Алейников (ин футболбози машҳур ва мутахассиси варзида аз Беларус дар айни ҳол дар Душанбе ба давраи бозомӯзии мураббиёни футболи тоҷик раҳбарӣ менамояд).
Мураббӣ – Шариф Назаров.

«Спартак» (ҳайате, ки бозиро шурӯъ кард): Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Вагиз Хидиятуллин, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Олег Романсев (капитан), Андрей Пятнитский, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров.
Ҳамдастаҳояшонро иваз намуданд: Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский, Мӯҳсин Муҳаммадиев.
Мураббиён – Александр Кокорев ва Вячеслав Егорович.
Сардовар: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Ёваронаш: Владимир Домуллоҷонов, Султон Қосимов (ҳарду – Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
25 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобин.

XS
SM
MD
LG