Эътирози як зан пушти дари комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ва баҳсҳо дар бораи маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, аз мавзуҳои аслии барномаи имрӯзаи Озодӣ Онлайн аст.
Корбаре аз назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба мо навор фиристод, ки дар он эътирози зане дида мешавад. Ба гуфтаи корбари Озодӣ, писари 17-солаи ин занро барои ба артиш бурдан, ба бинои комиссариат овардаанд.
Дар Тоҷикистон даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш идома дорад. Масъулони комиссариати ҳарбӣ ҳамеша мавзуи "облава" ё ҷалби маҷбурии ҷавононро рад мекунанд.
Мавзӯи дигаре, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ баҳсҳои зиёд овард, ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар бархе минтақаҳо буд.
Зимистон наздик мешавад ва аз ҳоло сокинон посухи суолеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар сардиҳо ҷорӣ хоҳад шуд ё на? Ин суол дар ҳоле пайдо шуд, ки сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоят доранд, ки чанд рӯз боз бо маҳдудият барқ мегиранд. Онҳо аз он метарсанд, ки дар остонаи фасли зимистон "лимит"-и барқ шуруъ шудааст. Мақомот ҳамагуна маҳдудиятро рад карда, гуфтанд, "сабаби қатъи рӯшноӣ ба хонаҳои мардум таъмир дар хатҳои барқ аст".
Корбаре бо номи "Куҳистонӣ" дар шарҳи матлаби Радиои Озодӣ бо интиқод аз посухи ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ки "дар Тоҷикистон фақат ҳамин "Барқи тоҷик" рост мегуфтаст, дигарон ҳама дуруғгӯй будаанд".
Ӯ навиштааст, наход аз соати 23-и шаб то соати 6-и саҳар таъмири хатҳои барқ бошад. "Хиёнат ба мардуми оддӣ то ба кай?"-пурсидааст ӯ.
Корбари дигаре бо номи "Конибодом" навиштааст, "безор кардед ба ҳамин таъмиратон. Барқро ба Узбекистону Афғонистону Қирғизистон фурӯшеду таъмир гӯед!!! Ба маблағи 85 миллион доллар ман магар барқро фурӯхтам? Ба аҳолӣ нархи барқро осмонӣ намудед, боз чӣ мехоҳед?"
"Девона" ишора кардааст, ки Тоҷикистон вориди бозори барқ шудааст, ба ҳамин хотир наметавонад дар як фасл барқро фурӯшаду дар дигар фасл не. Ӯ гуфтааст, "эй мардум фикр кунед, вақте аз бозор баромадӣ, дохил шудан хеле мушкил аст, конкуренсия бисёр сахт аст".
"Девона" инчунин навиштааст, ки "чароғҳои бобогиро истифода баред 3- 4 соат гап нест. Мо мардуми босабрем",--гуфтааст ӯ, вале танҳо аз масъулони "Барқи тоҷик" хоҳиш кардааст, ки "вақте барқро хомӯш мекунед, мардумро ҳадди ақал огоҳ намоед".
Саид Назаров, корбари дигар дар Фейсбук навиштааст, ки "Роғунро ин қадар реклама карданд, фикр кардам, дигар светкушӣ тамом шуд".
"Кароматуллоҳ Толибӣ" ба фаъол будани "Роғун" дар шарҳе дар "Фейсбук" шубҳа кардааст. Ӯ гуфтааст, ки барқ фақат барои камбағалҳо маҳдуд аст, "дар хонаҳои раису калонҳо намемурад."
Аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар шарҳҳои матлаби Радиои Озодӣ навиштаанд, ки аллакай барқ ба хонаҳояшон бо реҷа интиқол меёбад.
Шумо ҳам фиристодани видеоҳои ҷолиб ва шарҳҳои худро фаромӯш накунед.
Ба ин рақамҳо ва аз тариқи Вайберу Вотсаппу Телеграм ва ИМО.
(+420) 607 900 808;
(+992)-980-15-10-10
(+420) 724056681;
(+420) 724053959