Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҳоҷирон ва "гӯристони нообод"-и Кӯлоб дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи хидмат дар артиш, боздошти муҳоҷирони тоҷик дар масҷиди Санкт-Петербург ва гӯристони ноободи шаҳри Кӯлоб суҳбат мекунем.

Аввал дар видеои боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар назди масҷиди Санкт-Петербург намоиш медиҳем, ки баъзе аз дӯстон ҳамон лаҳза аз назди масҷид фиристоданд. Муаллифи видео мегӯяд, "намози ҷумъа бо чунин фоҷиа барои мусулмонон анҷом меёбад. Пулис санадҳоро тафтиш мекунад ва ҳар касеро, ки мисли ман ба навор мегиранд, зуд ба мусофибар меандозанд."

Муаллифи видеои дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Русия ба назди ин масҷид омада, бачаҳоро ба қавли ӯ "бесабаб гирифта мебаранд".

Видеои дигаре, ки як корбари Радиои Озодӣ аз Душанбе фиристод, дар бораи беэҳтиётӣ ва ё фаромӯшхотири як сокини пойтахт аст, ки қариб бо фоҷиа анҷомидааст. Ин хона рӯзи 18-уми ноябр дар кӯчаи Соҳилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ оташ гирифт. Муаллифи видео гуфт, зоҳиран иҷоранишин хомӯш кардани дарзмолро фаромӯш кардааст, ки дар натиҷа хона сӯхтааст.

Акнун дар бораи ҷалби маҷбурӣ ба сафи артиш ва ё ба қавли шумо "облава". Ба қавли муаллифи видеои дигаре, ки ба дасти мо расид ва дар барнома мебинед, бачаҳо аз тарси боздошт шудану фиристодан ба артиши Тоҷикистон дар Русия паси қуттиҳои ранг пинҳон шудаанд.

Яке аз сабабҳои ба артиш нарафтани ҷавононро бадрафторӣ ва ҳалокати сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон медонанд. Гузорише дар бораи марги шубҳабарангези як сарбоз аз ноҳияи Фархор, ки баъди 18 рӯзи хидмат даргузашт, дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм беш аз 1000 шарҳу назар гирифт.

Корбаре бо номи "Фархорӣ" дар вебсайти мо пурсидааст, чаро фақат фарзандони мардуми оддӣ бояд ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ бираванд. Ӯ навиштааст: "Фарзандони вазирону мақомот як тараф, ҳатто фарзанди фарроши комиссариати низомӣ хидмат намекунад. Дар ноҳияи Фархор аз маъюб то муаллиму дигаронро мебаранд. Бародари ман муаллими забони англисӣ аст, ӯро ҳам "облава" карданд, аммо гурехт. Даҳ рӯз боз номаълум аст, ки дар куҷост."

Айни назарро Сайора Г. дар Инстаграм навиштааст. Ӯ мегӯяд, "ягон писари мансабдор ба хидмати ҳарбӣ намеравад, барои он ки падараш пулдор аст ва дар Амрико гаштааст. Мардуми бечора бо азоб бача калон мекунанд ва онҳоро дошта мебаранд."

Барномаро дар ин ҷо тамошо кунед:

"Дар Тоҷикистон рӯз надоданд, гурехта омадем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:50 0:00

"Бе Эн Зе" ҳам дар Инстаграм гуфтааст, ба сабаби марги ҷавонон дар артиш модарон намехоҳанд, фарзандашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд. "Бачаро калон мекунӣ, ба воя мерасонӣ, баъд ин бечораҳоро ба марг мерасонанд", -- афзудааст ӯ.

Корбари дигар бо номи Нарзимурод Холов дар вебсайти мо навиштааст: "Агар ҷавон бемор буд, чаро комиссия ӯро қабул кард ва ба артиш фиристод? Чаро дар воҳидҳои низомӣ тартибу интизом нест? Баъд сабаб меҷӯянд, ки чаро ҷавонон аз хидмати низомӣ саркашӣ мекунанд."

Хосият Шокирова, як корбари Фейсбук, ба ин назар аст, ки агар бадрафторӣ дар артишро аз байн баранд, мумкин аст, вазъ дигар шавад. Ӯ навиштааст, "чаро меҳтарсолориро дар артиш решакан намекунанд, сабаб чист? Фарзандони бечораи моро барои хидмат ба ватан мефиристанд, аммо онҳо аз дасти ҳамхидматон ва ё афсарон ба ҳалокат мерасанд. Чаро гунаҳкорон ҷазо намегиранд? Дар ҷойи ҷавони фавтида писари мову шумо ҳам буда метавонист. Бояд масъаларо ҳал кард. Бас аст дигар."

Баҳсҳо дар ин бора зиёд аст ва агар мехоҳед назару андешаҳои худро бинависеду бигӯед, ба инҷо сар занед. Дар Фейсбук ва Однокласссники ҳам метавонед бинависед. Саҳифаҳои мо Радиои Озодӣ ном дорад.

Ва дар охири барнома видеое аз шаҳри Кулоб ва аз як оромгоҳи шаҳрро намоиш медиҳем, ки муаллиф онро махсус ба Радиои Озодӣ фиристодааст.

Шумо ҳам агар видеову назаре доред, бифристед, чун барномаи мо бе назар ва видеоҳои шумо, маънӣ надорад. То дидор!

XS
SM
MD
LG