Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуншиканиҳои "тоҷикӣ" дар интихобот (3 ВИДЕО)


Дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон - 6-уми ноябр - хабарнигорони Озодӣ чанд ҳодисаи нақзи муқаррароти овоздиҳиро ба навор гирифтанд.

Дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр, хабарнигорони Озодӣ чанд ҳодисаи нақзи муқаррароти овоздиҳиро ба қайд гирифтанд. Ин ҳодисаҳо бештар ба овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд узви як хонавода марбут аст.

Мавриди дигари поймол шудани муқаррароти овоздиҳӣ ин буд, ки дар баъзе қитъаҳои интихоботӣ, ба истилоҳ “шахсони холис” қарор доштанд, ки дар сурати муроҷиати раъйдиҳандагон бо саволи марбут ба тарзи овоздиҳӣ, рӯйрост​мегуфтанд, “исми ҳамаро аз боло хат занед ва танҳо номи Эмомалӣ Раҳмонро гузоред.” Мушоҳидаҳо нишон дод, ки масъулини нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар ҳолатҳои хеле кам монеи овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд узви оила мешаванд ва нақзи қонун будани ин гуна ҳолатҳоро шарҳ намедиҳанд. Бисёр соҳибхоназанҳое, ки шояд аз қоидаи интихобот чандон огоҳ нестанд, ба ҷои худ, фарзандони муҳоҷир ва ҳам шавҳаронашон овоз медоданд.


Овоздиҳӣ ба ҷойи дигарон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00


Гурӯҳи хабарнигорони радиои Озодӣ аз шаш участкаи интихоботӣ дидан карданд. Нахустин мавридҳои нақзи қонуни интихоботро дар участкаи 30-и шаҳри Душанбе мушоҳида намуданд. Хонуме, ки дар даст ду баргаи райъ дошт, ҳам ба ҷойи худ овоз дод ва ҳам ба ҷойи духтараш: «Вазъи саломатии духтарам хуб набуд ба ҷой ӯ ҳам овоз додам. Духтарам дар беморхона аст. Дигар илоҷ надоштам. Шарт аст, ки фақат барои овози духтарам дигаронро саргардон карда онҳоро ба беморхона барам?»

Тақаллубкорӣ дар интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

Аммо агар дар ҳавзаҳои интихоботии пойтахт шаҳрвандон ба ҷой ду ё се нафар овоз медоданд, дар фаротар аз маркази шаҳр баъзе интихобкунандаҳо ҳатто ба ҷой 10 узви оилаашон раӣй медоданд. Баъзе дигар раъйдиҳандаҳо бидуни шиноснома баргаи райъро ба қуттӣ мерехтанд.

Дар се участкаи интихоботии ноҳияи Ваҳдат ин ҳолат ошкоро мушоҳида расид.

Дар участкаи 65-и интихоботии шаҳри Ваҳдат хонуме бидуни шиноснома раъй дод ва аз суоли мо, магар бидуни шиноснома овоз додан мумкин аст, ҳайрон шуд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси участкаи мазкур Миралӣ Мусофиров, бидуни шиноснома раъй додан нақзи қонун ҳисоб намешавад. Ҷаноби Мусофиров мегӯяд, азбаски ҳамаи онҳо аҳли як деҳа ҳастанд, ҳамдигарро мешиносанд. Бинобар ин бо худ овардани шиносномаро зарур нашумурданд.

Участкаи 65-и рустои Қирғизони шаҳри Ваҳдат дар ноҳия ягона қитъае набуд, ки қонушиканӣ баръало дида шавад. Дар қитъаи 73-и шаҳри Ваҳдат низ нақзи қонун ба назар мерасид. Зебо Қаландарова, ҳам ба ҷой худ ва ҳам ба ҷой 5 писари муҳоҷираш барои президенти ояндаи Тоҷикистон овоз дод: «Панҷ писарам дар Русия аст, ки ҳам ба ҷой онҳо ва ҳам ба ҷой худам овоз додам. Ба масъулин гуфтам, писаронам дар муҳоҷиратанд, онҳо баргарҳоро дода гуфтанд пур кунед. Ман ҳам ин корро кардам.»

Ҳамчунин дар участкаи 73-и Ваҳдат зани дигаре дар даст 10 даъватнома мехост ба ҷои шавҳар, писарон ва келинаш овоз диҳад: «Ҳам ба ҷой худам овоз медиҳам. Ҳам ба ҷой писарону келинам. Хайр, чӣ кор кунам, шавҳару писаронам дар кор ҳастанд. Вақти омадан надоранд». Агарчи мо ин ҳама қонуншиканиҳоро навор бардошта бошем ҳам, аммо масъулини ҳавза комилан вуҷуди қонуншиканиро рад мекарданд.

Ҳамзамон дар қитъаи дигар, яъне участкаи 67-и шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат низ ҷавонзане ба ҷои худ ва ҳам ба ҷои шавҳараш, ки ходими милиса будааст, овоз дод: «Ба ҷои худам ва шавҳарам овоз додам. Шавҳарам милиса аст ва барои интихобот ба шаҳр рафтааст.»

Зимнан дар ҳар қитъа теъдоде аз раъйдиҳандагонро мушоҳида кардем, ки дар даст се ё чаҳор шиноснома барои райъдиҳӣ меомаданд. Аммо масъулин онҳоро аз роҳ бозпас мегардониданд. Маъмулан ба онҳо ишора мекарданд, ки раванд, то хабарнигорон онҳоро набинанд.

Дар як ҳодиса як марди нафақахӯр Нусратулло Сулаймонов гуфт, омода буд ба ҷои худ ва ҳамсараш овоз диҳад, вале масъулини участкаи интихоботӣ ба ӯ чунин имкониятро надоданд. Вай гуфт, ҳамсари 85-солаи маризаш натавонист дар интихобот ширкат кунад ва ӯ барои овоздиҳӣ ба ҷои худу ҳамсараш омад, вале посухи рад гирифт.


XS
SM
MD
LG