Оё бемористонҳои Тоҷикистон ба қадри кофӣ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ доранд?
Ин суол замоне рӯйи забонҳо уфтод, ки бемории COVID-19 дар Тоҷикистон пайдо шуд ва эҳтиёҷ ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ – ДНС (истилоҳи русии он ИВЛ – аппарат искусственной вентиляции легких) зиёд гардид.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз баҳори имсол то ба ҳол борҳо гуфтаанд, ки ба қадри кофӣ ДНС доранд, аммо беморон ва наздиконашон ҳамвора аз камбуди дастгоҳҳо дар баъзе аз шифохонаҳо шикоят мекунанд. Ҳақ ба ҷониби кист? Дар ин таҳқиқот бихонед.
Як ДНС барои ду шуъба
Ҳавои тафсони моҳи июл. Утоқи эҳёи Бемористони марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон. Зане баъд аз ҷарроҳӣ зери дастгоҳи нафаси сунъӣ мадҳуш аст. Пизишки навбатдор нафас ва таппиши қалби ӯро назорат дорад. Вай бояд ҳарчи зудтар нафаси кофӣ бигирад ва аз дастгоҳ ҷудо карда шавад, зеро дастгоҳи нафасдиҳии сунъиро бояд ба шуъбаи дигар баранд.
Холиёр Мӯсоев, пизишки навбатдори бемористони ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, дар ин беморхона ҳамагӣ 3 ДНС дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад ва ин теъдод дастгоҳ барои ноҳия кофӣ нест.
“ДНС-ҳои мо аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Камаш 40 сол умр доранд. Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки дар шуъбаи эҳё ҳаст, садои баланди гӯшхароше дорад. Ҳатто бемори азҳушрафтаро безобита мекунад. Аз ин рӯ, истифода намекунем. Ин баҳор ба мо як дастгоҳи нав доданд. Ҳам дар шуъбаи ҷароҳҳӣ истифода мекунем, ҳам дар шуъбаи эҳё. Метарсам, ки кадом рӯзе ҳангоми овардану бурдани байни ошёнаҳо дастгоҳи навро мешиканем”, -- мегӯяд Холиёр Мӯсоев.
Дар беморхонаи ноҳияи Шаҳритус се ДНС-ро ба ин тартиб истифода мекунанд:
- 1 дастгоҳ барои шуъбаи таваллуд,
- 1 дастгоҳ дар шуъбаи бемориҳои уфунӣ
- ва 1 дастгоҳ барои шуъбаи ҷарроҳиву эҳё.
Холиёр Мӯсоев, пизишки эҳёгар (реаниматолог), мегӯяд, айни ҳол беморхонаи ноҳияи Шаҳритус ҳадди ақал ба 6 дасгтгоҳи иловагии нафасдиҳии сунъӣ эҳтиёҷ дорад. Бино ба додаҳои оморӣ, ноҳияи Шаҳритус ҳудуди 120 ҳазор аҳолӣ дорад.
Ниёзи беморхонаи Шаҳритус ба дастгоҳҳои нафаси сунъӣ дар ҳолест, ки бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар муассисаҳои тандурустии кишвар 712 ДНС мавҷуд аст ва “онҳо (муассисаҳои тандурустӣ) аз таҷҳизоти мазкур танқисӣ надоранд”.
Вазорати тандурустии кишвар дар охири моҳи август иттилоъ дод, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷа ва ёриҳои башардӯстона ба Тоҷикистон 286 ДНС ворид гардидааст. Аз ин теъдод 212 дастгоҳ ба муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ тақсим шудааст. То он вақт дар ҷумҳурӣ 500 дастгоҳ мавҷуд буд. Ҳамакнун теъдоди умумии дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар Тоҷикистон ба 712 расидааст.
«Ҳоло дар анбори вазорат 27 адад ва дар анбори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 44 ДНС ҳамчун захира мавҷуд аст», -- хабар медиҳад вазорати тандурустии кишвар.
Дастгоҳҳои навро кӣ ворид кард ва чӣ гуна тақсим шуданд?
Вазорати тандурустӣ тавассути ҶДММ “Сифат фарма” аз ширкати олмонии “Lowenstein Medical Technology” 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ харидааст, ки айни ҳол ин дастгоҳҳо дар анбори вазорат нигоҳ дошта мешаванд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Бонки Рушди Олмон (Германский Банк Развития) 180 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар барқарор (таъмир, шарҳи муаллиф) карда шуданд, иттилоъ медиҳад вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Агар бемории COVID-19 авҷ гирад…
Ин омор ва тақсимоти ДНС-ҳои нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки на танҳо ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо камбуди дастгоҳҳои мазкур рӯ ба рӯ аст. Ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ вазъи беҳтаре нисбат ба Шаҳритус надорад.
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамагӣ 3 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дар ҳолати корӣ мавҷуд аст. Алишер Абдукаримов, муовини сарпизишки Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, ин теъдод дастгоҳ барои ноҳия қатъиян кофӣ нест. Ноҳияе, ки беш аз 125 ҳазор аҳолӣ дорад.
“Агар 10 нафар якбора ба ДНС эҳтиёҷ пайдо кунад, кадом яке аз онҳоро бо нафаси сунъӣ таъмин мекунем?”, -- мепурсад Алишер Абдукаримов, дар ҳоле ки намедонад ба ин суол кӣ бояд посух диҳад.
Муовини сартабиби беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз мавҷи дувуми бемории COVID-19 нигарон аст. Вай мегӯяд, агар мавҷи дувум Тоҷикистонро фаро гирад, "аҳвол бад мешавад, зеро (дар беморхона) шароит муҳайё нест".
Дар ин беморхона то кунун аз дастгоҳҳои истеҳсоли Шӯравӣ истифода мекунанд, ки дар ниҳояти фарсудагӣ қарор доранд. Аммо гоҳе, ки теъдоди беморони ниёзманд ба нафаси сунъӣ меафзояд, дастгоҳи фарсудаи Шӯравӣ ҳам пайдо намешавад, ки беморро бо он нафас диҳанд.
“Пеш аз паҳншавии бемории COVID-19 буд. Дар шуъбаи эҳё (реаниматсия) якбора шумори беморон зиёд шуд. Аз сабаби нарасидани ДНС се пизишки навбатдор то саҳар бо дастгоҳи дастии нафасдиҳи сунъӣ (кислородная подушка) яке аз беморонро бо навбат нафас додем. “Подушка”-ро бояд доим зер карда истед. ДНС, ки намерасад, мушкил аст”, - нақл кард пизишке аз беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки нахост номаш зикр шавад.
Ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон яке аз дигар ноҳияҳоест, ки ниёз ба ДНС-ҳои иловагӣ дорад. Муҳаммад Пӯлодзода, муовини сарпизишки Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён мегӯяд, дар ин беморхона дар маҷмуъ 7 ДНС мавҷуд аст, ки танҳо 4 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин дастгоҳҳо аз замони Шӯравӣ мондаанд. Муовини сарпизишки беморхонаи ноҳияи Қубодиён гуфт, дар ноҳияи онҳо 187 ҳазор кас зиндагӣ мекунад, ки дар сурати зарурат бояд аз 4 ДНС нафас бигиранд.
Сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав Миноятхон Умарзода мегӯяд, ҳамагӣ як ДНС-ро кор мефармоянд. Баҳори имсол ба ноҳия 3 дастгоҳи нави нафасдиҳии сунъӣ додаанд, вале ДНС-ҳои нав ҳамоно аз қуттиҳо берун оварда нашудаанд.
“ДНС-ҳои навро то ҳол истифода накардем. Дар қуттиҳояшон истодаанд. Мутахассис надорем, метарсем, ки вайрон мешаванд. Қисмҳои эҳтиётии онҳоро аз куҷо пайдо мекунем?”, - гуфт Миноятхон Умарзода.
Дар ҷараёни таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ба чанд беморхонаи дигари шаҳру ноҳияҳои кишвар барои гирифтани маълумот дар бораи теъдод ва ҳолати ДНС-ҳо муроҷиат шуд, аммо роҳбарони беморхонаҳо бо баҳонаҳои гуногун иҷозаи вуруд ба шуъбаҳои дорои ДНС-ро надоданд. Чаҳор ноҳия - Шаҳритус, Ҷаббор Расулов, Қубодиён ва Носири Хусрав, ки вазъи онҳо дар ин матлаб оварда шуд, комилан тасодуфӣ интихоб шудаанд. Ҳангоми муроҷиат барои дарёфти иттилоъ роҳбарони беморхонаҳои зикршуда аз додани иттилоъ худдорӣ наварзиданд.
Ҳарчанд бемории COVID-19 боис шуд, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти ДНС дар кишвар пурсанд, ин дастгоҳҳо дар чанд ҳолатҳои дигар истифода мешаванд ва таҷҳизоти муҳими беморхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳадди ақал чаҳор шуъбаи ҳар кадом беморхона бояд бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ таъмин бошанд:
- шуъбаи таваллуд
- шуъбаи ҷарроҳӣ
- шуъбаи эҳёгарӣ
- шуъбаи бемориҳои уфунӣ
Тавре таҳқиқоти рӯзноманигорӣ собит кард, дар 4 ноҳияи зикршуда дар ҳолатҳои муқаррарӣ беморхонаҳо ба ДНС-ҳои иловагӣ ниёз доранд. Пизишконе, ки бо мо суҳбат карданд, гуфтанд, камбуди дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ кори онҳоро сахт ва вазъи беморони ниёзманд ба нафаси сунъиро бад мекунад.
Тавре Холиёр Мусоев, пизишки собиқадор аз ноҳияи Шаҳритус гуфт, дар бештари ҳолатҳо бархе аз занон ҳангоми таваллуд, баъзе аз беморон ҳангоми ҷарроҳӣ ва баъди он, ҳамчунин бархе аз беморони уфунӣ ба нафаси сунъӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.
“Нафаси сунъӣ як навъи кумак ба бемор аст. Баъди ҷарроҳӣ бемор бояд камаш як-ду соат нафаси сунъӣ гирад. Дастгоҳ ҳаворо мустақиман ба шушҳои фарди маҷруҳ мерасонад ва маҷруҳ бо нафас таъмин мешавад. Будани ДНС эҳтимоли зинда нигаҳ доштани беморони вазнинро бештар мекунад”, - гуфт Мӯсоев.
Вале бар хилофи тасдиқи Вазорати тандурустии кишвар, на ҳамаи беморхонаҳои Тоҷикистон бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ба таври кофӣ таъмин ҳастанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ навишт, ки “айни ҳол тамоми муассисаҳои тандурустӣ (-и Тоҷикистон) бо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд ва онҳо аз таҷҳизоти мазкур танқисӣ надоранд”.