Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфхонаи резинӣ. 40 нафар ба ҷои 25 кас дар як синф.ВИДЕО


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таҳсили беш аз 25 хонанда дар як синфро ғайри қобили қабул меномад, дар ҳоле, ки дар бархе мактабҳои кишвар мушкили таҳсили даҳҳо талаба дар як синф падидаи нав нест. Бархе волидон масъалаи шумори аз ҳад беши хонандаҳо дар бархе синфхонаҳоро мушкили ҷиддии ҷараён ва сифати таълим меноманд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, таҳсили беш аз 25 хонанда дар як синф "поймолкунии ҳуқуқи кӯдак аст ва касе ҳақ надорад синфхонаҳоро бо 40 ё 42 хонанда пур кунад".

Масъулини вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар аксари маворид барои таҳсили хонандагони зиёд дар як синф мудирон гунаҳкоранд, зеро барои сарфа кардани маблағ, синфҳоро ба ҳам мутаҳҳид мекунанд, ки дар натиҷа сифати таълимро дар мактабҳо поин мебарад.

Нуриддин Саид аз он нигаронӣ кард, ки баъзе раҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ҳам директорони муассисаҳои таълимӣ бо қабули зиёда аз 25 хонанда дар як синф муқаррароти амалкунанда дар бораи ҷараёни таълим дар мактаб ва қарори ҳукумати Тоҷикистонро вайрон мекунанд.

Ба гуфтаи вазири тоҷик, бар асоси маблағгузории сарикасӣ дар Тоҷикистон, касе ҳақ надорад аз 25 нафар зиёд хонандаро дар як синф дарс гӯяд. Зеро ба таъкиди ӯ, теъдоди зиёди хонандаҳо фазоро барои таҳсил номувофиқ ва кӯдакро аз гирифтани таълими дуруст дур мекунад.

“Барои мисол барои хонандаҳои синфҳои аз 1 то 6 муҳите лозим аст, ки вай тавонад худро озод ҳис кунад. Вақте ба ҷои 25 нафар 42 нафар аст, албатта таҳсил мушкил мешавад. Аз сӯи дигар, агар 25 нафар хонанда бошад, дар ин ҳолат омузгор ҳам роҳат метавонад бо ҳар хонанда кор кунад,” - гуфт вазир.

Синфхонаи резинӣ. 40 нафар ба ҷои 25 кас дар як синф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳоле аз таҳсили то 45 хонанда дар як синф нигаронӣ кард, ки мушкили ҳузури даҳҳо хонанда дар як синф барои бисёр мактабҳои кишвар “дарди куҳна” шудааст.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Ситора Каримова сокини шаҳри Душанбе дар як соли ахир ду маротиба мактаби писари 9-солаашро иваз кардааст. Вай мегӯяд, писараш дар синфи дуюми яке аз мактабҳои пойтахт таҳсил мекард ва шароити таҳсил ҳа набуд. Аммо далели ба мактаби дигар бурдани писараш аз ҳад зиёд будани хонанда дар як синф буд. Ситора гуфт, дар синфи пур аз талаба барои сифати таҳсил халал мерасонад ва ба равони кӯдак ҳам таъсири манфӣ дорад.

Ин модар мегуяд: Дур ҳам бошад, ба ҳар ҳол дар синфе мехонад, ки 18 талаба дорад. Ростӣ, вақте синфи якум мерафт дар аввал ба мактаби назди хона бурдам. Муаллима нафари ботаҷриба буд. Вале намедонам, аз чӣ бошад, ки дар ин синф 35 нафар мехонд. Баъд ба мактаби дигар бурдам, онҷо аввал 28 нафар баъд фаҳмидам, ки се нафари дигарро ҳам оварданд. Як омӯзгор аз куҷо дар як рӯз ба 31 ё 35 талаба мерасад?”.

На танҳо Ситора Каримова, балки теъдоди зиёде аз волидон акнун дар интихоби мактаб барои фарзандони худ дар баробари имкониятҳои гуногун, теъдоди ками хонандаро дар синфхонаҳо бартарӣ медиҳанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, ба хотири омӯзгори таҷрибадор маҷбур мешаванд ба таҳсили фарзандашон дар ингуна синфҳо розӣ шаванд. Ҳамида, як модари дигар гуфт: “Дар синфи писари ман 43-44 нафаранд, барои он ки муаллимашон хеле хуб аст. Мо аз синфи як ба он кас додем, ҳама таъриф мекарданд, ки муаллима ботаҷрибаву хуб аст. Дигар синфҳо буданд, ки талабаҳояш кам буд, аммо муаллимаҳо таҷрибадор нестанд”.

Масъулини вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар аксари маворид, барои таҳсили хонандагони зиёд дар як синф мудирон гунаҳкоранд, зеро барои сарфа кардани маблағ, синфҳоро ба ҳам мутаҳҳид мекунанд, ки дар натиҷа сифати таълимро дар мактабҳо поин мебарад. Аммо омӯзгорони мактабҳои миёна мегӯянд, “об аз боло лой” аст. Зеро агар волидон аз як тараф ба хотири омӯзгори ботаҷриба фарзандашонро ба синфи пур аз талаб диҳанд, аз сӯи дигар бархе раҳбарони муассисаҳои таълимӣ намехоҳанд, ки бо тақсим кардани 40 нафар ба ду синф барои ду омузгор маош диҳанд.

Заррина Ҳакимова, як омӯзгори таҷрибадор аз шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте мактабҳо бар асоси маблағгузории сарикасӣ фаъолият мекунанд, аз ин хотир барои сарфа кардани маблағ то 42 нафар хонандаро барои як муаллим ба қавле “бор” мекунанд, ки дар навбати аввал сатҳи дониш ва баъдан тарбияи кӯдак нодуруст роҳандозӣ мешавад.

Вай гуфт: “Барои мисол, ман омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Дар як синф 32 хонанда дорам. Дар ҳоле, ки барои таҳсили беҳтар мешавад ин 32 нафарро ба ду синф тақсим кард ва ду омӯзгор барои 16-нафарӣ дарс гӯяд. Аммо раҳбари мактаб ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, ки ба ҷои як омӯзгор ба ду нафар маош, пули роҳбари синфӣ ва ҳақи тафтиши дафтарро диҳад. Барои ҳамин ҳаволаи омӯзгору 32 хонанда ба Худо мешавад. Баъд мегӯянд, ки сифати таълим паст аст, омузгор дарси хуб намегӯяд”.

Аз сӯи дигар, маоши омӯзгор ҳам баланд нест ва ба гуфтаи Заррина Ҳакимова, “омӯзгоре ки ба ҳисоби миёни 400 сомонӣ маош мегирад, аз куҷо ба 30 ё 40 нафар кудак дарси хуб мегуяд?”

Пажӯҳише, ки аз ҷониби созмони таҳқиқотии “Соцсервис” дар соли 2016 гузаронида шуд, муайян кард, на ҳама хонандаҳое, ки ба мактаб ва ҳатто донишгоҳ фаро гирифта мешаванд, соҳиби хатту савод ва дониши босифатанд. Бо анҷоми пурсише дар миёни беш аз 2 ҳазор ҷавони дорои маълумоти мухталиф, ин созмон ба хулосае омадааст, ки танҳо 3 дарсад босавод ва ҳудуди 30 дарсади дигар бо маълумоти олӣ ё миёна хату саводи зарурӣ надоранд ва ё аз ӯҳдаи оддитарин ҳисобу китоби математикӣ намебароянд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 3800 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Ҳамасола беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам мемонанд. Ба асоси омори расмии вазорати маориф, танҳо дар соли 2017 бештар аз 30 ҳазор ҷои нишаст таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG