Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 14 август дар Кобул дар расми ифтитоҳи парлумони ифтитоҳии ҷавонони Афғонистон суханронӣ мекард, бо ишора ба суханони раҳбари иҷроии ҳукуматаш Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки Ашраф Ғаниро ба “беҳавсалагӣ” айбдор карда буд, гуфт, ӯ раисиҷумҳури боҳавсала ва машрӯи Афғонистон аст. Ашраф Ғанӣ ҳамчунин гуфт, низоми давлатдорӣ дар Афғонистон низоми демократист, ки дар он ҷои баҳс вуҷуд дорад, ва ин низом ба ҳамин шакл хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол, мулоқоти рӯбарӯи Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ, ки қарор буд, рӯзи 13 авгууст барпо шавад ва интизор мерафт, ки ба ин мавҷи раддубадалҳои лафзии миёни онҳо нуқта гузорад, доир нашудааст. Мӯҷибулраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи раёсати иҷроия ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дидори рӯбарӯ “ба далели адами ҳамоҳангии раёсатҷумҳурӣ” сурат нагирифтааст. Раҳимӣ нагуфт, ки ҳоло акнун ин дидор кай доир мешавад. Вале ба ақидаи ӯ, ин як мулоқоти ҷиддӣ ва пураҳамияте бояд шавад: “Табиатан, ин нишаст сарнавиштсоз ва ҷиддист, чун мо ду тарафе ҳастем, ки ҳукумати ваҳдати миллиро ба сурати мусовиёна (баробар) шакл додем ва бояд ба сурати мусовиёна ҳукуматдорӣ ва пардохтан ба масоили миллӣ дар он тасмим гирифта шавад ва ҳарду тараф ҳузур дошта бошанд.”
Раддубадалҳои лафзӣ байни доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ рӯзи панҷшанбе, 11 авгус т, замоне оғоз ёфт, ки доктор Абдуллоҳ дар як ҳамоиши ҷавонон дар Кобул гуфт, касе ки ҳавсалаи шуниданро надорад, лаёқати раёсатҷумҳуриро ҳам надорад. Ӯ хитоб ба Ашраф Ғанӣ гуфт, агар раисиҷумҳур дар се моҳ ҳатто як соат барои мулоқот бо раҳбари ҳукуматаш вақт наёбад, пас бояд пурсида шавад, ки ӯ ба чӣ коре машғул аст?
Дафтари раёсатҷумҳурӣ билофосила аз ин сӯҳбатҳои доктор Абдуллоҳ изҳори таассуф кард ва дар як баёния ин ҳарфҳоро хилофи “мавозин, усул ва рӯҳияи давлатдорӣ” номид.
Дар даври аввали интихоботи соли 2014-уми раёсатҷумҳурии Афғонистон доктор Абдуллоҳ бо касби тақрибан 45 дарсади оро ҷои аввалро гирифт, вале дар даври дувум Ашраф Ғанӣ ғолиб омад. Эълони натиҷаҳо ба мавҷи эътирозҳо дар Афғонистон алайҳи тақаллуби натиҷаҳои овоздиҳӣ оғоз гузошт ва дар ниҳоят, ба имзои як созиш дар мавриди тақсими қудрат байни доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ анҷом ёфт. Бар асоси ин созиш, Ашраф Ғанӣ раёсати ҷумҳурӣ ва доктор Абдуллоҳ раҳбарии ҳукумати ваҳдати миллиро бар ӯҳда гирифтанд.
Аммо бо гузашти қариб ду сол аз ин созиш, тавре ба назар мерасад, тақсими қудрат байни Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдуллоҳ то ҳол такмил нашудааст.
Ин раддубадалҳои лафзии ахир чӣ маъно доранд? Оё кадом ихтилофи назари ҷадид аст ваё ҳамон норозигиву ихтилофоте, ки то ҳол пинҳон буд, рӯи об баромад? – пурсидам дар як мусоҳиба аз Наҷиб Маҳмуд, устоди Пуҳантун (Донишгоҳ)-и Кобул ва таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон.
Наҷиб Маҳмуд: Ин ихтилофот, албатта, ҳанӯз аз оғози кори ҳукумати ваҳдати миллӣ маълум буд ва шоеъоте вуҷуд дошт, ки инҳо дар бархе масоили ба тавофуқ намерасанд. Ва худи вуҷуди ду шахси тасмимгир дар ягон низоми сиёсии Афғонистон собиқа надошт ва тақсими салоҳиятҳо байни онҳо мушаххас набуд. Ин як. Дувум ин ки Ҷамъияти исломии Афғонистон фикр мекунад, ки то андозаи зиёде аз саҳна канор рафтааст ва Абдуллоҳ намояндаи Ҷамъият дар давлат аст. Абдуллоҳ саҳми дувумро дар интихобот бурда буд ва пас ба андозаи аҳамият ва саҳме, ки дар интихобот бурданд, инҳо (намояндагони Ҷамъияти исломӣ) бояд ҳамон андоза саҳмро дар тасмимгириҳои давлат дошта бошанд. Чун ин чиз набуд, ин ҳама боиси кашмакашҳои шадиде шуд ва ахиран ҳама шоҳид шуданд, ки байни инҳо шадидан таниш дар лафз ва дар бархӯрд вуҷуд дорад. Ва ин нишон медиҳад, ки давлат то чӣ андоза бо мушкилоти мудирият ва ваҳдати назар мувоҷеҳ шудааст. Шояд ин танишҳо тармим шавад ва ҳарду ба тавофуқе бирасанд, аммо умқи масъала ин аст, ки вақте дар давлат дар тасмимгирӣ ва мудирияташ чандпорчагӣ вуҷуд дорад, ҳеҷ гоҳе ҳеҷ коре на ба охир мерасад ва на солим дармеояд.
Радиои Озодӣ: Аммо ин танишҳо байни ду нафари аввали тасмимгир дар давлати Афғонистон то куҷо метавонад бикашад?
Наҷиб Маҳмуд: Ман фикр мекунам, ки инҳо мушкилоти худро ҳал мекунанд, чун фишори байналмилалӣ ҳам инҳоро шояд бештар водор бикунад ба инки ҳадди ақал зоҳиран дар канори ҳам истод шаванд, ҳарчанд дар асл бо ҳам мушкил дошта бошанд. Аммо агар як фарзияи дигарро ҳисоб кунем, ки инҳо бо ҳам ҷӯр наомаданд ва мушкилоташон бештар шуд, касе ки аз қудрат канор меравад, ӯ оқои Абдуллоҳ аст, яъне шояд истеъфо бидиҳад. Истеъфои Абдуллоҳ, бидуни шак, як оппозисиюни бисёр қавии сиёсиро дар муқобили Ашраф Ғанӣ эҷод хоҳад кард. Ва дар кулл, баҳси қавмӣ ҳам шояд бештар шавад, чаро ки доктор Абдуллоҳ бо корти тоҷикҳо вориди қудрат шудааст ва ин шояд як бӯҳрони машрӯиятро дар дохили низом ба бор биорад. Аз тарафи дигар, аҳамияти ҳокимияте, ки давлат дар манотиқи шимоли Афғонистон дорад, шояд ба чолишҳои ҷиддии амниятӣ мувоҷеҳ кунад ва аз ин мушкилоти сиёсӣ шояд мухолифини мисли Толибон ҳам истифода бурда, манотиқи шимолро ноамн бикунанд. Агар тасмими давлат ба ин аст, ки бо доктор Абдуллоҳ худоҳофизӣ бикунад, шояд чунин як чизе дар роҳ бошад, ки ин худаш барои ояндаи амниятии Афғонистон як паёми хуб нест.
Радиои Озодӣ: Интихоби беҳтарин, ба назари шумо кадом аст? Дар ҳамин шароит доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ бояд чӣ кунанд?
Наҷиб Маҳмуд: Агар қарор ба ин аст, ки инҳо бихоҳанд амният ва оромишро ниҳодина бикунанд ва ба самти демократия ва шаффофият, мубориза бо фасоду мубориза бо терроризм бираванд, бояд аз хостаҳои шахсӣ, салиқаӣ, қавмӣ ва гурӯҳии худ канор бираванд. Ва бар асоси шоистагӣ, бар асоси аҳамияти шароити феълии Афғонистон, ки хеле шикананда аст, тасмимгирӣ бикунанд. Ва ҳама он чизе ки дар Тавофуқномаи ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад, бахусус саҳме ки ба доктор Абдуллоҳ дар тасмимгирӣ қоил шудаанд, ҳаққашро озод бикунанд. Дар ғайри он, агар шакли худсарӣ ё такравӣ дар мудирияти ҳукумати ваҳдати миллӣ вуҷуд дошта бошад ва ҳатто раиси иҷроия шикоят дошта бошад, фикр мекунам, ки ин ба андозаи кофӣ дарди сар халқ хоҳад кард. Аз тарафи дигар, баҳси инки кори вазорати хориҷаро Шӯрои амният анҷом бидиҳад, ваё қарорҳои дигаре, ки доктор Абдуллоҳ аз онҳо норозӣ аст, онҳо матраҳ бошанд, инҳо бештар як ҳолати худкомагиро дар низом нишон медиҳанд ва ин барои гурӯҳҳое, ки бо давлати кунунӣ эътилоф кардаанд, қобили қабул буда наметавонад.