Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишмандон оқибатҳои баду дарозмуддати СОVID-19-ро меомӯзанд. ВИДЕО


Муҳаққиқон дар Лондон ҳоло саргарми таҳқиқи оқибатҳои бемории СОVID-19 ҳастанд, ки барои дарозмуддат ба сиҳатии мубталоёни он латма мезанад. Хастагии фавқулода, гарангӣ, дарди мушакҳо, варами буғумҳо аз оқибатҳои дарозмуддати гирифторӣ ба СОVID-19 будаанд.

То моҳи март Фелисити Каллард тандурусту қавӣ буд. Баъд аз чанд моҳи сирояти COVID-19, ҳоло ин профессори 49-солаи бритониёӣ мегӯяд, хаставу заиф ва ҳаросон аст.

"Ман чанд ҳафта бемор будам. Дардҳои сахте доштам, ки аз бистар бархоста, ё аз зинаҳо боло рафта наметавонистам. Пас аз чанд ҳафта ҳолам беҳтар шуд. Фикр кардам, баъд он рӯзҳои сахт дигар ҳама хуб мешавад, вале дар ҳақиқат дар моҳи дувум ҳама чиз бадтар шуд", -- нақл кард ӯ ба “Рейтерс”.

Каллард яке аз ҳазорон нафаре дар ҷаҳон аст, ки доир ба оқибатҳои дарозмуддати COVID-19 шикоят мекунанд. Баъзеҳо барои тасвири аҳволашон худро асири COVID-19 ва дигарон COVID-и давомдор номидаанд.

Ӯ мегӯяд: “Ҳамингуна дар моҳи дувум дар шуъбаи бемориҳои ёрии таъҷилӣ афтодам. Дарди фавқулодаи шикам, буғумдард ва сардарди сахт доштам. Дастонам аз боло ба поин месӯхт. Ин дардҳо меомаданду мерафтанд. Бо гузашти панҷуним моҳ ҳоло ҳам воқеан худро аз назари ҷисмониву равонӣ бисёр бад ҳис мекунам.”

Маълумоти замимаи телефонии Коллеҷи салтанатии Лондон нишон медиҳад, ки 10 дар сади онҳое, ки COVID-19 шудаанд, се ҳафта баъд ҳам худро бемор эҳсос мекунанд. Бештар аз 5 дар сад моҳҳо сусту заиф будаанд ва аз назари равонӣ ҳам азоб мекашидаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Донишмандон оқибатҳои баду дарозмуддати СОVID-19-ро меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Тил Викс, профессори Коллеҷи салтанатии Лондон гуфт: “Мо бояд муаммои ин аломатҳоро боз кунем. Бахусус маълум кардани замони шурӯи ин аломатҳо муҳим аст. Шумо баъдан мефаҳмед, ки мушкилоти равонӣ сабаби ин ҳама мешавад, ё мушкилоти ҷисмонӣ ё таркиби ин ҳарду. Ё шояд ҳеч мушкилоти равонӣ надорад. Мо инҳоро намедонем ва воқеан бояд ба зудӣ онҳоро таҳқиқ кунем.»

Тангии нафас, фаромӯшхотирӣ, хастагии фавқулода, сардард, мушаввашӣ, дарди мушакҳо, варамидани буғумҳо аз аломатҳои маъмулӣ будаанд. Барои бисёриҳо изтиробу афсурдагӣ, ҳарос ҳам ранҷовар будааст.

“Ман худро мисли маълуле эҳсос мекунам, ки воқеан намедонад, чизе тағйир меёбад. Лондон дар назарам гум шуд, зиндагиам ба ҳайси як муҳаққиқ сахт шуд, чун корҳоеро, ки ба осонӣ мекардам, ҳоло бо як азоб анҷом медиҳам”, -- мегӯяд Фелесити Каллард.

Бемороне ба монанди Каллард мегӯянд, медонанд, ки табибон бо бемории комилан нави сироятӣ даст ба гиребон ҳастанд. Ҳама чизро дар бораи он намедонанд ва ҳамин номаълумиҳо аҳволи бисёриҳоро бадтар мекунад.

Маълумоти бештар дар бораи буҳрони коронавируси нав дар ҷаҳон инҷост:

XS
SM
MD
LG