Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берақиб мондани ягона духтари кӯҳнавард


Марям Шарипова, ягона духтари кӯҳнаварди тоҷик мегӯяд, набудани рақиб боиси ширкат накардани ӯ дар мусобиқаи байналмиллалии кӯҳнавардон шудааст.

Марям Шарипова, хонандаи синфи 11-уми мактаби 54-и шаҳри Душанбе ҳанӯз аз синфи панҷум дар мусобиқаҳои кӯҳнавардӣ иштирок мекунад ва 6 маротиба барандаи ҷой аввал гаштааст. Марям мегӯяд, соли гузашта мебоист дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Яғноб доир гардид, ширкат мекард, аммо бинобар ҳозир нашудани ҳарифи қирғизаш натавонист иштирок кунад.

Марям мегӯяд, тақрибан ҳамаи аҳли хонаводаи онҳо ба ин навъи варзиш машғуланд ва ҳар рӯзи истироҳатии худро дар кӯҳҳо сипарӣ мекунанд. Ин ҷавондухтари тоҷик меафзояд, бидуни ҳеҷ мушкил метавонад ба шахпораҳои баландиашон беш аз 200 метр барояд. Вай мегӯяд, ҳоло дар Украина чемпионати ҷаҳон идома дорад, аммо ӯ ҳарчанд дилаш мехост, ба далели камбуди маблағ натавонистааст дар ин сабқат ширкат кунад.

"Барои мо як сол пеш даъватнома омад, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷаҳон ширкат кунед. Мо мактубро ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳод намудем, онҳо гуфтанд, ки маблағ надоранд, то моро ба Украина равон кунанд. Соли гузашта падарам ҳамроҳи як шогирдаш дар ҷаҳон ҷои 5-умро гирифт, ҳарчанд ки бидуни омодагӣ рафтанд. Имсол мо тайёрии хеле ҷиддӣ дидем, вале мутаассифона, ширкат карда натавонистем," - мегӯяд Марям.

Марям меафзояд, агарчи оянда ҳуқуқдон шудан мехоҳад, аммо омода аст дар сатҳи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро чун беҳтарин ҷавондухтари кӯҳнавард боло бардорад. Сӯҳбати мо бо Марям дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ва дӯстонаш барои ширкат дар як фестивали кӯҳнавардон дар Боғи пойтахт ҷамъ омада буданд.

Агарчи ҳадафи асосии ширкати аксар ҷавонон дар мусобиқаи кӯҳнавардон ба хотири солимии баданашон бошад, аммо онҳо аз дастгирӣ наёфтани Мариям барин ҷавонони бо истеъдод нигаронӣ мекунанд.

Назар Сулаймонов, як тан аз ширкатдорони мусобиқаи кӯҳнавардӣ мегӯяд Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳӣ аст, бояд ба кӯҳнавардон диққати ҷиддӣ диҳанд. Оқои Сулаймонов мегӯяд, дар сурати дастгирӣ ёфтани ҷавонони кӯҳнавард аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон онҳо метавонанд имиҷи Тоҷикистонро дар тамоми олам баланд бардоранд. Вай мегӯяд, зиёданд нафароне, ки ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳ доранд, аммо барои онҳо маблағу сарпараст лозим аст.

Назар Сулаймонов бар ин бовар аст, ки агар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Марям ё бародари ӯро дастгирӣ мекарданд, ба эҳтимоли зиёд онҳо парчами Тоҷикистонро боло мебардоштанд. Ин аст, ки ба андешаи Сулаймонов, кишварҳои Аврупо барои рушди ин навъи варзиш зиёд талош мекунанд. Ҳатто ҷавононро дар дигар кишварҳо тарбият мекунанд.

Аммо Гулҷон Гулҷонов, як варзишгари дигари тоҷик мегӯяд, ҷавонон шароити хуби машғул шудан ба варзишро доранд, вале худи онҳо танбалӣ зоҳир мекунанд. Гулҷон мегӯяд, бори чандум аст, ки дар ин гуна мусобиқаҳо ширкат меварзад, аммо танҳо ба хотири санҷидани малакаи худ.

Вай мегӯяд, ширкати ӯ дар ин мусобиқа барояш таҷрибаи хубе мешавад. Қаблан ду маротиба дар чунин мусобиқаҳо соҳиби мақоми баланд шуда буд, аммо бо баъзе сабабҳо дигар натавонистааст ширкат кунад. Вале имрӯз талош дорад соҳиби ҷой муайяне шавад ва нишон диҳад, ки вай ҳам дар сафи кӯҳнавардон қарор дорад.

Лорин Силена, узви Федератсияи кӯҳнавардон меафзояд, ҳамасола дар Тоҷикистон барои рушди ин навъи варзиш мусобиқа доир мекунанд, аммо ин маротиб ҳадаф аз баргузории фестивал танҳо ҷалби ҷавонон ба ин навъи варзиш аст. Зеро гуфта мешавад, таваҷҷӯҳи мардум дар Тоҷикистон ба кӯҳнаварди чандон зиёд нест. Вай мегӯяд, кишваре, ки 93 дарсадашро кӯҳҳо ташкил медиҳад, бояд ба навъи варзиши кӯҳнавардӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. "Мо баъзе кӯшишҳоро мекунем, аммо аз сабаби набудани маблағ он ҳам чандон фаъол нест-" - мегӯяд вай.

Ба қавли ин масъули фестивал, дар мусобиқаҳои дӯстонае, ки миёни ҷавонон доир мегардад, наздики 40-50 нафар ширкат мекунанд. Дар мусобиқаҳои миёни кишварҳо наздики 70 нафар ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG