Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар маҳаллаи 46 (ВИДЕО ВА 9 АКС)


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" ҳангоми худкушии як соҳибкори 45-сола дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" ҳангоми худкушии соҳибкори 45-сола, молики як кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ дар таҳхонаи ин бино Олег Токов ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамсари ин соҳибкор ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, ки Токов ба маблағи 500 000 доллар қарздор шуд ва роҳи пардохти ин вомро надошт ва ҳафати гузашта низ талоши худкушӣ карда буд.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, дар ҷои воқеа ҳеч гуна таркиш ба амал наомдааст ва шишаҳои тирезаро барои он шикастанд, ки Токовро наҷот диҳанд. Сӯхтор дар маркази савдои "Содот", воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе тақрибан соатҳои 10- 11-и рӯзи 8 октябр рух додааст.

Шаҳроми Сироҷ, як ҷавон, ки дар толори варзишии маркази савдои “Содот” машқ мекардааст гуфт, ки дар як гушаи ин толор макони фуруши ғизо низ буд ва дар онҷо балончаи хурди газ низ буд, ки дар он ҳасибча ва дигар анвои хурокҳоро гарм ва ё бирён мекарданд. Вай афзуд: “Вақте ба назди бино омадем, кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ оташ гирифта буд. Дари кошонаи ҳуснро шикастем ва аз он ҷо се нафар зане, ки дар онҷо банд буданд баромаданд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, сӯхтор пас аз таркиши ҳамон балончаи газ рух додааст, чунки пас аз баровардани занон аз даруни бино вай ҳамроҳи бархе аз ҷавонони дигаре,к и дар он ҷо тамрин мекарданд пораҳои оҳанро дарёфт карданд, ки мисли ҳамон балон ранги кабуд доштанд.

Тирезаҳои шикастаи бинои маркази савдои “Содот” низ тарзе шикаста буданд, ки вуқӯи таркиш қабл аз сухтор дарак медоданд. Ҳеҷ яке аз шоҳидон ва тоҷирони ин марказ аз вуқӯи таркиш қабл аз сухтор шак надоранд. Танҳо бархеҳо мегуянд, таркиш наз аз балони газ балки аз қуттии дезодарант ва даҳҳо навъ атриёт ва маводи ориши муй сар задааст, ки дар кошонаи ҳусн истифода бурда мешавад.

Аз хадамоти отошнишонии Душанбе дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфтанд, коршиносони ин идора маҳалли ҳодисаро тафтиш ва маводҳои заруриро гирифтаанд, аммо то ба ҳол сабаби аниқи сухтор муайян карда нашудаст. Навбатдори хадамоти оташнишонӣ дар ин маврид гуфт, “мо ҳоло ҳеҷ иттилое дар ин маврид надорем. Ҳамааш пас аз анҷоми экспертиза муайян мешавад.”

Талошҳои мо барои дарёфти иттилои бештар дар ин маврид бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сомонааш бо нашри як хабари кӯтоҳ гуфт, сӯхтор дар таҳхонаи толори ороишии Маркази савдои «Содот” дар масоҳати 10 метри мураббаъ” рух додааст ва “дар ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванд Токов Олег Михайлович соли таваллудаш 1969, сокини кӯчаи Айнӣ – 71/1, хонаи 4, дарёфт карда шудааст.”

Ҳодисаҳои таркидани балони газ дар Душанбе ва манотиқи Тоҷикистон зуд-зуд рух медиҳад. Чунки бо сард шудани ҳаво интиқоли барқ ба аксарияти манотиқи кишвар қатъ мешавад ва мардум бештар аз газ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Аммо садои таркиш ва сӯхтор дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди ташкили як гиридиҳамоӣ дар Тоҷикистон босии таваҷҷуҳи беш аз ҳадди расонаҳо ба ин ҳодиса шуд.

Аз ин рӯ мақомоти умури дохила эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар маҳаллаи 46-умро рад карда, гуфтанд, сӯхтор дар маркази савдои "Содот" ғолибан як тасодуф мебошад.

Таърихчаи хабар

Хабарнигорони Озодӣ аз маҳалли сӯхтор дар маркази савдои "Содот", воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қаробоев, дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе гузориш медиҳанд, ки сӯхтор соатҳои байни 10 ва 11-и рӯзи 8 октябр рух дода, бар асари он Олег Токов - молики як кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ дар таҳхонаи ин бино кушта шудааст. Шоҳидон дар бораи ҷароҳат бардоштани чанд нафар низ хабар медиҳанд, вале шумораи захмиён ҳанӯз дақиқ нест.

Шоҳидон гуфтаанд, садои баланди монанд ба таркиш зоҳиран садои дар оташ таркидани ранги мӯю шампуну дигар маводи кимиёвие буд, ки дар кошонаи ҳусн истифода мекунанд.

Хабарнигорони Озодӣ мегӯянд, бар асари таркидани ин маводи кимиёвӣ ҳатто тирезаҳои толори варзишӣ пурра шикаста, пора-пора шудаанд. Додситонӣ ба дари кошонаи ҳусн ва толори варзишӣ мӯҳр задааст. Дар соате, ки хабарнигорони Озодӣ ба маҳалли сӯхтор рафтанд, як мошини криминалистӣ онҷо ҳузур дошт, вале намояндагонаш аз сӯҳбат бо Озодӣ худдорӣ карданд.

Сӯхтор дар маркази "Содот" ва ҳалокати як сокини Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Аммо мақомот эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар маҳаллаи 46-умро рад мекунанд ва мегӯянд, сӯхтор дар маркази савдои "Содот" ғолибан як тасодуф мебошад. Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтаанд, дар таҳхонаи маркази "Содот" ғолибан балони газ таркидааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, балони газ дар кабинети соҳиби толори ороишӣ буд ва азбаски дар толор ранги мӯ ва моддаҳои кимёвии дигар зиёд буд, мунҷар ба сӯхтори бузурге шуд, ки тақрибан 10 метри мураббаъро ба коми худ кашид. Манбаи Интерфаккс мегӯяд, нафари кушташуда - Олег Токов - соҳиби толор буд. Мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон, ба навиштаи Интерфакс, эҳтимоли ҳамлаи террористӣ будани ҳодисаи рухдода дар маҳаллаи 46-ро комилан рад мекунанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод, ки рӯзи 8 октябр, «тахминан соати 10:00, дар таҳхонаи толори ороишии Маркази савдои «Содот», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев-86/1-и шаҳри Душанбе дар масоҳати 10 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар ҷои ҳодиса ҷасади шаҳрванд Токов Олег Михайлович соли таваллудаш 1969, сокини кӯчаи Айнӣ – 71/1, хонаи 4, дарёфт карда шудааст.» Мақомоти умури дохила мегӯянд, сабабҳои сӯхтору иллатҳои марги Олег Токов ва ҳамин тавр, зарари расида аз ин сӯхтор таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Санамбӣ, як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маркази "Содот" зоҳиран сӯхтор рух додааст, чунки онҳо кадом садои таркишро нашунидаанд. Ин шоҳид низ ҳалокати як рустабор дар ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, аз маркази "Содот" баъди сӯхтор дуди баланде ба осмон печида буд.

Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба як манбааш хабар дод, ки дар маҳаллаи 46 на сӯхтор, балки таркиш рух дода, бар асари он як нафар кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузориши «Озодагон», ин таркиш соатҳои наздики 11 дар толори варзишии воқеъ дар бинои «Содот» рух додаву нафари кушташуда дар воқеъ як рустабор аст.

Хабаргузории "Азия Плюс" низ аз рух додани таркиш дар маркази савдои "Содот" дар соати тақрибан 13 хабар додааст. Бино ба гузориши ин хабаргузорӣ, як нафар кушта ва чанд нафар, бо шумули соҳиби салони ороишӣ, захмӣ шудаанд.

Хабаргузории "Авесто" низ ҳалокати як нафар ва ҷароҳат бардоштани чанд нафар дар таҳхонаи маркази тиҷории "Содот"-ро тасдиқ кардааст, вале мегӯяд, дар инҷо сӯхтор ба амал омадааст. Дар таҳхонаи маркази "Содот", ба навиштаи "Авесто", толори ороишӣ, сауна ва фитнес-клуб ҷойгир шуда буд. "Авесто" мегӯяд, дар пайи сӯхтор мардумро аз қабатҳои дигари "Содот" берун баровардаанд. Дар ин бино як меҳмонхона ҳам ҷойгир шудааст. Бархе шоҳидон ба "Авесто" гуфтаанд, ки қабл аз сӯхтор садои баландеро ҳам шунидаанд.

XS
SM
MD
LG