Ҷаъфар Аминов, донишманди ҷавони тоҷик, мегӯяд, бо гузашти беш аз як моҳ аз содир шудани қарори додгоҳ натавонистааст дубора ба ҷойи кори пешинааш дар Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба зилзила тобовар баргардад. Масъулони Пажӯҳишгоҳ гуфтанд, қарори додгоҳ ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва рафтори онҳо дуруст аст.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 7-уми июли имсол қарор кард, ки Ҷаъфар Аминовро дар ҷойи кори пешинааш барқарор кунанд ва ба ӯ ҷуброн пардозанд. Ҷамшед Аминов, бародар ва намояндаи Ҷаъфар Аминов, рӯзи 20-уми август гуфт, "даҳ рӯз пеш якҷо бо судиҷрочиёни Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои иҷрои ҳалнома ба Пажӯҳишгоҳ рафтем. Приставҳои суд аз директор талаб карданд, ки қисмати фаврии ҳалномаро иҷро кунад. Директор ва ҳуқуқшиносон аз иҷрои талаботи суд саркашӣ карданд."
Ҷамшед Аминов мегӯяд, бародараш бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба заминҷубӣ тобовар барои боло бурдани тахассус ба Чин рафт, дар он ҷо панҷ сол хонд ва рисолаи илмӣ дифоъ кард, вале дар Тоҷикистон аз ҷойи кор маҳрум шуд ва дубора барқарор шуда наметавонад.
Аммо Пӯлод Аминзода, мудири Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба зилзила тобовар бо ин даъво розӣ нест. Ӯ рӯзи 20-уми август дар суҳбати бидуни микрофон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят бурдаанд ва ба ин далел ҳалнома ҳанӯз ба қувваи қонун надаромадааст.
Норозигии дигари Пӯлод Аминзода ин аст, ки Ҷаъфар Аминов мехоҳад ба вазифаи роҳбарикунанда таъин шавад, ки онҳо қабул надоранд.
Ҳоло Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз додситонӣ талаб кардааст, ки нисбат ба Пӯлод Аминзода, мудири пажӯҳишгоҳ барои саркашӣ аз қарори додгоҳ "чораҳои дахлдор" андешад.
Дар мактуби Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба додситонии ин ноҳия гуфта мешавад, "директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо Аминзода Пӯлод ҳалномаи судро иҷро накарда, аз иҷрои он саркашӣ намуда истодааст."
Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои иҷро накардани қарор ё ҳалномаи додгоҳ, ки ба ҳукми иҷро даромадааст, то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Мушкили Ҷаъфар Аминов ва бародараш Ҷамшед Аминов аз онҷо шуруъ шуд, ки ба гуфтаи худашон баъд аз ҳимояи рисолаи илмӣ дар Чин онҳоро ба ҷойи корашон дар пажӯҳишгоҳи геология қабул намекунанд.
Мудири муассисаи таҳқиқотӣ мегӯяд, бародарон ҳуҷҷате барои тасдиқи дифои унвони илмиашон дар Чин дар даст надоранд. Бародарон Аминовҳо бо радди ин иддао мегӯянд, ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи таҳсил дар Чинро дар даст доранд. Аммо мудири Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба заминҷубӣ тобовар мегӯяд, ҳуҷҷатҳои бародарони Аминовҳо дар Комиссияи олии атестатсионии Тоҷикистон тасдиқ нашудаанд.
Тафсилоти қазияро дар ин ҷо хонед: