Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадрасае, ки "рашк"-и амирони манғитро ба бор овард, бозсозӣ мешавад. ВИДЕО


Мақомоти шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд бинои мадрасаи "Олим додхоҳ", яке аз ёдгориҳои нодир дар маркази ин шаҳрро дубора тармим кунанд. Мадрасаи "Олим додхоҳ", ки гунбадаш яке аз калонтарин гунбадҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад, феълан ҳоли харобе дорад.

"Мадраса ба осорхон табдил меёбад"

Шарофиддин Қурбонов, бостоншинос ва як масъули ҳукумати шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тармими бинои мадрасаи “Олим додхоҳ” мехоҳанд таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин макони таърихӣ ҷалб кунанд.

Ҷаноби Қурбонов гуфт, бинои ин мадраса қаблан дар тавозуни масҷиди шаҳр қарор дошт ва тоза ба тавозуни бахши фарҳанги ҳукумати Панҷакент гузаштааст. Ин масъули Ҳукумати Панҷакент мегӯяд, бо таъмири бинои мадрасаи "Олим додхоҳ" мехоҳанд онро ба осорхонаи таърихии Панҷакент табдил диҳанд.

Мадраса "Олим додхоҳ"-и Панҷакент таъмир мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

"Мадрасае ки рашки амирони манғитро ба бор овард"

Мадрасаи “Олим додхоҳ” дар солҳои 1828-1830 бунёд шудааст. Бостоншиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҳокими онвақтаи Панҷакент Олим додхоҳ тасмим гирифт барои рушди илм дар шаҳри зертобеаш мадрасаи калоне бунёд кунад. Ин мадраса аз дигар маконҳои таълимии онвақта бо гунбад ва сохташ худ фарқ мекард.

Шарофиддин Қурбонов, бостоншиноси маҳаллӣ ва номзади илмҳои таърих мегӯяд, бинои сохтаи Олим додхоҳ дар як вақт ҳам вазифаи мадраса ва ҳам масҷидро иҷро мекард. "Мақсад аз сохтани ин ёдгорӣ бомаърифат гардонидани мардуми шаҳри Панҷаент буд. Дар ин бино ҳам толибилмон дарс мегузаштанд ва ҳам мардум намоз мехонданд,"-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Шарофиддин Қурбонов, бостоншиноси маҳаллӣ ва номзади илмҳои таърих.
Шарофиддин Қурбонов, бостоншиноси маҳаллӣ ва номзади илмҳои таърих.

Мадрасаи "Олим додхоҳ" дар маркази шаҳри Панҷакент бунёд шудааст. Феълан дарҳои он баста аст ва дохили бино низ фарсуда шудааст. Дар бораи ин мадраса дар миёни мардуми шаҳри Панҷакент ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Миёни мардуми бумӣ ривояте аст, ки гӯё ҳашамати гунбади ин мадраса, ки мислаш дар аморати Бухоро набуд, рашки амир Насрулло аз шоҳони манғитро бедор мекунад.

Вижагии аслии мадрасаи "Олим додхоҳ" низ маҳз дар гунбади он аст. Гунбаде, ки бо ин ҳама бузургӣ бе сутун истодааст. Бостоншиносон мегӯянд, гумбади ин мадраса яке аз калонтарин гумбадҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто калонтар аз гунбади қабри Амир Темур мебошад.

Шарофиддин Қурбонов, бостоншиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳарчанд ривояти хашми амир Насрулло бар сари гунбади мадрасаи "Олим додхоҳ" то ҳол исботи илмии худро наёфтааст, аммо ҳамчунон мардум дар ин бора сӯҳбат мекунанд.

Ин бостоншиноси маҳаллӣ мегӯяд, "барои боздошти Олим Додхоҳ амир Насрулло афсарони худро мефиристад. Гӯё Олими Додхоҳ аз ин бохабар шуда, аз Панҷакент фирор мекунад. Оё ин то куҷо ба ҳақиқати таърихӣ дуруст аст, ҳоло мо сарчашмаи аниқ надорем."

Бостоншиносон мегӯянд, мадрасаи "Олим додхоҳ" на танҳо бо гунбадаш, балки бо сохти меъмориаш низ аҳамияти зиёди таърихӣ дорад. Дар бунёди ин мадраса ба қавли таъринигорон, санъати меъмории давраи пеш аз исломӣ истифода шудааст.

Пажӯҳишҳои бостоншиносон дар қалъаи Санҷаршоҳ нишон додааст, ки ҳафриёти он мисли мадрасаи "Олим додхоҳ" чортоқ аст.

"Биное, ки ҳатто чашми болшевиконро хира кард"

Ҳарчанд ҳукумати Панҷакент тоза тасмим гирифтааст бинои мадрасаи "Олим додхоҳ"-ро тармим кунад, бостоншиносон мегӯянд ин кор бояд барвақт сурат мегирифт.

Чун ба қавли ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, бинои мадрасаи "Олим додхоҳ" аз камтарин ёдгориҳое таърихие мебошад, ки аз дасти болшевикон наҷот ёфт. Ба нақли таърихнигорон, асокири сурх баъд аз барҳам хӯрдани Аморати Бухоро ва забти минтақаҳои он аксари биноҳои мадраса ва масҷидҳоро ҳамчун бозмондаи феодализм нобуд карданд.

Пеш аз забти Панҷакент аз сӯи асокири сурх мадрасаи "Олим додхоҳ" васеъ будааст. Аммо болшевикон қисми зиёди он, аз ҷумла манораашро хароб карданд, аммо бинои асосии мадраса ва гунбадаш бегазанд монд. Як муддат бинои мадраса аз сӯи асокири сурх ҳамчун анбор истифода мешуд.

Аммо дар ин бора Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, "вазорати фарҳангу маданияти Шӯравӣ ба хулосае омад, ки тамоми ёдгориҳои фарҳангиро аз байн бурдан мумкин нест. Чунки ин аз аҷдодони мо мерос омада истодааст. Дар замони Шӯравӣ инҷоро ҳамчун амбори ғаладона истифода мебурданд.”

Бо ин ҳама дар бораи таърихи мадрасаи "Олим додхоҳ" то ҳол пажӯҳиши ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Таърихнигорон мегӯянд, то ҳол кулли асрори ин мадрасаро наомӯхтаанд.

XS
SM
MD
LG