Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковник Шарифзода ба гирифтани $100 000 муттаҳам шуд


Мақомоти Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таҳқиқи шикояти сокинон аз собиқ сардори шуъбаи кадрҳои муассисаи "Воҳиди махсус"-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шурӯъ кардаанд. Дар шикояти ҷудогонаи чанд сокини Душанбе гуфта мешавад, ки Шерзод Шарифзода гӯиё аз роҳи фиребу тақаллуб тақрибан 100 ҳазор доллари онҳоро азхуд кардааст.

Вазорат таҳқиқи дохилӣ гузаронд ва ӯро барои қаллобӣ ва суистифода аз мақом аз вазифа озод кард. Аммо то замони дар кор буданаш касе ба мо шикоят накарда буд, ки вай пул гирифтааст

ВКД: Шарифзода аз кор рафт

Мақомот дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки чунин шикоятҳо вуҷуд дорад ва тафтиши ибтидоӣ шурӯъ шудааст. Айни замон, дар ВКД гуфтанд, ки Шерзод Шарифзода моҳи январи имсол аз вазифа барканор шуда, дигар дар ин сохтор фаъолият намекунад.

Дар ҳодисае як низомии сокини Душанбе гуфтааст, ки гӯё Шарифзода аз ӯ барои қабул шудан ба кор пул тамаъ карда буд. Ин низомӣ, ки хост танҳо бо исми аввалааш - Комрон муаррифӣ шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд сол пеш барои пайдо кардани кор ба подполковник Шерзод Шарифзода 1,5 ҳазор доллар додааст.

Шерзод Шарифзода
Шерзод Шарифзода

Комрон гуфт, "Шерзод Шарифзода ваъда карда буд, ки дар ниҳоди зери раҳбариаш маро ба кор мегирад. Аммо чанд сол боз на кор ҳаст, на пуламро гирифта метавонам."

Савронбӣ аз подполковник 7 ҳазор долларашро мепурсад

Сокини дигари Душанбе – Савронбии 40-сола низ иддао дорад, ки гӯиё подполковник Шерзод Шарифзода тақрибан 7 ҳазор доллари ӯро ба унвони қарз гирифта, то ба ҳол барнагардондааст. "Ба ҷону ҳолам намонда, аз ман пул хост. Чанд бор ба наздам омад. Чун мешинохтам, барояш пул додам. Се сол шуд, наметавонам пуламро бозпас гирам", - нақл кард ӯ.

Даъвогарон мегӯянд, талошҳои онҳо барои баргардонидани пул бенатиҷа аст, чунки худи Шарифзода дар хона нест ва аз рӯи бархе маълумот берун аз кишвар қарор дорад. Хешовандони ӯ ҳам омода нестанд дар бораи ин қазия сӯҳбат кунанд. Аз ин хотир, санҷидани дурустии ин иддао тавассути манобеи ғайрирасмӣ феълан ғайриимкон аст.

Шерзод Шарифзода: "Аз касе пул нагирифтаам"

Рӯзи 29 март Шерзод Шарифзода, подполковник ва собиқ сардори шӯъбаи кадрҳои муассисаи “Воҳиди махсус”-и ВКД Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз худ дарак дод. Вай гуфт, ки дар хориҷа қарор дорад ва иттиҳоми инро, ки гӯё аз даҳҳо сокини Душанбе қарздор аст, қабул надорад.

Дар сӯҳбати мухтасари телефонӣ вай иддао дорад, ки Савронбӣ ном занро, ки ӯро дар барнагардондани 7 ҳазор доллар муттаҳам мекунад, намешиносад ва гуфтаҳояш нодуруст аст. Аммо ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳарфҳои Комрон, аввал гуфт, ки ӯро намешиносад ва баъдан иқрор шуд, ки мешиносад, аммо аз ӯ пул нагирифтааст.

Ба савол дар бораи ин ки даҳҳо нафар ӯро дар азхудкунии ҳудуди 100 ҳазор доллар бо истифода аз вазифаи хидматиаш гунаҳгор мекунад, чӣ посух хоҳад дод, гуширо қатъ кард.

Қазия нахуст таҳқиқ мешавад

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, масъулини Додситонии ноҳияи Сино мегӯянд, ҳанӯз дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст ва танҳо тафтиши шикояти даъвогарон ҷараён дорад. Дар сурати ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ, ба қавли мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, эҳтимол ин шахс барои сӯиистифода аз мақоми хидматиаш ба ҷавобагрӣ кашида шавад, чунки аксари қонуншиканиҳо ба давраи кори ӯ рабт мегиранд.

"Вақте сари кор буд, касе шикоят накардааст"

Полковник Сарабек Ширинбекзода, муовини муассисаи “Воҳиди махсус”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфт, "вазорат таҳқиқи дохилӣ (служебное раследование) бурд ва ӯро барои қаллобӣ ва бо истифода аз мақом ё аз мансаб, аз вазифа озод карданд. Аммо то замони дар кор буданаш касе ба мо шикоят накарда буд, ки вай пул гирифтааст ё чизи дигар. Баъди онки вазорат аз кор озод кард, мардум омаданду ба мо шикоят карданд. Мо ҳам гуфтем, ки шумо пулро худатон додед, дар назди мо надодед."

Муассисаи "Воҳиди махсус"-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки таъмини амнияти раиси ҷумҳур ва меҳмонони хориҷиро бар дӯш дорад, дар қаламрави ноҳияи Сино воқеъ аст ва аз ҳамин хотир ҳам санҷиши ибтидоиро додситонии ҳамин ноҳия шурӯъ кардааст.

Шерзод Шарифзода, соли 2010, замони дар қисми низомии 5453-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият карданаш барои "қаллобӣ" маҳкум шуда буд, аммо ба сабаби шомил шудан ба қонуни афв, озод гардидааст. Шарифзода 41 сол дошта падари чаҳор фарзанд аст ва соли 2004 Академияи милитсияи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Таҳқиқотҳои чанд соли ахир сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мубориза бо фасодро дар миёни гурӯҳи олудашуда дар коррупсия номбар мекунанд. Аз ҷумла, мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои прокуратура, гумрук ва мақомоти судӣ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG