Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин мушкили худатон аст". Изҳороти баҳсбарангези Назарбоев дар бораи занони серфарзанд


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон

Изҳороти Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, дар бораи оилаҳои серфарзанд мавриди интиқоди бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Онҳо мегӯянд, "раҳбари муттаҳам дар фасоду коррупсия аз баландиҳои мақомаш мушкили қишри ниёзмандтарини ҷомеаро дарк карда наметавонад".

Назарбоеви 79-сола, ки моҳи марти имсол аз президентӣ канор рафт, вале мақоми пешвои кишварро ҳифз намуд, рӯзи 21-уми август дар нишасти Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими "Нур Отан" аз занҳои серфарзанд интиқод кард. Вай ба талаби занон барои афзоиши кумакҳои иҷтимоӣ гуфт, ин мушкили худи онҳо аст, на давлат.

Вай афзуд: "Шиор мепартоянд: "Ба ман бидеҳ, ман кӯдаки бисёр дорам, маоши ман кам аст, бидеҳ”. Вале ту дар бораи чӣ фикр мекардӣ? Ин мушкили ту аст. Ту як вақтҳо бо давлат машварат накарда будӣ. Агар давлат мушкилоти худро ҳал карда чизе бидиҳад, боз мегӯед: “на, ин кам аст, боз бидеҳ."

Нурсултон Назарбоев бори аввал нест, ки дар ин мавзӯъ бо чунин лаҳн сӯҳбат мекунад. Ӯ чанд ҳафта пеш аз тарки мақоми президентӣ карданаш, дар ҷашни 8-уми март гуфта буд: “Шаҳрвандон набояд умедвори ин бошанд, ки мисли даврони шӯравӣ ҳама чизро ҳукумат дар ихтиёрашон мегузорад”.

Ӯ аз ҷумла гуфт, “ҳоло, ки ҳама даромади худро худаш ҳисобу китоб мекунад, бояд ҳама чизро хуб фикр кунад – чанд фарзанд тарбия карда нон медиҳад”.

Чанд ҳафта баъди ин Назарбоев ҳанӯз дар мақоми президентӣ гуфт, давлат ҳамеша ба эҳтиёҷмандон кумак мекунад ва афзуд, “гурӯҳҳои аз назари иҷтимоӣ заъфпазир ва оилаҳои серфарзанд бояд ғамхории давлатро эҳсос кунанд”. Ин изҳороти ӯ дар пешорӯи бозбинии қонун оид ба кумаки иҷтимоӣ садо дод.

Баъди аз мақоми президентӣ канор рафтани Назарбоев, тағйири ном кардани шаҳри Остона ба Нурсултон ва сари қудрат омадани дастнишондааш Қосимҷомарт Тоқаев, дар Қазоқистон намоишҳои эътирозӣ сар зад. Дар миёни гурӯҳҳои норозӣ аз вазъи иҷтимоӣ модарони серфарзанд ҳам мушкилоти худро матраҳ карданд.

Ҳукумат баъди ин қарор кард, ки миқдори кумакҳои иҷтимоии афроди ниёзмандро афзоиш диҳад.

Норизоиятии оилаҳои серфарзанд дар Қазоқистон моҳи феврали имсол ба авҷи худ расида буд. Он моҳ дар як ҳодисае панҷ тифли як хонадон шабонгоҳ ба коми оташ рафт. Волидони ин духтарони ноболиғ дар навбати шабонаи кор буданд ва сӯхтори пурқурбонӣ мушкилоти сангини оилаҳои серфарзанди Қазоқистони ғанӣ аз нафтро ошкор кард. Эътирозҳо аз шароити ногувор ва даромади нокофии оилаҳои серфарзанд тамоми гӯшаҳои Қазоқистонро фаро гирифт, садҳо зан афзоиши кумакпулиро тақозо карданд.

Ҳукумат маҷбур шуд, ки ба гузашт роҳ диҳад ва барномаҳои муайяне рӯи даст гирифт. Аз ҷумла, ҳаҷми кумакпулиҳои чунин оилаҳо боло рафт. Барои оилаҳои серфарзанд қарзи боимтиёз барои харидани хона ҷорӣ шуд.

Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон гуфт, моҳи майи соли ҷорӣ 860 ҳазор сокини кишвар аз чунин ёриҳо баҳравар шуданд, ки 5 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Мақомдори рус маҷбур шуд ба истеъфо равад

Изҳороти монанд ба Нурсултон Назарбоев дар бораи ин ки “давлат таваллуди кӯдаки зиёдро нахостааст”, охири соли 2018 боиси аз мақом рафтани як мансабдори рус шуд. Сардори раёсати сиёсати ҷавонони вилояти Свердловск Олга Глатских дар як мулоқот бо наврасони фаъол дар шаҳри Кировград тирамоҳи порсол гуфт, ба кӯдакон бояд волидонашон кумак кунанд ва давлат дар баробари онҳо масъулият надорад.

“Давлат ба волидони онҳо нагуфтааст, ки кӯдак таваллуд кунанд”, -- посух дод Глатских ба саволи ин ки то куҷо ҳукумат омода аст барномаҳои марбут ба кӯдаконро маблағгузорӣ кунад.

Ин суханҳои Глатских дар шабакаҳои интернетӣ зуд нашр шуд ва мояи интиқоди шадид гардид. Ин изҳороти мақомдори рус ва собиқ барандаи бозиҳои олимпии соли 2004 дар бахши гимнастика бо изҳороти президент Владимир Путин дар ихтилоф буд, ки бо сабаби коҳиши ҷамъияти Русия пуштибонӣ аз оилаҳои серфарзанд ва кумак ба афзоиши аҳолиро сиёсати давлатӣ унвон кардааст.

Изҳороти мақомдори ҳукумати Путинро бисёриҳо таҳқиромез ва ғайриахлоқӣ дарёфтанд ва баъди чанд ҳафтаи ин моҷаро ва дар авҷи интиқодҳои сартосарӣ дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ Глатских маҷбур шуд аризаи истеъфояшро имзо кунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, изҳороти ҷанҷолбарангези баъзе мақомот дар бораи масоили барои ҷомеа ҳассосе мисли таваллуди фарзанди зиёд аз дур будани ин мақомҳо аз ҷомеа ва дардҳои қишри заъфпазири он дарак медиҳад.

“Вақте корди онҳо сари равған асту фарзандонашон савори “Лексус” ба донишгоҳи Оксфорд мераванд, ҳатман, ки ба дигарон кор надоранд. Вале агар аз худи ин мақомҳо пурсӣ, ки пули ҳангуфти харҷи фарзандони тиллоии шумо аз кадом ҳисоб аст, шояд ки он вақт дар бораи масъулияти давлат дар баробари оилаҳои серфарзанд андеша кунанд”, -- навиштааст як шореҳи қазоқ дар Фейсбук.

XS
SM
MD
LG