Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки миллӣ: Пешбиниҳои коршиносонро эътироф намекунем. ВИДЕО


Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ мегӯяд, ”ҳеҷ як пешгӯии коршиносон дар мавриди боло рафтани қурби асъор дуруст набаромад ва Бонки миллӣ ҳам ин гуна коршиносонро эътироф намекунад”.

Ҳоло интиқоли пулҳо аз хориҷа бештар мешавад. 86 дарсади асъори хориҷӣ бо рублӣ русӣ ба мо ворид мешавад, вале рубл моҳи апрел 11 дарсади қурбашро аз даст дод

Нурмаҳмадзода ин ҳарфҳоро рӯзи 25-уми июл дар нишасти хабарии Бонки миллӣ дар Душанбе ба забон овард ва гуфт, баъзе шахсон ба манфиати шахсии худ қурби сомониро 9,50-9,70 сомонӣ гуфта овоза мекунанд ва мехоҳанд аз ин фарқият фоидаи молӣ ба даст оранд”.

“Айни замон қурби як доллар 9,42 сомонӣ аст, мо дигар қурбҳоро эътироф намекунем, - гуфт қотеона раиси Бонки миллӣ. – Ҳар қадар фарқият зиёд шавад, ҳамон қаддар ҳаннотон зиёд мешаванд. Ҳама мехоҳанд аз фарқияти қурб фоида ба даст оранд, ташкилоти қарзӣ, соҳибкорони алоҳида”, таъкид дошт Нурмаҳмадзода.

"Тоҷикистон стратегияи худро дорад"

Раиси Бонки миллӣ гуфт, “мо ҳеҷ коршиносеро, ки қурби асъорро пешбинӣ мекунанд, эътироф намекунем” ва, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон “танҳо стартегияи худро дар танзими асъор” пеш мебарад.

Нурмаҳмадзода гуфт, ки чаро раиси ду бонкро гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Нурмаҳмадзода гуфт, Бонки миллӣ сиёсати «шинокунандаи идорашаванда»-и қурби асъорро идома медиҳад ва дар сурати боло рафтани қурби асъор, интервенсия ё мудохилаи асъореро ба роҳ мемонад.

Боло рафтани қурби асъори хориҷӣ тайи моҳи охирро раиси Бонки миллӣ ба коҳиши рубли русӣ марбут донист.

11 дарсад беарзиш шудани рубл дар як моҳ

«Ҳоло интиқоли пулҳо аз хориҷа бештар мешавад. 86 дарсади асъори хориҷӣ бо рублӣ русӣ ба мо ворид мешавад, вале рубл моҳи апрел 11 дарсади қурбашро аз даст дод ва ин падида ба қурби сомонӣ ҳам таъсир расонд», иброз дошт Нурмаҳмадзода.

Сомонӣ рӯзи 11-уми июл қурби худро якбора ба қадри 26 дирам аз даст дод ва қурби як доллар ба 9 сомониву 43 дирам расид.

Дар паи буҳрони иқтисодии Русия дар соли 2014, мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон ду баробар кам шуда, ба ҳисоби миёна аз 4 миллиард доллари соли 2013 то ба камтар аз 2 миллиард доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Ин ҳолат дар вуруди пули нақд ба кишвар ҳам таъсиргузор шуд.

Соли 2015 пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ қурби худро дар баробари асъори хориҷӣ то 38 % аз даст дод ва ин рукуд дар солҳои баъдӣ ҳам идома ёфт.

Ин ҳолат ба болоравии нархҳои бозор, аз ҷумла маҳсулоти воридотӣ низ таъсир кард. Илова ба ин, дар бозор камчинии доллар ва евро – ду асъори муҳими байналмилалӣ ба мушоҳида расид. Дар Тоҷикистон баъди соли 2014 хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар идораҳои бонкҳо иҷозат дода шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG