Бо дарёфти ин мақом, тими «Тоҷмаҳал» тавонист ба бозии ҷаҳорякниҳоӣ, ки моҳи май боз ҳам дар Бишкек баргузор мешавад, роҳҳат бигирад.
Нозимҷон Раҷабов, раҳбари тими «Тоҷмаҳал» гуфт, ки дар фестивал, ҷавонони ҳозирҷавобу зарофатгӯй ба ҷуз аз Тоҷикистон, ҳамчунин тимҳои Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат карданд. Аммо бо он, ки аз ҷавонони Узбакистону Туркманистон ба ин фестивал даъват шуда буданд, аммо онҳо ба сабабҳои номаълум натавонистанд ширкат кунанд.
Бо он ки бештари тимҳои ширкаткунанда дар ин фестивал аз Қирғизистон буда ва аз Қазоқистон танҳо як даста ва аз Тоҷикистон ду даста ширкат карданд, Нозимҷон мегӯяд, «Тоҷмаҳал» тавонист маҳорати хуби ҳозирҷавобӣ нишон бидиҳад ва номи Тоҷикистонро дар минтақа боло бубарад. Вай мегӯяд, «фестивал фестивали интихоботӣ буд. Аз ин фестивал беҳтарин дастаҳоро барои иштирок дар бозии асосӣ, ки моҳи май дар Бишкек сурат мегирад, интихоб карданд. Ба ин тартиб, мавсими нави маҳфили КВН, оғоз мешавад ва мо тавонистем, ки дар ин фестивал ширкат кунем ва номи Тоҷикисатонро аллакай дар чаҳорякфинал намоянлагӣ кунем.»
Он гуна, ки аз сӯҳбат бо Нозимҷон бармеояд, дар ин тим 6 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои вилояти Суғд шомил ҳастанд, ки ҳар яке дониш, малака ва истеъдоди хуби ҳозирҷавобӣ ва зарофатгӯй дорад. Ҳатто Александр Масляков, ровии барномаи КВН -и шабакаи аввли телевизиони Русия, ки дар ин фестивал ширкат дошт, ба ҳунари ҷавонони суғдӣ баҳои баланд додааст.
Аммо соҳиби ҷойи намоён ва роҳхат ба ҷаҳорякниҳоӣ дар КВН ё маҳфили ҳозирҷавобону зарофатгӯён гардидани тими «Тоҷмаҳал» -и вилояти Суғд барои ҷавонони тоҷик осон ба даст наомадааст. Зеро ба гуфтаи Нозимҷон Раҷабов, хароҷоти сафар барои ширкат дар ин фестивал аз ҳисоби худи ҷавонони тоҷик шудааст, «як моҳ талош кардем, ки сарпарасте пайдо кунем аз ҳисоби ширкатҳо ва ниҳодҳо, вале афсус касе моро дастгирӣ накард ва мо маслиҳат кардем ва ба хулосае омадем, ки аз ҳисоби худамон ба Бишкек равем. Худамон ҳам ки рафтем, мақсад гузоштем, ки ба дигарон исбот кунем, ки мо тоҷикон метавонем ва номи кишварро низ баланд мебардорем. Ба ин ҳадафи худ расидем.»
Ба таъкиди Нозимҷон Раҷабов, ба сабаби баргузории ҷашни Наврӯз ниҳодҳои давлатӣ низ натавонистанд, аз лиҳози молӣ тими «Тоҷмаҳал» -ро дастгирӣ кунанд. Аммо Нозимҷон мегӯяд, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон онҳоро хуб истиқбол карда ва теъдоде аз ҷавонони тоҷик, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои ин кишвар буданд, барои ғолибияти дастаи Тоҷикистон ба хубӣ мухлисӣ карданд.
Масъулони ниҳодҳои давлатӣ дар вилояти Суғд, иқрор шуданд, ки натавонистанд, ҷавонони ҳозирҷавобу зарофатгӯйи тими «Томаҳал» -ро, ки Тоҷикистонро дар фестивали Бишкек намояндагӣ карданд, пушибионии молиявӣ кунанд. Аммо Фаридун Ҳодибоев, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд гуфт, то ҳол ба қадри тавону имкон аз ташаббуси ҷавонони ҳозирҷавобу зарофатгӯи суғдӣ ҳимоят кардаанд, «мо вобаста ба имконият мекунем. Чанд сол мо дастаи хушдилону ҳозирҷавобонро мо ба чандин фестивалҳо, аз ҷумла Сочӣ фиристода будем, маҳфилҳои онҳоро дар вилоят гузаронидем. Баъдан бозиҳои минтақавии онҳоро сарпарастӣ мекунем. Ҳар мушкилие, ки пешорӯи ин ҷавонон мешавад, мо ҳатман кӯмак мекунем, то ки онҳо тавонанд дар чорабиниҳои минтақвӣ ва байналмилалӣ баромад кунанд.»
Ба гуфтаи ҷаноби Ҳодибоев, дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯёни «Тоҷмаҳал» танҳо аз онҳо ҷиҳати ҷалби мухлисон барои ширкат дар ин бозӣ дархост карда буд ва онҳо ин масъаларо бо намояндагии вазорати хориҷӣ дар вилояти Суғд матраҳ карданд ва дар ин кор мусоидат ҳам шуд.
Ҳамакнун, ки тими «Тоҷмаҳал» ба бозии навбатии чаҳорякниҳоии КВН, ё маҳфили ҳозирҷавобону зарофатгӯён омодагӣ мегирад, соҳибназарон мегӯянд, на танҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёйҳӣ, балки ҳукумати шаҳру вилоят ва Тоҷикистонро лозим аст, то барои ширкати фаъоли ин даста шароити мусоидро ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам аз лиҳози фаннӣ фароҳам созад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Нозимҷон Раҷабов, дар сурати пирӯзӣ дар бозиҳои баъдӣ ва ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ, тими ҳозирҷавобону зарофатгӯёни Тоҷикистон - «Тоҷмаҳал» имконияти ширкат дар барномаи КВН -и шабакаи аввали телевизиони Русияро пайдо хоҳад кард.
Пас, ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва ҳамин тавр соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки ба манзури таблиғи ҳар чӣ бештари кишвар кӯмаки худро ба ҷавонони ҳозирҷавобу зарофатгӯи суғдӣ дареғ надоранд.
Зимнан, дастаи ҳозирҷавобону зарофатгуёни «Тоҷмаҳал» дар соли 1994 ташкил шудааст, ки ҷавонони зираку доно аз донишгоҳҳои Суғдро гирди ҳам овардааст. «Тоҷмаҳал» аввалин бор соли 2011 дар фестивали байналмилалии минтақавии КВН дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ширкат карда ва дар радифи панҷгонаи беҳтарин ҷо гирифт. Он замон дар ин фестивал 50 дастаи минтақа ширкат карда буданд.
Интизор меравад дар фестивали ҳозирҷавобону зарофатгуён дар моҳи май дар Бишкек 10 дастаи минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат кунад, ки «Тоҷимаҳал» танҳо тими ҳозирҷавобу зарофатгӯ аз Тоҷикистон аст.