Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи кишварҳои Осиёи Марказӣ


Ҷашни Наврӯз дар Самарқанд.
Ҷашни Наврӯз дар Самарқанд.

Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад. Аввал шуда сокинони кишварашро рӯзи 20 март президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев тавассути телевизон табрик кард ва ин идро бахше аз фарҳангу ҳикмати миллии мардуми Узбакистон номид. Ба таъкиди ӯ, сокинони Узбакистон ба муносибати ин ид 3 рӯз аз 20 то 22 март истироҳат мекунанд.

Ҷашнгоҳи марказии имсола - боғи ба номи Абдулло Қодирии шаҳри Тошканд шуд. Солҳои раҳбарии Ислом Каримов иди Наврӯз рӯзи 19 март дар боғи ба номи Алишер Навоӣ ва бо ширкати президент баргузор мешуд ва дар аксари ин ҷашнҳо Каримов шахсан хеста дар баробари мардум рақсу хурсандӣ мекард.

Дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

Ҷашни имсолаи Наврӯз ҳам дар ин кишвар дар шароити тадбирҳои шадиди амниятӣ ҷараён мегирад. Радиои Озодлик – бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки баробар бо ҷашнҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ амалиёти ба истилоҳ «Тозалаш-Антитеррор»-ро роҳандозӣ карда 634 нафари машкукро боздошт карданд.

Рӯзи 21 март иди Наврӯзро дар шаҳри Остона – пойтахти Қазоқистон президент Нурсултон Назарбоев табрик гуфт. Зимни иштирок дар ҷашнгоҳи «Сариарка» Назарбоев сокинони Қазоқистони бисёрмиллатаро ба ваҳдати миллӣ ва таҷлили якҷояи ҷашни баҳор даъват кард. Назарбоев ба зарурати барномаи ислоҳот ё модернсозии кишвар ва аҳамияти тағйироти конститутсионӣ таъкид кард. Дар ҷашнгоҳи марказии Остона консерти идона бахшида Наврӯз баргузор шуд. Ҷашнҳо дар Қазоқистон то 24 март идома мекунад.

Дар Қирғизистон ҳам рӯзи 21 март Наврӯзро таҷлил карданд.Дар майдони кӯҳнаи пойтахт - шаҳри Бишкек бо иштироки нахуствазир Сооронбой Ҷеенбеков барномаи консертӣ ва бозиҳои варзишӣ ташкил мешавад. Матни табрикоти наврӯзии президент Алмосбек Отамбоевро раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Сафар Исоқов қироат кард.

Дар баробари таъкид ба эҳёи суннатҳои мардумӣ дар Қирғизистон, Отамбоев ба соли интихоботи имсола ҳам муроҷиат кард.Вай гуфт, ки интихоботи соли ҷорӣ бояд шаффофу одилона баргузор шавад. Таҷлили Наврӯз дар Қирғизистон дар пасманзари шиддатгирии танишҳои сиёсии миёни президент ва мухолифон баргузор мешавад.

Таҷлили Наврӯз дар Туркманистон камрангтар назар ба дигар манотиқи Осиёи Марказӣ буд. Бахши Туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ки матни табрикоти наврӯзии президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро тавассути телевизион қироат карда, дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт – шаҳри Ашқобод маросимҳои хурди идона ва ҷашнӣ ташкил шуд.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG