Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убури мушаки Кореяи Шимолӣ аз фазои Ҷопон


Дар пайи тозатарин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ, ки аз болои хоки Ҷопон убур кард, мақомоти Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ фишорҳои худро ба Пхенян афзоиш дода ва вокуниши тунд нишон доданд. Бино ба гузоришҳо, ин мушак субҳи сешанбе аз наздикии Пхенян -- пойтахти Кореяи Шимолӣ партоб шуда ва аз ҳарими ҳавоии шимоли Ҷопон убур кардааст.

Мушакҳои Кореяи Шимолӣ пеш аз ин ду бор аз болои хоки Ҷопон убур кардаанд, аммо Пхенян дар ҳар ду маврид эълом карда буд, ки ашёи партобшуда мушакҳои моҳвораӣ буданд.

Ба гуфтаи дафтари нахуствазири Ҷопон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири он кишвар тавофуқ кардаанд, ки талошҳои худро барои ворид кардани фишорҳо ба Пхенян бештар намоянд. Нахуствазири Ҷопон озмоиши ахири Кореяи Шимолиро "таҳдиди шадид" хондааст. Нахуствазири Ҷопон ҳамзамон хостори ташкили нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ шудааст.

Шӯрои амният чанде қабл қатъномаеро дар бораи озмоишҳои низомии Кореяи Шимолӣ тасвиб кард. Шӯрои Амнияти СММ озмоиши мушакҳои балластикӣ ва ҳастаӣ аз сӯи Кореяи Шимолиро манъ кардааст. Ҳамзамон ба гуфтаи нахуствазири Ҷопон, раиси Ситоди муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамтои ҷопонии ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ кардаанд.

Сухангӯи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ Роҳ Ҷе Чен баъд аз партоби мушаки Кореяи Шимолӣ аз фарози хоки Ҷопон, рӯзи 29-уми август зимни дар як нишасти хабарӣ дар Сеул гуфт, "алорағми ҳушдорҳои ба такрори мо, Кореяи Шимолӣ бори дигар аз Пхенян мушаки балластикӣ партоб кард. Ин 13-уми мушакпаронии балластикии таҳрикомез давоми соли ҷорӣ мебошад. Партоби мушак аз сӯи Кореяи Шимолӣ нақзи ошкори қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид буда ва чолиши ҷиддиест, ки нимҷазираи Корея, шимол-шарқи Осиё ва сулҳу амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад.

Раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ низ аз артиши он кишвар хостааст, ки барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз тарафи Кореяи Шимолӣ, дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Сухангӯи раёсати ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, ки қарор аст як ҳавопаймои ҷангии F-15 як бомбаи навъи 84-ро дар наздики нуқтаи марзии ду кишвар барои санҷидани зарфиятҳои дифоӣ, партоб кунад.

Мушакҳои Кореяи Шимолӣ пеш аз ин ду бор аз болои хоки Ҷопон убур кардаанд, аммо Пхенян дар ҳар ду маврид эълом карда буд, ки ашёи партобшуда мушакҳои моҳвораӣ буданд. Озмоишҳои моҳҳои ахир аз сӯи Кореяи Шимолӣ, боиси таниш миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ шуд ва Шӯрои Амнияти СММ таҳримҳо алайҳи Пхенянро сахттар кард. Кореяи Шимолӣ се рӯз пеш низ озмоиши мушакӣ анҷом дода буд. Моҳи гузашта низ Кореяи Шимолӣ ду мушаки байниқоравиро озмоиш кард.

XS
SM
MD
LG