Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромӣ дар як деҳаи Қазоқистон баъди иттиҳоми таҷовузи духтари мактабхон


24 апрел, деҳаи Зағамбар
24 апрел, деҳаи Зағамбар

Пулиси Қазоқистон тадобири амниятӣ дар як деҳаи узбекнишини ин кишварро сахттар кардаву нерӯҳои вижаро ба он ҷо ворид кардааст.

Сабаб ҳам ин аст, ки баъди таҷовузи духтари наврасе дар маҳаллаи Зағарбан нооромӣ шурӯъ шуда, ба хонаву чорво ва амволи сокинон ҳамла мекунанд. Ба иттилои шоҳидон, пулис ҳар як мошинро манъу тафтиш карда, баъд ба маҳалла роҳ медиҳанд.

Зиндагии амну ороми сокинони маҳаллаи Зағамбари вилояти Туркистони Қазоқистон баъди хабари таҷовузи як духтари мактабхон ноором шуд. Бо гумони дастдарозӣ ба духтари синфи 9 як ноболиғи дигар аз ҳамин деҳа боздошт шудааст. Ба иттилои пулиси виояти Туркистон дар робита ба ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқ идома дорад.

Шаби 24-уми апрел дар шаҳраки Зағамбар нооромиҳо сар шуд. Ба тирезаи хонаҳо санг мепартофтанд, ҷое оғилро ва чанд мошинро оташ задаанд. Мақомоти маҳаллӣ аз сокинони шаҳрак хостанд, аз хонаҳои худ берун нашаванд. Дар Зағамбар интернет ва алоқаи мобилиро қатъ карданд.

Муҳаббат Егембердиева, сокини шаҳраки Зағамбар дар сӯҳбат бо бахши Қазоқии радиои Озодӣ гуфт:

“Соати 2-и шаб садои баландеро шунидам. Аввал фикр кардам, ки аспҳо дар кӯча давида истодаанд. Тирезаро кушода, дидам, ки оғил сӯхта истодааст. Ҳама хонаводаро бедор кардам ва ба пулис занг задему чорворо ба берун баровардем. Маълум нест, кӣ ин корро кардааст. Мо ҳама тарсидем, махсусан барои кӯдакон”.

Хабари таҷовузи духтари ноболиғ дар як деҳаи Қазоқистон сабаби бетартибиҳо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Дар маҷмӯъ ҳамлагарон талош карданд се мошинро оташ зананд. Ба панҷ хона осеб расонида шуд. Пулис назоратро дар ин маҳал сахттар кардаву даромаду баромад ба шаҳракро манъ кардааст. Бо гумони ҳамла 16 нафар боздошт шуд.

Айсул Мамиева, сокини шаҳраки Зағамбар мегӯяд:

“Мо худамон ҳам чизеро нафаҳмидем. Мегӯянд, хонаи касеро оташ заданд. Кӣ кардааст, мо намедонем. Омада бачаҳои моро боздошт карданд. Гунаҳкоранд ё не, касе намедонад. Ба фикри ман, бояд гунаҳкоронро боздошт кунанд, на ҳамаро. Масалан, писари ҳамсояи маро бурданд. Вай нав аз Остона омада буд”.

Гумонбари таҷовуз ва духтари қурбонӣ ҳарду дар як мактаб мехондаанд. Ҳоло дари мактаб ҳам баста шудаву пулис он ҷо кор мебарад. Баъди ин қазия баъзе аз волидон барои рафтани фарзандон ба мактаб иҷоза надодаанд. Мақомоти маҳалӣ дар ҷаласае бо сокинон сӯҳбат карданд. Волидони духтари таҷовузшуда ва писари гумонбар аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ намудаанд.

Шаҳраки Зағамбар тақрибан 5 ҳазор сокин дорад, ки аксарияти онҳо узбектаборанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG