Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои ҷамъиятӣ: Қонуни навро бе мо таҳия накунед. САДО


Намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ҷаласае дар Душанбе. Соли 2013
Намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ҷаласае дар Душанбе. Соли 2013

Даҳҳо созмони ҷамъиятии Тоҷикистон дар як нома ба унвонии вазири адлия Рустам Шоҳмурод дархост кардаанд, ки зимни баррасии тарҳи қонуни нав «Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ» намояндагони ташкилоти маданиву шаҳрвандии кишвар ҳам ҷалб шаванд.

Муаллифони нома гуфтаанд, ки дар ҷараёни ним соли кори гурӯҳи кории муаллифи қонуни нав танҳо мутахассисони вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин ҷараён ҷалб шудаанду хулос. Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон

То кунун дар қонунгузории кишвар вазъи ҳуқуқӣ ва наҳваи сабти номи “муассиса” , “фондҳои ҷамъиятӣ” ва “ассосиатсия” ба низом оварда нашуда буд ва барои ҳамин се сохтор тарҳи қонун алоҳида навишта шудааст

бо ёдоварӣ аз ҳамкории, ба қавли онҳо, муассири соли 2015 бо вазорати адлия гуфтаанд, ки он замон баррасии муштараки тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» натиҷаи мусбат ба бор овард.

«Бовар дорем, ки ҷалби аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳияи тарҳи нави қонун аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ оид ба озодии ҷаласа, бо назардошти таҷрибаи мусбати кишварҳои дигар дар фаъолияти созмонҳои шаҳрвандии Тоҷикистон асари мусбат хоҳад гузошт», омадааст дар ин нома.

Зери ин даъват 38 созмон, аз ҷумла, созмонҳои «Маркази ҳуқуқи башар», Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Бунёди «Нотабене», «Перспектива+» ва дигарҳо имзо гузоштаанд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ: Қонуни навро бе мо таҳия накунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим

Вазорати адлия: тарҳи қонун ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст

Дар посух ба ин даъват рӯзи 11 август як масъули вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи қонуни нав аллакай ба ҳукумат пешинҳод шудааст ва дар сурати дубора такмил кардани ин лоиҳа намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ иштирок кунанд.

Вазир Рустам Шоҳмурод ва дигар масъулини адлия дар нишасти хабарӣ
Вазир Рустам Шоҳмурод ва дигар масъулини адлия дар нишасти хабарӣ

Сарвар Холиқзода, раиси гурӯҳи кории тарҳи қонун «Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ» рӯзи 11 август дар робита ба зарурати таҳияи қонуни нав “Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ” гуфт, то кунун дар қонунгузории кишвар вазъи ҳуқуқӣ ва наҳваи сабти номи “муассиса” , “фондҳои ҷамъиятӣ” ва “ассосиатсия” ба низом оварда нашуда буд ва барои ҳамин се сохтор тарҳи қонун алоҳида навишта шудааст.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, вақте ки созмонҳои ғайритиҷоратӣ барои сабти ном ба равзанаи ягонаи Кумитаи андоз ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекарданд, ин санадҳо баргардонида мешуданд, зеро заминаҳои ҳуқуқии онҳо мушаххас карда нашуда буд.

"Аз нигоҳи демократӣ дуруст нест"

Нурмаҳмад Халилов, мудири созмони “Маркази ҳуқуқи башар” (Human Rights Center) рӯзи 10 август ба Радиои Озодӣ гуфт, аз оғози соли равон гурӯҳи кории Вазорати адлия ба баррасии тарҳи қонуни нав, вале бидуни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пардохт. Вай гуфт, ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасии ин тарҳ барои ҷавобгӯ будани он ба меъёрҳои балналмилалӣ муҳим буда, дар мавриди озодиҳои созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+", ки ба нома имзо гузоштааст, гуфт, ҳузури намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ дар баррасии қонуни нав хеле муҳим аст, чунки ба кору фаъолияти минбаъдаи онҳо рабт мегирад. Вай гуфт, "тарҳи қонуни “созмонҳои ғайритиҷоратӣ” барои Тоҷикистон муҳим аст. Ин тарҳ фаъолияти ҳам ташкилоти ғайридавлатӣ, ҳам динӣ ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматиро дар бар мегирад. Вақте ки ин тарҳ дар Вазорати адлия дар бораи созмонҳои мо баррасӣ мешаваду мо ҳузур надорем, аз нигоҳи демократӣ дуруст нест".

Дар кишваҳои ҳамосяи мо ин тарҳи қонунро ба тасвиб расониданд ва дар вақти баррасӣ намояндагони созмонҳои ғайритиҷоратӣ ширкат доштанд. Бо назардошти ҳамин намояндагони созмонҳои ҳуқуқию ҷамъияти барои ширкат дар ҷараёни баррасӣ ба Вазорати адлия муроҷиат намуданд.

Вале нигарониҳои созмонҳои ҷамъиятиро аз қабули қонуни нав бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ қобили дарк арзёбӣ мекунанд. Бо як тасмими мақомот ду сол пеш шарту шароити кори созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфт, ҳамаи онҳо аз муқаррароти нави сабтиноми дубора гузаштанд.

Созмонҳои машкук ё коршарик?

Соли 2015 мақомот кори созмонҳои ҷамъиятиро дар кишвар мавриди санҷиши ҳуқуқӣ ва маъмурӣ қарор дода ҳамаи онҳоро ба сабтиноми дубора водор карданд. Дар санҷиши кори ин созмонҳо дар баробари намояндагони вазоратҳои адлия ва меҳнату шуғли аҳолӣ, инчунин, кумитаи андоз ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок карданд. Дар паи сабтиномаи дубораи созмонҳо даҳҳо ташкилот дубора сабтином нашуда, шумори феълии ин созмонҳо 2800 ададро ташкил медиҳад. Як ҳадафи муҳими ин санҷишҳо – муқаррар кардани манбаи даромади ин созмонҳо буд.

Вазорати адлия қабл аз қабули ин қонун соли 2015 гуфт, ки бар асоси гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ аз соли 2013 то моҳи апрели 2014, ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар 4,5 миллиард сомонӣ гранти хориҷӣ дастрас кардаанд. Мақомот гуфтанд, тафтиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ он замон бар асоси Қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ ҷараён гирифт, вале бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ин қонунро ҳамчун маҳдудкунандаи фаъолияти худ интиқод карданд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мушкили вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳу маҳбасҳоро ҳам ба чолиш мекашанд
Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мушкили вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳу маҳбасҳоро ҳам ба чолиш мекашанд

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки аксарашон дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрванди арзи ҳастӣ карда дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳақи аққалиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир ба кор пардохтанд, дар бештарин ҳолатҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалии мисли СММ, САҲА ва ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ маблағгузорӣ мешуданд. Фаъолияти ин созмонҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистони ҷангзада ва ҳалли масоили иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи мардум мусоидат кард.

Як ҳадафи аслии ин созмонҳо – кӯмак ба ҳукумати кишвар дар поин бурдани мизони мушкилот дар маҳалҳо, коҳиши камбизоатӣ, боло бурдани сатҳи иттило ва огоҳии мардум будааст. Вале тадриҷан ин созмонҳо аз афзоиши фишору назорат аз болои кори худ шикоят карда гуфтанд, ки дар бархе ҳолатҳо бо эҳсоси нобоварии мақомот, иттиҳоми талоши, ба қавли онҳо, пиёда кардани ормонҳои ҳукуматҳои бегона дар Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд. Бисёр созмонҳо дар мулоқот бо мақомоти маҳаллӣ таъкид мекарданд, ки «ғайридавлатӣ ба маънои зиддидавлатӣ нест».

Бархе тағйири қонуни нави кори созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишварро, ки як ҳадафаш назорат аз даромад ва сарфи маблағҳои пружаву барномаҳои ин созмонҳо дар Тоҷикистон мебошад, бо қонуни «Агенти хориҷӣ»-и ҳукумати Русия муқоиса карданд, ки бо ҳадафи маъмури хориҷӣ эътироф кардани ин созмонҳо қабул шуд. Ин қонун мавриди интиқоди шадиди созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон қарор гирифт, ки мегӯянд, Русия бештар ба самти як низоми худкомаву ғайридемократӣ ҳаракат мекунад.

XS
SM
MD
LG