Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи нави интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон. Кӣ иҷоза дорад?


Чаҳор бонки Тоҷикистон ба низоми интиқоли фаврии "Сбербанк" -- бонки давлатии Русия -- пайвастаанд. Интиқоли пул аз Русия яке аз хадамоти пурдаромади бонкҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳоле ки Бонки Миллии Тоҷикистон талаботро нисбат ба системаҳои маъмулии интиқоли пул сахтар мекунад ва бисёре аз бонкҳо дар пардохти пули фиристодаи муҳоҷирон дар минтақаҳои кишвар оҷиз мондаанд, бонкҳои тозатаъсиси "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва "Спитамен Бонк" фаъол ба назар мерасанд. Инак, онҳо ба шеваи нави интиқоли пул аз Русия пайваст шудаанд.

"Коммерсбонки Тоҷикистон" соли 2016 дар заминаи ташкилоти қарзии "Музаффарият" таъсис ёфт ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ гуфта буд, ки муассиси ин бонк ширкати "Фароз" аст.

Евгения Сафонова, масъули дафтари "Сбербанк", рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муштариёни "Сбербанк" ба кортҳо ва суратҳисобҳои чаҳор бонки Тоҷикистон метавонанд пул фиристанд.

"Ҳоло муштариён ба воситаи нармафзори мобилии "Сбербанк" ба "Спитамен Бонк", "Коммерсбонки Тоҷикистон" ва МДО "Душанбе Сити" метавонанд пул фиристанд. Дар оғози моҳи октябри имсол бонки "Эсхата"-и Тоҷикистон ҳам ба ин хадамоти бонки Русия мепайвандад", -- афзуд ӯ.

Ба қавли Сафонова, ҳаққи интиқоли пул тавассути ин система 1 дарсад аз ҳаҷми пули фиристодаро ташкил медиҳад. Муштариён ҳақ доранд, дар як вақт ба Тоҷикистон то 50 ҳазор рубл фиристанд.

Масъулони "Сбербанк" мегӯянд, хадамоти нав ба фарқ аз шеваҳои маъмулии интиқоли пул фаврӣ ва осон буда, ташвиши муштариёнро ба маротиб осонтар мекунад. Барои мисол, шахси пулфиристанда аз Русия аз телефони мобилии худ метавонад, пулро интиқол диҳад ва пулгиранда ҳам дар вақти ба ӯ мувофиқ метавонад маблағро аз корташ бигирад. "Зарурате барои навбатпоӣ барои гирифтани маблағи интиқолёфта намемонад", -- гуфтанд онҳо.

Ҷорӣ шудани шеваи нави интиқоли пул ба Тоҷикистон аз Русия дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ танзими системаҳои интиқоли пули маъмулиро шадидтар мекунад.

Дар поёни моҳи августи имсол расонаҳои Русия хабар доданд, ки Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳоли таҳияи як маркази интиқоли пул аст, ки минбаъд ирсоли маблағҳо тавассути он сурат хоҳад гирифт. Системаҳое, ки ба он намепайванданд, наметавонанд корашонро дар Тоҷикистон идома диҳанд.

Зимнан тайи ҳафтаи охир даҳҳо сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки чанд рӯз ба ин тараф наметавонанд пулҳои фиристодаи фарзандонашонро аз бонкҳо бигиранд. Баъзе бонкҳои тиҷоратӣ ин мушкилро дар нарасидани пули нақди сомонӣ арзёбӣ кардаанд. Айни чунин шикоятҳо аз сокинони ноҳияҳои тобеи марказ ҳам мерасад.

Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷиронӣ корӣ аст. Бонки миллии Тоҷикистон омори пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷаро ошкор намекунад.

Аммо бинобар омори нашркардаи Бонки марказии Русия, дар шаш моҳи соли 2019 муҳоҷирони тоҷик аз Русия 1 миллиарду 111 миллион доллар фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 миллион доллар камтар аст.

То оғози рукуди иқтисодӣ дар Русия дар соли 2015 муҳоҷирони кории тоҷик дар як сол беш аз 4 миллиард доллар мефиристоданд.

XS
SM
MD
LG