Чанд муддат боз сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳоро саҳифаи наве бо номи «Ханда365» механдонад.
«Ханда 365» нахустин саҳифаи хоси шӯхиву латифа ва зарофатгӯӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Танҳо дар шабакаи «Одноклассники» алакай даҳҳо чунин саҳифа, аб мисли «Анекдотҳои ёвонӣ» ва «Анекдотҳои тоҷикӣ» вуҷуд доранд, ки ҳадафашон бо ироаи зарофатгӯиҳо роҳ ёфтан ба дили корбарони ин шабака аст.
Аммо агар саҳифаҳои қаблии шӯхиву зарофатҳои тоҷикӣ дар Интернет асосан рӯи латифаҳои мардумӣ тамаркуз кардаанду забонашон ҳам забони омиёнаи кӯча аст, «Ханда 365» талош дорад, бо як сабку услуби вижаи худаш дар ин бозор барои худ ҷои по пайдо кунад. Аз ҷумла бо истифода аз калимаву таъбирҳои роиҷ дар байни ҷавонони имрӯзаи тоҷик.
«Ханда 365» ҳамчунин нахустин чунин гурӯҳ аст, ки дар мессенҷери Телеграм ҳам саҳифаи худро кушодааст.
Искандар Аҳмадов, ношири ҳаманӣ 18-солаи «Ханда 365» дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафҳои ин саҳифа ва барномаҳояш сӯҳбат кард.
Радиои Озодӣ: «Ханда 365» кай ва чӣ гуна ба дунё омад? Падару модараш кист?
Искандар Аҳмадов: Ман ин саҳифаро дар оғози моҳи май сохтам, яъне дар моҳи майи соли 2016 ба дунё омад. «Падару модар»-аш худи банда мебошам.
Радиои Озодӣ: Чаро маҳз «Ханда 365» номаш кардаед ин саҳифаро?
Искандар Аҳмадов: Ман дар ҷустуҷӯи ном будам ва аз як ҳамсинфам кӯмак хостам ва баъди мудате тасмим гирифтем,ки номаш такрорӣ набошаду "Ханда 365"-ро гузоштем. 365 - ба маънои 365 рӯзи сол, ки битавонем ҳар рӯзаш мардумро бо шӯхиву латифаҳои навбанав бихандонем.
Радиои Озодӣ: Чанд нафар кор мекунед дар ин тарҳ?
Искандар Аҳмадов: Чунончи дар боло гуфтам, дар пайдо кардани номаш аз дӯстам кӯмак хостам, аммо худам шахсан дар ин саҳифа кор мекунам.
Радиои Озодӣ: Мешавад дар бораи худатон сӯҳбат кунем, ки «падар»-и «Ханда365» кисту оё ягон дипломи «ҳаҷвнигорӣ» дорад?
Искандар Аҳмадов: На, диплом надорам. Ман дар ноҳияи Бохтар ба дунё омада, мактаби таҳсилоти умумии №54 танҳо соли ҷорӣ хатм кардам ва аз соли оянда ният дорам, ки ба донишгоҳи шаҳри ба номи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа дохил шавам.
Радиои Озодӣ: Албатта, саволи шояд хандаовар бошад, вале пули ин шӯхиҳоро кӣ медиҳад? Манзурам маош дорад кори шумо ё ҳамту як хобби аст?
Искандар Аҳмадов: Замони зиёде аз ифтитоҳи ин саҳифа нагузаштааст. На, ин шӯхиҳо маош надоранд ва чунин қасд ҳам надорам. Ман дар вақти бекориам тайёр мекунам фақат барои боло бардоштани табъи мардум. Ҳамзамон ҳоло дар ҷустуҷӯи як ҳамкор ҳастам ва Худо хоҳад, ба наздикӣ боз пурқувваттар мешавад ин саҳифа.
Радиои Озодӣ: Шӯхиҳои «Ханда 365» чӣ тавр ба дунё меоянд? Мисли ҳама аз Интернет нусха мебардореду каме «тоҷикӣ»-аш мекунед ё бофтаҳои худатон аст?
Искандар Аҳмадов: Бештари ин шӯхиҳоро худам тайёр мекунам, шояд ягон 60 фоизашро, 30% тарҷума аз дигар забонҳо ба забони тоҷикист ва шояд ягон 10 фоизаш нусхабардорӣ, вале албатта, бо иловаҳо ва «тоҷикӣ» кардани ин шӯхиву зарофатҳо.
Радиои Озодӣ: Шӯхиҳои сиёсӣ ҳам доред? Ё аз бало ҳазар?
Искандар Аҳмадов: …
Радиои Озодӣ: Чӣ қадар мардум ҳар рӯз барои хондани шӯхиҳои шумо ба Интернет сар мезананд?
Искандар Аҳмадов: Мудати зиёде аз оғози сохт нагузаштааст аммо ба ҳар ҳол, дар ин муддат эътиқодҳои зиёде аз мардум дарёфт кардам. Ман тоза дар ин роҳ пой мондаам ва мефаҳмам, ки корҳои кардаам ҳанӯз хеле содаву шогирдонаанд ва аз нигоҳи забон ҳам бояд боз хеле чизҳоро биомӯзам. Умедворам, таҳсил дар донишгоҳ ба ман дар такмили навиштаҳоям кумак кунад.
Радиои Озодӣ: Зимнан, сабаб чист ки дар Телеграм ҳам саҳифа кушодед. Мисли бойбобоҳои ҷаҳонӣ шумо ҳам фикр мекунед, ки оянда аз месенҷерҳост ва онҳо ҷои шабакаҳои иҷтимоиро танг мекунанд?
Искандар Аҳмадов: Сабаби асосие, ки маро самти Телеграм бурд, ин филтер шудани шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Замоне,ки ман ин корро оғоз кардам, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Инстаграм, Одноклассники ва ВКонтакте дар Тоҷикистон баста буданд ва фақат аз тариқи барномаҳои VPN кушода мешуданд. Ман дунболи як шабакае будам, ки мардум бе ягон монеа дохил шуда тавонанд. Баъди каме таҳқик шабакаи Телеграмро интихоб кардам. Телеграм як месенҷерест,ки аз дигар месенҷерҳо фарқ мекунад. Аз мавзӯи суръат ва амнияташ, ки бигзарем, як фарқи дигари дар доштани канал (Chanel) ва бот (bot) мебошад. Канал (Chanel) дар Nелеграм ба шумо иҷозат медиҳад, то як манбаи хабаррасонӣ, саргармӣ ва ғайраҳоро бисозед. Бот (bot) тамоми хусусиятҳои каналро дорад ва бар илова ба шумо иҷозат медиҳад, ки паёмҳои худкор, бозӣ, саволу ҷавоб ва ғайраро тарроҳӣ кунед.
Радиои Озодӣ: Ба фикри шумо, ҳаҷви тоҷик оянда дорад?
Искандар Аҳмадов: Дар шароити имрӯза ки мардуми тоҷик ба ҳазору як мушкилоти зиндагӣ рӯбарӯ аст, як витамине ки барояш намерасад, ба фикри ман, ҳамин ханда аст. Ва ман кӯшиш мекунам, ки бо хандаву шӯхӣ эҳсоси хушбинӣ ба зиндагиро дар дили мардум бедор кунам. Яъне бо ханда ин паёмро ба мардум бидиҳам, ки ҳар шом ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст!
Чанд намунаи шӯхиҳои «Ханда 365»:
Таҷрибаам нишон медиҳад ки
Бештар аз ин ки донишҷӯ бошам
Болиштҷӯ ҳастам.😃😃😃
...
Бемор бо бемории дил назди табиб мерава мега дилам дар мекна. Баъд табиб мехоха садои дили бемора гушкна гушашро ба кафаси синаи рости бемор мемона. Бемор о духтурчон дил аз чап ку.
Табиб Эээй ай ёдм бромад.
...
Як оилае дар дехот сари дастархон чамочам нишаста хурок мехурданд. Ногох куваи барк хомуш мешавад ва хама чо торик мешавад. Модарбузурги оила дарторики худро гум карда бачам телевизора гирон кун рушани кунад.
...
Ду навчавон оиладор мешаванд. Як руз онхо ба бозор мераванд. Аз назди шашликпазо мегузаранд. Келин чашмаш пур аз об мешавад. Буи шашлик мефорад. Писар гашта мегуяд маъкул шудми? Келин бошад ноз карда мегуяд. Бале! Домод гашта мегуяд ки биё боз як бори дигар гузарем.
...
Афанди аз бозор арча харда ба хонааш мебиёрад. зани афанди арчаро дида: Ия дадош ин кадар укропи бисёро аз кучо овардед мо ин УКРОПРО акнун як сол мехурем ми!?
...
Марде мохии тилло капидаст, бар ивази озоди 3 хохиши мардро талаб кардаст. Мард каме фикр карда якто мошинаи Москвич 412 хостаст, дуюмаш боз якто Москвич 412, сеюмаш боз яктои дигар. Мохича хайрон хохиши мардро ичро карда мепурсад; - Сето Москвичи якхеларо чи кор мекуни? Мард;- Э, ба бозор бурда харсеяшро фурухта ба чояш Мерседес мехарам!
...
Дирӯз 2 соат барқ набуд ва телефон заряд надошт...
Дар ин 2 соат бисёр чизро фаҳмидам..
Фаҳмидам,ки як ҳафта аст хонаамонро рангубор мекунем.
Фаҳмидам, ки падарам як ҳафта пеш ба нафақа баромадааст.
Фаҳмидам, ки ба хоҳарам хостгор омадаасту ҳафтаи оянда тӯй дорад.
Ҷолибтараш ин ки як додари дигари яксола доштаам, номашро Далер мондаанд.
Ҳаминҳоро нав фаҳмидам, ки барқ омад.