Дар 6 сотих замини гармхонаи Николай Александров дар яке аз боғҳои коллективӣ дар вилояти Челябински Русия дар байни «Русский богатыр» ва «Кардинал» буттаҳои «Вова Путин» қад кашидаанд. Ин навъи помидор дар мавсими гармо чанд бор ҳосил медиҳад. Буттаи "Вова Путин" пасту назарногир аст, вале помидорҳояш калон-калон.
Деҳқони селексионер (пайвандгар) Николай Александров мегӯяд, вақте аз тариқи пайванд ин навъи помидорро ба вуҷуд овард, интизор надошт, ки "Вова Путин" чунин ҳосилхез ва ба сардиву хушксолӣ тобовар хоҳад шуд: "Вова Путин" навъи ширин ва зудпаз аст. Алакай дар поёни моҳи июн аввалин ҳосилаш мерасад."
Николай Александр корманди собиқи мақомоти интизомист ва асосан дар ниҳодҳои сиёсии вазорати умури дохилаи Русия кор кардааст. Ӯ аз замони кораш дар пулис ҳамеша ба деҳқонӣ шавқ дошт ва ҳамроҳ бо шариконаш даҳҳо навъи нави растаниҳои полезиро кашф кардааст. Ӯ одатан навъҳои нави кашфкардаашро ба номи дӯстдоштаҳояш мегузошт. Ҳоло полези ӯро ҳам «Алиска-красавица» зиннат медиҳад, ҳам «Валентина» ва ҳам «Наташка.»
Аммо ӯ мегӯяд, исми "Вова Путин"-ро ба навъи нави помидор аз ишқи зиёдаш ба президент нагузоштааст. Ӯ ҳатто исрор меварзад, "Вова Путин" дар асл рабте ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин надорад, балки: «Як замон дар рустои мо нафаре бо номи Вовка Путин ба сар мебурд. Ҳамачиро ба ҳам мезад. Ин помидорро ҳам ба номи ӯ гузоштаем. Ба президент ягон рабт надорад.»
Видеои хабарнигори "Настоящее время" Екатерина Пономарёва аз гармхонаи Николай Александровро инҷо бубинед:
Ин собиқ корманди сиёсии пулис тухмии помидор мефурӯшад. Вақте дар рӯйхати тухмиҳояш тухмии помидор бо номи баланди «Вова Путин» пайдо шуд, тиҷорати Николай Александров якбора авҷ гирифт. Ҳоло помидорҳои ин деҳқон аз Челябинск дар гӯшаҳои гуногуни дунё мерӯянд: "Вова Путин" дар Испания мерӯяд, дар Булғористон, дар Узбакистон, дар Қазоқистон. Ман чандин баста аз тухмии "Вова Путин"-ро ба Украина равон кардам, мардум онҷо парваришаш мекунанд ва розианд. "Вова Путин" дар Украина хеле хуб месабзад."
Аммо содироти ин навъи помидор аз сӯи ин деҳқони нафақахӯр ғайриқонунӣ сурат мегирад, чунки бо почта фиристодани тухмӣ бидуни иҷозатномаҳои махсус мумкин нест. Вале бастаҳои пур аз тухмии "Вова Путин" маъмулан дар ҷомадону бағочи даст аз марзи Русия убур мекунанд ва дар ҷаҳон паҳн мешаванд.
"Вова Путин" ҳанӯз ба полезҳои Амрико роҳ наёфтааст. Вале Николай Александров мӯътақид аст, ки бо гузашти фурсат, "Вова Путин" пой ба Ийолоти Муттаҳида низ хоҳад гузошт. Ӯ мегӯяд, қасди ба номи ягон сиёсатмадори дигар гузоштани исми навъҳои кашфкардаашро надорад, чунки Александров аз раҳбарони сиёсӣ дигаре касеро сазовори чунин ифтихор намебинад.
Помидори "Вова Путин" нахустин мавриди истифодаи номи Путин дар тиҷорат нест. Дар Русия чандин сол боз арақае бо номи «Путин» тавлид мешавад, ки дар байни мардум бо номи «Путинка» маъруф аст. Дар Чин номи «Путин»-ро ба як навъи пиво додаанд. Ҳамин тавр, дар Қирғизистон як қуллаи кӯҳ,дар шаҳри Грозний дар Ҷумҳурии Чеченистон як хиёбон ва дар шаҳри Байтуллаҳм (Вифлеем), зодгоҳи Исои Масеҳ, ки дар сарзаминҳои фаластинӣ ҷойгир шудааст, кӯчаеро ба номи Путин гузоштаанд.