Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИР бидуни ҳизбҳои сиёсӣ ва бо маоши давлатӣ. ВИДЕО


Як сол пеш аз баргузории интихоботҳои парлумониву президентӣ, парлумони Тоҷикистон қонуни нав дар бораи комиссияи интихобот ва раъйпурсиро қабул кард, ки бар асоси он, аъзои ин комиссияҳо минбаъд танҳо афроди ғайриҳизбӣ хоҳанд буд.

Муаллифони тарҳи қонуне, ки дар парлумони иборат аз аксар аъзои ҳизби ҳокими халқии демократӣ қабул шуд, мегӯянд, қабули қонун мутобиқ ба талаботи созмонҳои байналмилалӣ, мисли САҲА буд. Вале мунаққидон мегӯянд, ки аз ҳайати комиссиюни интихоботӣ берун шудани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ шаффофият ва беғазарии кори аъзои комиссиюнро зери суол мебарад, чун дар гузашта ҳеҷ як интихобот дар Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ арзёбӣ нашудааст.

Муаллифони тарҳи қонуни нав - аъзои ҳизби халқии демократӣ мебошанд, вале дар овоздиҳии рӯзи 24 июн ба ҷонибдории қабул шудани ин қонун раҳбарони ҳизбҳои дигари узви парлумон – аз ҷумла ҳизби сотсиастӣ, илоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ пуштибонӣ карданд. Узви Маҷлиси намоядагон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов дар муаррифии тарҳи қонун гуфт:

“Мутмаинам, ки баъд аз қабули ин қонун созмонҳои байналмиллалӣ боз ҳам аз Тоҷикистон барои тасвиби ин қонун интиқод мекунанд. Аммо, бояд таъкид созам, ки қабули қонуни ҷудогона дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсиро худи созмонҳои байналмиллӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо машварат дода буд”.

Феълан вокуниши САҲА ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ба ин қонун дар даст нест.

КМИР бидуни ҳизбҳои сиёсӣ ва бо маоши давлатӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Тағйироти дигар, ба гуфтаи муаллифони тарҳ ин аст, ки агар то ҳол фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Қонуни интихоботи Маҷлиси миллӣ танзим мешуд, акнун фаъолияти ин ниҳод ҷудогона бар асоси қонуни вижа ба роҳ монда мешавад.

Тавре Бахтовар Сафарзода, раиси фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар парлумон шарҳ дод, аъзои комиссияи марказӣ “доимоамалкунанда” мешаванд ва “статуси раҳбару муовинон” ҳам боло меравад. Бахтовар Сафарзода ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамакнун як раис, як муовин ва панҷ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баробари вазифаи вакили порлумон дониста шуда, аз будҷаи кишвар маош мегиранд. Дар гузашта ин вазифаҳо ҷамъиятӣ буданд. Аммо аъзои комиссияҳои дигари интихоботӣ аз вилоятӣ то ҷамоатҳо ҷамъиятӣ боқӣ мемонанд. Умумияте, ки ба ҳамаи аъзои комиссияҳои интихоботӣ марбут аст, ин ғайриҳизбӣ будани афроди аъзои ин комиссияҳо мебошад. Аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳаққ надоранд узви комиссияҳои интихоботӣ бошанд”.

Вале ин ҳама таҳаввулот дар кори ниҳоди танзимкунандаи интихоботҳои кишвар дар остонаи интихоботҳои муҳими соли 2020 мояи интиқоди бархе намояндагони ҳизбҳои ғайрипарлумонӣ ва ҳам журналистон шуд. Ба андешаи онҳо, ҳузури намояндагони ҳизбҳои мухолифи ҳукумат метавонад то андозае дар риоя шудани қонун ва одилона ҳисобу китоб шудани овозҳо ва тасмимгириҳо мусоидат кунад.

Ба мақоми ниҳоди маошгири ҳукумат гузаштани Комиссиюни интихоботӣ мустақилияту бетарафии онро аз байн мебарад, чунки ин ниҳоди вобаста ба ҳукумат наметавонад ба унвони як сохтори комилҳуқуқ ва новобаста аз ҳеҷ фишанги маъмурӣ кори худро пиёда кунад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд: “Камтарин дастовард дар низоми интихобот дар робита ба таъмини шаффофият ва кафолати интихоботи одилонаи мутобиқ ба асноди байналмиллалӣ буд, он ҳам аз даст рафт. Зеро, ҳузури намояндагии баробари аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботӣ, бахусус дар қитъаҳои интихоботӣ аз кафолатҳои калидии баргузории интихоботи шаффофу одилона дониста мешуд”.

Дар гузашта, ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, мақомот бидуни мувофиқа бо раёсати аҳзоби сиёсӣ намояндаҳои ин ташкилоти сиёсиро ба узвияти комиссияҳои интихоботӣ шомил мекарданд, ки ин амр масъулияти ҳизбиён дар назди роҳбарияти ҳизбҳоро камарзиш мекард.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори тоҷик, ки дар гузашта чанд маротиба вориди рақобати интихоботӣ шудааст, мегӯяд, мушкили аслии марбут ба поймолшавии муқаррароти интихоботиву овоздиҳӣ на дар марказ, балки дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ – участкаву ҳавзаҳо сурат мегирад. То замоне, ки кори ин нуқтаҳо шаффофу қонунӣ сурат нагирад, тағйирот намешавад, гуфт Раҷаби Мирзо: “Ман чанд даъфа номзади интихоботи порлумонӣ будам. Ҳамчунин аз таҷрибаи нозирӣ ва фаъолият дар ситоди номзадҳои интихоботӣ бархурдорам. Ба чунин натиҷа расидам, ки интихобот дар Тоҷикистон дар қитъаҳои интихоботӣ сурат мегирад, на дар комиссияи марказии интихоботӣ. То замоне, ки дар фаъолияти қитъаҳои интихоботӣ таҷдиди назар сурат нагирад, умед ба баргузории интихоботи шаффоф ва одилона душвор аст”.

Қабули қонуни нав дар бораи кори комиссиюни марказии интихоботҳо баъди имзои президент ба иҷро медарояд. Қарор аст баҳори соли оянда интихоботи парлумонӣ ва тирамоҳ – интихоботи президентии Тоҷикистон баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки мақоми Пешвои миллатро дорад, метавонад бидуни маҳдудият номзадиашро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. То ҳол ду нафар гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар интихоботҳо иштирок кунанд. Аз ҷумла, раиси ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки дар ҳарду интихобот ҳамроҳ бо аъзои ҳизбаш ширкат хоҳад кард. Вале агар ин изҳорот зиёд вокуниш нагирифта бошад, тасмими Қувваталӣ Муродов, яке аз фаъолони собиқ Фронти Халқӣ барои иштирок дар интихоботи соли ояндаи президентӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Бархе азми ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, вале иддае дигар ташаббуси ӯро ба боди танқид кашиданд. Аз ҷумла, Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар робита ба тасмими Қувваталӣ Муродов се матлаб нашр кард ва дар яке аз матлабҳо пешниҳод шуд, ки "ӯро аз ташхиси тиббӣ гузаронанд".

Тоҷикистон солҳои охир барои маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ мавриди интиқод аст ва дар солҳои гузашта САҲА ва дигар нозирони байналмилалӣ ҳеҷ як интихоботро дар Тоҷикистон мутобиқ бо меъёрҳо арзёбӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG