Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави Олмон дар бораи кори хориҷиҳо. Мутахассисони тоҷик ҳам фурсат доранд


Акбар Зоиров - ҷавони тоҷики корманди як Маркази таълим ва такмили ихтисос дар Олмон. Акс аз маҳалли кор гирифта шудааст.
Акбар Зоиров - ҷавони тоҷики корманди як Маркази таълим ва такмили ихтисос дар Олмон. Акс аз маҳалли кор гирифта шудааст.

Аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар Олмон қонуни нави кор барои хориҷиҳо ба ҳукми иҷро медарояд, ки ҷалби мутахассисони касбу корҳои мухталифро ба ин кишвари аврупоӣ имконпазир мекунад. Дипломатҳои тоҷик ошно бо "Қонуни муҳоҷирати боихтисос" мегӯянд, ин қонун метавонад барои он мутахассисони тоҷик, ки ҷӯёи кор ҳастанд, фурсати хубе барои пайдо кардани шуғл шавад. Феълан шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор умдатан ба Русияву Қазоқистон ва чанд кишвари дигари хориҷӣ мераванд, вале бахши зиёди онҳо дар хориҷа ба таври ғайриқонунӣ ва низ на аз рӯи ихисосу дониш кор мекунанд.

Қонуни нави кор барои мутахассисони хориҷӣ, ки маҳсули баҳсу баррасиҳои ду соли гузаштаи ҳукумат ва парлумони Олмон аст, ба корҷӯёни хориҷӣ имкони дарёфти виза, будубоши шашмоҳа бо ҳадафи пайдо кардани кор дар кишвар, гузаштан аз давраҳои омӯзишӣ ё тренинги касбӣ ва дарёфти кори қонуниро имконпазир мекунад. Вебсайти расмии ҳукумати Олмон, ки махсус барои корҷӯёни хориҷӣ таъсис шудааст, феҳристи тамоми касбу корҳоеро нашр кардааст, ки эҳтиёҷ ба онҳо дар ширкату корхонаҳои мухталифи саросари ин кишвар эҳсос мешавад.

(https://www.make-it-in-germany.com/de/jobs/jobboerse/). Дар миёни ин касбҳо - кормандони тиб, аз ҷумла, ҳамшираи шафқат, парастори пиронсолон, мутахассисони технологияҳои нав ё IT, ронандаҳо, бахусус ронандаҳои мошинҳои боркаш, мутахассисони фаннӣ дар бахши мухобирот ё телекоммуникатсия, муҳандис, механик, мудири тиҷоратӣ, мутахассиси барқ, устои мошин, устои ва ғайра зикр шудаанд. Эҳтиёҷи хосса ба мутахассисони соҳаи сохтмон вуҷуд дорад. Вебсайти ҳукуматӣ инчунин аз роҳи пур кардани саволномае машварат медиҳад, ки корҷӯёни хориҷӣ шонси худро барои пайдо кардани кор дар Олмон бисанҷанд (https://www.make-it-in-germany.com/de/visum/quick-check/).

Шартҳои асосии ба кор пазируфта шудани мутахассисони хориҷӣ - донистани забони олмонӣ ва доштани санадҳои расмии тасдиқкунандаи ихтисоси шахс мебошад. Айни замон, шарт нест, ки шахс хатмкардаи донишгоҳ бошад, аризаҳои мутахассисон бо дипломи ҳунаристонҳо ҳам баррасӣ мешавад. Инчунин шахс бояд доғи судӣ надошта бошад ва барои пӯшиши хароҷоти зиндагӣ, аз ҷумла, дар марҳилаи ҷустуҷӯи кор дар Олмон, бояд аз ҷайби худ сарф кунад.

Матбуоти олмонӣ, ки ин мавзӯъро зиёд пӯшиш додааст, мегӯяд, дар миёни аъзои ҳукумат ва созмонҳои мадании ширкатдори баҳсу баррасиҳои қабули чунин қонун ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифон зиёд буданд. Мухолифон, аз ҷумла, ба ҷалби мутахассисони ғайриаврупоӣ ба кишвар ва аз ин ҳисоб зиёд шудани шумори муҳоҷирони хориҷӣ мухолиф баромаданд.

Вале ҷонибдорон мегӯянд, ки ин қонун метавонад мушкили камбуди нерӯи кориро ҳал кунад. Хабаргузории "Дойче Велле" бо такя ба Пажӯҳишгоҳи бозори кори Олмон менависад, ки дар чормоҳаи ахири соли 2019 дар саросари ин кишвар 1,36 миллион ҷои кори холӣ буд ва пур кардани ин ҷойҳо танҳо аз ҳисоби афроди бекор имконпазир набудааст.

Ғайратшо Соҳибназар, Сафири Тоҷикистон дар Берлин. Акс аз вебсайти сафорати Тоҷикистон дар Олмон
Ғайратшо Соҳибназар, Сафири Тоҷикистон дар Берлин. Акс аз вебсайти сафорати Тоҷикистон дар Олмон


Ғайратшо Соҳибназар, сафири Тоҷикистон дар Берлин мегӯяд, ки қонуни нави кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шонси хубе барои пайдо кардани ҷои кор мебошад. "Барои мисол, то соли 2050 зиёда аз 170 ҳазор ҷои корӣ маҳз дар бахши интиқоли бор, яъне ронандаҳо, тахминан 200-250 ҳазор парастори пиронсолон лозим хоҳад шуд". Ӯ гуфт, қонуни нав, ки ҳам барои ҳалли масоили камбуди нерӯи корӣ ва ҳам демографии ҷомеаи Олмон нигаронида шудааст, ҷалби мутахассисонро аз кишварҳои хориҷаи дур бар асоси санад пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби ин қонун қарор аст дар ояндаи наздик марказҳои ҷудогонаи таҳияи санаду раводид барои сафар ба Олмон ҳам таъсис шавад, ки ҷудо аз консулгариҳо кор хоҳанд кард. "Агар дар гузашта қабл аз ҳама шаҳрвандони Олмон ва баъдан Иттиҳоди Аврупо ба инобат гирифта мешуданд, баъди дар амал татбиқ шудани ин қонун, шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳам ба инобат гирифта мешаванд",- гуфт сафири Тоҷикистон.

Ин қонун метавонад аз муҳоҷирати кории ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Олмон ҷилавгирӣ кунад, ки дар бораи як ҳодисаи ахираш ҳафтаи гузашта расонаҳои олмонӣ хабар доданд. Дар натиҷаи амалиёти вижаи сохторҳои ҳифзи қонуни Олмон, дар шаҳрҳои Крефелде, Оберҳаузен, Келн ва Стрелен, гумонбарони ташкили як созмони муташаккили ҷиноӣ - шаҳрвандони Олмон, Бритониё, Украина ва Латвия боздошт шуданд, ки коргаронро аз Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон бо визаҳои кории Латвия ба ин кишвар ворид карданд.

Матбуот бар пояи изҳороти Додситонии кулли Олмон хабар дод, ки аз 24 то 47 нафар боздошт шуда, амалиёт идома дорад. Феълан мақомоти олмонӣ аз ин зиёд шарҳе намедиҳанд ва сафорати Тоҷикистон ҳам гуфт, ки мунтазири посухи расмии мақомоти Олмон дар ин бора мебошад.

Шумори тоҷикистониҳои муқими Олмон ба 5600 нафар мерасад ва аз ин шумор 3230 нафар ҳамчун паноҳҷӯ ва 700 тани дигар ба унвони паноҳанда сабт шудаанд. Шумори тоҷиконе, ки ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд, маълум нест.

Акбар Зоиров 28 сол дорад ва ӯ соли 2016 бо нияти идомаи таҳсил аз донишгоҳи Санкт-Петербург ба донишгоҳе дар минтақаи Вестфалия гузашт, вале баъди шаш моҳи таҳсил бо сабаби набуди пул таҳсилро тарк карда, ду сол ба унвони хостори паноҳандагӣ дар ин кишвар зиндагӣ кард. Ниҳоят баъди ду сол аризаашро бозпас гирифта, ба як омӯзишгоҳи шаҳри Дортмунд ба риштаи математика дохил шуд. Мегӯяд, коллеҷро аъло хатм кард ва ҳоло дар Маркази таълим ва такмили ихтисоси Бау роҳҳои сохтани хонаҳои нимтайёр ё қолабиро меомӯзад.

Акбар Зоиров мегӯяд, ки орзу дорад як соли дигар таҳсил карда, малакаашро боло барад ва баъдан ширкати хусусии худро боз кунад. Ӯ мегӯяд, барои онҳое, ки дар фикри кору даромади қонунӣ ҳастанд, дар Олмон имконияти зиёд вуҷуд дорад, фақат шахс бояд вақту нақшаашро оқилона истифода кунад.

Фарангиси Музаффар се сол пеш муқими Олмон шуд ва ҳоло донишҷӯи омӯзишгоҳи Käthe-Kollwitz-Berufskolleg аст. Дар баробари таҳсил, ба ҳайси ороишгар ҳам кор ҳам мекунад ва аз шароиташ розӣ аст. Мегӯяд, онҳое, ки "мехоҳанд дар Олмон кору фаъолияти қонунӣ дошта бошад, аввал бояд аз марҳилаҳои забономӯзӣ гузаранд. Дар ин ҷо як нафар аввал касби дилхоҳро интихоб карда, як муддат аз марҳилаи таҷрибаомӯзӣ мегузарад. То барои оянда тавонад тасмим бигирад, ки касби интихобкардааш хоҳишҳояшро бароварда мекунад ё на".

Фарангис Музаффар. Акс аз Фейсбук
Фарангис Музаффар. Акс аз Фейсбук


Фарангиси Музаффар, ки дар Тоҷикистон як рӯзноманигор буд, мегӯяд, аввал хост ҳамин касбро дар Олмон ҳам пеша кунад, вале дар ҷараёни таҳсил бо машварати омӯзгори олмониаш аз пайи касби ороишгарӣ шуд. "Бояд гуфт, ки дар Олмон ба таври ғайриқонунӣ кор кардан бисёр хатарнок аст ва ҷаримаҳои ҳангуфт дорад. Агар гӯянд, ки дар Амрико кори сиёҳ зиёд аст ва мушкил надоранд, дар Олмон ҳатто дар ин бора гап намезананд, пинҳонӣ аст". Ӯ гуфт, бархе соҳибкорон ба хотири кам пардохт кардани андоз кӯшиш мекунанд даромад ва иттилои воқеӣ дар бораи кори худро пинҳон кунанд, вале қонунҳои Олмон нисбати ин афрод муҷозоти сахтро пешбинӣ мекунад.

Тоҷиконе, ки дар Олмон кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, барои будубоши қонунӣ ва пайдо кардани худ хеле муҳим аст, ки шахс забонро хуб донад ва муошират карда тавонад. Акбар мегӯяд, ки дар Олмон мисли Русия бо мушкили муносибати бад бо муҳоҷирон рӯбарӯ нашудааст ва бисёр дӯстонашро ҳам ташвиқ кардааст, ки на ба Русия, балки ба ингуна кишварҳои пешрафта рафта, аз пайи такмили донишу ихтисос шаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG