Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша барои регзор дар марз бо Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар пайи муноқиша барои як қумзори марзӣ музокираи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон музокира баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки қирғизҳо аз кони регу шағали канори Чоркӯҳи Исфара баҳрабабардорӣ кунанд, аммо бе ворид кардани техникаи регбардори худ. Ин созиш дар пайи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳосил шудааст.

Додохон Мадалиев, котиби ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 28 март ба Озодӣ гуфт, мулоқот ва музокироти ҳайатҳои ду ҷониб дар чорроҳаи мошингарди байни ҷамоатҳои Чоркӯҳи Тоҷикистон ва Самарқандаки Қирғизистон доир гардид. Ӯ гуфт, “созиш шуд, ки қирғизҳо ҳам аз он шағалу рег истифода кунанд. Аммо шарт ин ки бе трактори худ меоянд ва тарафи Тоҷикистон ба ҳамон нархе, ки барои сокинони Исфара таъин кардааст, ба мошини онҳо ҳам шағалу регро бардошта медиҳад.”

Ин регистон дар канори шарқии деҳаи Сомониёни Чоркӯҳи Исфара ҷойгир аст ва ба гуфтаи Додохон Мадалиев, аз қабл он бебаҳс ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад ва сокинони Исфара аз он баҳрабардорӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи Мадалиев, котиби ҷамоати Чоркӯҳ, "рӯзи якшанбеи 27 март марзбонҳои Қирғизистон сокинони Исфараро аз маҳалли қумзор, ки барои сохтмон аз онҷо сангу хок мебаранд, берун карданӣ шудаанд ва дар натиҷа муноқиша ба амал омадааст. Аммо ин муноқиша бе занозанӣ анҷом ёфтааст.”

Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон соли 2005 роҳи 275-метриеро, ки аз канори регзори деҳаи Сомониён мегузарад, барои 49 сол ба ихтиёри Қирғизистон дод ва қирғизҳо бо истифода аз ин вориди қумзор шуда, аз онҷо барои сохмтони хона сангу шағал мебаранд. Аммо ӯ гуфт, кор ба ҷое кашидааст, ки сарҳадбонони Қирғизистон сокинони Исфараро аз ин мавзеъ берун мекунанд ва намемонанд, ки ворид шуда сангу хок баранд. "Онҳо фикр мекунанд, ки ин мавзеъ ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Ҳол он ки ин як гӯшаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ аст. Вале ҳар сол аввали баҳор қирғизҳои ҳамсоя аз нав даъвои соҳибӣ ба ин регзори мо мекунанд." – гуфт Додохон Мадалиев.

Ба қалви котиби ҷамоати Чоркӯҳ, баъд аз музокираву созиши рӯзи 28 март сокинони Чоркӯҳ умедворанд, дигар сари баҳрабардорӣ аз ин регзор байни сокинони ҳамсояи тоҷику қирғиз баҳсу талош барнамехезад.

Муноқишаи рӯзи якшанбеи 27 март дар канори деҳаи Сомониёни ҷамоати Исфара, дар ҷое рух дод, ки Қирғизистон моҳи ноябри соли гузаштаи 2015 ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд 12 гектар замини ин маҳалро дар ихтиёри Қирғизистон гузорад ва бар иваз Қирғизистон ҳамин қадар заминро, ки ба деҳаи Куктош тааллуқ дорад, ба Тоҷикистон хоҳад дод. Дар он замине, ки Қирғизистон талаб дорад, дар паҳлӯи қабристон 20-30 оилаи қирғизи Куктош дар як анклави байни Чоркӯҳ зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон назари худро дар бораи қабул ё рад намудани ин пешниҳод то ҳол баён накардаанд. Вале сокинони одии ин маҳали Чоркӯҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯянд, ин табодул бар нафъи ҷониби Қирғизистон хоҳад буд ва қисмати басо муҳими ин минтақаро соҳиб хоҳад шуд. Табодули заминҳо ба Қирғизистон имкон фароҳам меорад аз деҳаи Куктоши ҳоло дар инзивоъ то деҳаи дигари худ - Яккауруг, наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара роҳи мошингарди мустақил созанд ва деҳаи ҷудомондаи Куктошро ба роҳи Бодканд пайваст кунанд. Он гоҳ байни ягона роҳи Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло – Ворух бурида мешавад ва Қирғизистон метавонад назорати пурраи он роҳро ба дасти худ бигирад.

Ҳамчунин, дар сурати чунин табодул обанбори таъмини сокинони маркази Исфара бо оби ошомиданӣ ба ихтиёри ҷониби Қирғизистон хоҳад гузашт.

Ин маҳал ба як ҷойи муноқишахези марзии байни Исфараву Бодканд табдил ёфта, сокинон сари истифода аз оби наҳр ва роҳи мошингузар гоҳҳо бо ҳам муноқиша мекунанд. Бори охир моҳи августи соли гузаштаи 2015 сари тақсими об ва васеъ кардани роҳи қабристони қирғизҳо муноқиша сар зад ва аз ду ҷониб 13 нафар маҷруҳ шуд. Дар пайи гуфтушунид ҳамсояҳо роҳи гӯристонро чанд метр васеъ ва роҳи оби каналро барои якдигар боз карданд. Ҳамакнун ҷониби Қирғизистон пешниҳоди табодули заминро як роҳи ҳалли мушкили сокинони ин минтақи марзӣ меномад.

Зӯҳри якшанбеи 27 март низ миёни сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон низоъ рух дод. ​Розия Осорова, сокини деҳаи Кок-Тоши вилояти Ботканди Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ки соати 12-ю 30 дақиқа дар минтақаи марзӣ ҳудуди 100 тан аз сокинони деҳаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон гирдиҳам омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, далели ин низоъ кашондани реги дарё дар ҳудуди деҳаи қирғиз аз ҷониби сокинони деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара будааст.

Аммо хадамоти марзбонии Қирғизистон шумори ҷамъшудагон аз ҳарду тарафро 30-35-нафарӣ баршумурда, мегӯяд, сардорони заставаҳои марзбонӣ ба ҷои ҳодиса расида, бо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ташаннуҷи низоъ пешгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG