Дар Душанбе биноҳои баландошёна ҷойи хонаҳои кӯҳнаро мегиранд. Баъзе аз сокинон аз тағйир ёфтани симои пойтахт ситоиш мекунанд, вале бархеи дигар мегӯянд, ки сифати хонаҳои нав бад аст ва тармим мехоҳад.
Дар солҳои охир сохтмони манзил дар Тоҷикистон зиёд шуда, дар манотиқи марказ ва канораҳои пойтахт баландошёнаҳо қомат афрохтаанд. Бархе сокинон мегӯянд, ки авҷи сохтмони манзил мушкили камбуди хона, ба вижа манзилҳои сохти нав ва замонавиро ҷуброн мекунанд. Вале зоҳиран на ҳама сокинон аз сохтмонҳои нав розӣ ҳастанд. Ба вижа, аз сифати сохтмони манзилҳо ва ҳам макони интихоби сохтмони баландошёнаҳои нав.
Фирӯза Абдураҳмонова, сокини яке аз биноҳои навбунёд дар Душанбе аст ва мегӯяд, ки дар фурсати кӯтоҳ девори хонаи наваш кафидааст. Ӯ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, "девори хонаи мо кафидааст. Дар як ҷойи танг тақрибан шаш бино сохтаанд. Ҷойи бозӣ ва гаштугузор нест. Ҳама заминҳои атрофро харидаанд ва хона месозанд."
"Аз таҷриба ва фаҳмиши худ мегӯям, ки ваҳшатнок аст. Ба сифати дастаи дари даромадгоҳ нигаред, ба девори биноҳо назар кунед. Лифтҳо... Он қадар бесифатанд, ки забон лол мемонад", -- афзуд ҳамсуҳбати дигари мо Зайтуна.
Эраҷ Неъматуллоев ҳам мегӯяд, "баъзе аз сохтмонҳо хилофи тамоми қонунҳои эстетикии шаҳрсозӣ ҳастанд. Бояд дар бораи зебоии шаҳрамон биандешем."
Бархе аз мусоҳибони мо дар Душанбе гуфтанд, намешавад бо дидани чанд сохтмони нозеб ба кори хуби дигарон битозем. Яке аз онҳо гуфт, "баъзе аз биноҳое, ки месозанд, воқеан, пас аз ду-се сол фарсуда мешаванд. Лекин дар баробари ин биноҳое ҳастанд, ки сифати хуб доранд."
Вале бархе онҳое, ки дар даврони шӯравӣ зистаанд, мегӯянд, ки сохтмонҳои имрӯза аз назари ҳаҷм ва шаклашон "зеботар" мебошанд.
Маҳбуба Қурбонова яке аз онҳост. Ӯ бовар дорад, ки хонаҳои навбунёд дар пойтахт "зебову муосиранд. Кӯҳнаро ба нав иваз кардан зебоӣ меофарад. Аз назари ман, сифати сохтмонҳо зери назар аст. Онҳо наметавонанд, бинои бесифат бисозанд."
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Мардум яке аз хонаҳои истиқоматиро дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо номи биноҳои Бег Сабур мешиносанд. Вай раиси Хадамоти алоқа ва ҳамзамон қудои президенти Тоҷикистон аст. Агар аз боло ба сохти ин биноҳо нигаред, чизи аҷиберо хоҳед дид. Хонаҳоро ба шакли ҳарфи “П” сохтаанд ва даруни он дар масофаи хеле наздик боз вуҷуд доштани як бинои дигар ин сохтмонро нодир кардааст.
Бархе аз сокинон ба чунин андешаанд, ки солҳои охир биноҳои номутобиқ ба қонунҳои сохтмон афзудаанд. Набудани лифт, роҳравҳои берангу бор аз камбудиҳои ҳамешагии онҳост.
Мо ба яке аз биноҳои навбунёд рафтем, ки панҷ сол пеш сохтаанд, вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҳуҷҷат надоранд. Ҳамчунин на лифт ва на гармӣ.
Коршиносону сокинон тахмин мезананд, ки ширкатҳои сохтмонӣ аз пайи даромад гоҳе шитобкорӣ мекунанд ва ба сифат кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Ин шитобкорӣ ба гардани соҳибони хона барои солҳои дароз душворӣ бор мекунад.