Ҳамакнун варзишгарони тоҷик ва дӯстдорони варзиш дар баробари моли ширкатҳои маъруфи варзишии мисли “Adidas” ва “Nike” метавонанд аз либосҳо ва бренди сирф тоҷикӣ истифода баранд. “Шарқ” - нахустин ширкати бренди варзишӣ дар Тоҷикистон аллакай ба истеҳсол ва фурӯши либосҳое шурӯъ кардааст, ки бо нақшу нигори мардуми Бадахшон, аз ҷумла ҷӯробу тоқӣ ва тасвири кӯҳҳои баланд ороста шудааст. Нимтана, шиму пойафзол ва кулоҳи варзишии ин ширкати тоҷикӣ аз 80 то 200 сомонӣ арзиш дорад ва бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ ва иқлими минтақа омода мешавад.
Эраҷ Юсуфшоев, яке аз муассисони ширкати “Шарқ” рӯзи сешанбеи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, идеяи таъисиси бренди маҳаллии варзишӣ соли гузашта дар зеҳни онҳо омада буд. Эраҷ мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо варзиш машғул буд ва ҳамон вақт орзу дошт, ки либосҳои миллии варзишӣ ба бар кунад, на хориҷӣ. Ҳамин фикр буд, ки соли гузашта ҳамроҳ бо як дӯсташ ширкати “Шарқ”-ро, ки иборат аз рамзҳои мардумии сокинони Бадахшон аст, таъсис дод. Вай мегӯяд, дар баробари таваҷҷӯҳ ба рамзҳои мардумиву миллӣ, ҳадаф истеҳсоли моли баландсифат ҳам аст. Масалан, мегӯяд Эраҷ, бо назардошти сардии иқлими Бадахшон, матои нимтанаҳо ғафсу гарманд, пойафзол низ бо таваҷҷӯҳ ба роҳҳои дурушту санглох истеҳсол шуда, пурбардоштанд.
Тарҳи молҳои онҳо ба як ширкати истеҳсолии шаҳри Дубай фиристода шуда дар ҳамон ҷо бевосита истеҳсол ва баъдан барои фурӯш ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Эраҷ Юсуфшоеви 27 сол дорад, хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба варзиши бодибилдинг шавқ дорад. Ширкати “Шарқ” як моҳ ба ин сӯ фурӯши маҳсулоти худро дар шаҳри Хоруғ боз карда аллакай харидорони худро дар дохил ва ҳатто хориҷи кишвар пайдо намудааст. Муассисони ширкат мехоҳанд, аз роҳи фурӯши молу колои варзишӣ варзишгарони тоҷикро дастгирӣ намоянд ва дар рушди варзиши кишвар ҳам саҳмгузор шаванд.
Манучеҳр Саркоров, ки аз нимтанаҳои ин ширкат харидорӣ кардааст, мегӯяд аз сифати он розист ва ҳатто мехоҳад боз чанд нимтанаи дигарро ҳам фармоиш диҳад. Вай мегӯяд, вақте аксар моли бозорҳои Тоҷикистон истеҳсоли Чинанд, моли худӣ бо сифат ва намудаш бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Манучеҳр мегӯяд, бо ин ки муштарии ширкати “Шарқ” шудааст, мехоҳад, ба қавле, “бренди миллиро дастгирӣ кунад”. Дар ҳамин ҳол Нафиса Имронова, як тарроҳи маъруфи тоҷик аз таъсисёбии брендҳои нави миллӣ истиқбол ва инро васили хубе барои тарғиби фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар арзёбӣ кард. Вай мегӯяд, “вақте дар либос хусусиятҳо ва рамзҳои миллӣ ба таври дуруст ва бо меъёр истифода мешавад, ин хеле хуб аст ва дар Аврупо низ метавонад муштариёни худро пайдо кунад.
Албатта, ҳар нафари ватандӯст ҳам вақте дар берун аз Тоҷикистон намунаҳои фарҳанги худро мебинад, хеле дилгарм мешавад”, гуфт ӯ. Зимнан муассисони ширкати “Шарқ”, ки дар шаҳри Душанбе ҳам як дафтари корӣ доранд, тасмим доранд дар ояндаи наздик истеҳсол ва фурӯши соатҳои электронии варзиширо низ ба роҳ монанад ва мағозаҳои худро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон боз кунанд.