Фарзонаи Хуршед, овозхони шинохтаи тоҷик, маҷмӯи нави таронаҳои худро бо номи “Ёри ниқобӣ” таҳия кардааст ва Диловари Мизроб, аз продюсерони ӯ, мегӯяд, ки ин албом ба зудӣ вориди бозор хоҳад шуд. Худи Фарзона дар саҳифаи “Инстаграм”-аш аз омода шудани маҷмӯи нави таронаҳояш хабар дода ва гуфтааст, аз Худо талаби онро дорад, ки дӯстону дӯстдоронаш дучори ёрони ниқобӣ нашаванд.
Манзур аз ёрони ниқобӣ ҳамон афроде будааст, ки чеҳраи аслии худро ниҳон медоранд, яъне дар сурат дигару дар сират – дигар. “Албоми нави ман бо номи “Ёри ниқобӣ” пешкаши мухлисони азиз мегардад,” -- хабар додааст ӯ.
Ин албоми тозаи Фарзонаи Хуршед баъди издивоҷи ӯ бо Фаридуни Хуршед ва таваллуди фарзанди нахустинаш бо номи Закия омода мешавад. Фарзона ду моҳи қабл дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, таваллуди фарзанд зиндагиашро комилан тағйир додааст ва гуфт, “агар медонистам, ки фарзанд ин қадар ширин аст, хеле барвақттар дар фикраш мешудам.”
То ҳол маълум нест, дар албоми нави таронаҳои Фарзонаи Хуршед суруди якҷояи ӯ бо Фаридуни Хуршед ҳам ҷой дода шудааст, ё не. Вале онҳо қаблан гуфта буданд, алакай таронаеро барои иҷрои муштарак омода кардаанд ва ба зудӣ ва пеш аз ҳама дар Тоҷикистон пешкаши мухлисони худ хоҳанд кард.
Фарзона духтари хурдии овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим буда, тақрибан 8 сол боз бо интихоби касби модараш овозхонӣ мекунад. Нахустфарзанди ӯ Закия дар поёни моҳи июн ба дунё омад ва ҳоло чор моҳ дорад.
Тайи тақрибан ду соли охир номи Фарзонаи Хуршед ҳамроҳи хоҳараш - Шабнами Сурайё ба далели зиёраташон аз Каъба ва тағйири шеваи либоспӯшияшон дар сархатти расонаҳо қарор дорад. Баъд аз зиёрати Ҳаҷ Фарзона чанд таронаи исломӣ низ суруд, ки “Бисмиллоҳ”-у “Муҳаммад” унвон доранд ва аз сӯи мухлисонаш ба хубӣ истиқбол шудаанд.
Таронаи “Муҳаммад”-и Фарзонаи Хуршед бо сабки салавот иҷро шудааст ва худи ӯ мегӯяд, ҳоло шавқаш бештар ба хондани таронаҳои исломӣ аст. Ӯ гуфт, шояд дар дигар мавзӯъҳо низ тарона бихонад, вале феълан кӯшиш дорад, бештар сурудҳои исломӣ омода кунад ва бисарояд, чунки, ба таъбири ӯ, "маҳфилҳо бо гирифтани номи Худо зебо мешаванд."
Ӯ гуфт, дар ин ҷода ба Самӣ Юсуф пайравӣ мекунад ва омодааст, ки бо ин ситораи маъруф таронаеро ҳамроҳ иҷро кунад.