Ҷашни Навоӣ дар Маскав аз гулгузории сарони Конгресси умумирусиягии узбакҳо, намояндагони ҷомеаҳои узбакҳои Русия ва кормандони сафорати Ӯзбакистон дар пояи ҳайкали шоир дар хиёбони Серпухов оғоз гирифт. Дар ин ҷо ҳамоише баргузор шуд, ки дар он мушовири сафорати Ӯзбакистон Равшанбек Олимов зодрӯзи шоири бузургро ба ҷамъомадагон фархунда гуфт. Чанде аз ҳозирон дар пояи муҷассама аз ҳолномаву корномаи Навоӣ сухан гуфтанд ва аз ашъори ӯ намунаҳо хонданд. Ин ҳайкал бо баландии 4,5 метр дар 2002 аз тарафи шаҳрдории Тошканд ба мардуми Маскав тақдим шудааст.
Сипас дар Қасри миллатҳои Маскав нишасти адабию мусиқӣ ҷараён гирифт. Дар ин ҷо низ нотиқоне дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Мир Алишери Навоӣ суҳбат карданд, ғазалҳои ӯ ба забонҳои ӯзбакӣ, тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ ва ҳатто ҳиндӣ садо доданд. Як сокини 25-солаи Маскав Иван Айнадский, ки забони ӯзбакиро мустақилона аз тариқи Интернет омӯхтааст, бо ин забон ҳозиронро шодбош гуфт ва як ғазали Навоиро қироат намуд. Дастаи ҳунарии ҷомеаи ӯзбакҳои Маскав шабнишинро бо рақсу суруд ба поён расонд.
Дар хотима ҳамаи ҳозирон дар зиёфати махсус ширкат карданд.
Алишер Навоӣ (9 уми феврали 1441, деҳаи Давлатободи наздики Ҳирот — 3-юми январи 1501, Ҳирот), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбак, ходими давлатӣ. Ӯ шогирд ва пайрави шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Абдурраҳмони Ҷомӣ буда, бо машварати ӯ ба навиштани ашъори туркӣ шурӯъ кард ва осори тоҷикиашро бо тахаллуси "Фонӣ" мунташир шудааст.
Дар Википедияи тоҷикӣ дар бораи шоир чунин гуфта мешавад: "Падари Навоӣ Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449—1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Темуриён дояи кӯдакони онхо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба мактаб рафт. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470—1506) дар як ҷо омӯзиш дида, баъдҳо дар дарбори ӯ ҳамчун "мӯҳрдори давлат" хидмат кардааст. Бо ҳимояти ӯ дар ин дарбор маҳфили адабие ташаккул ёфт, ки баъдҳо бо номи "Мактаби Ҷомӣ" шӯҳрат ёфтааст.