Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон


Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи якшанбеи 28 декабр ба маъмурияти ҷангии 13 солаи худ дар Афғонистон поён дод.

НАТО дар Афғонистон маъмурияти низомии худро ба поён расонд ва маросими поёни ин маъмурият, рӯзи якшанбе дар Кобул бинобар таҳдиди Толибон, ба таври махфиёна баргузор шудааст. Ба ин тартиб, маъмурияти ҷангии нерӯҳои байналмилалии амниятӣ бо раҳбарии Амрико (мулаққаб ба ISAF) дар Афғонистон ба маъмурияти "омӯзишӣ ва пуштибонии" НАТО дар ин кишвар табдил мешавад.

Аз соли 2001, ки нерӯҳои хориҷӣ вориди Афғонистон шуданд, то кунун 3485 сарбози ин нерӯҳо кушта шудаанд. Генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF дар ин маросим гуфтааст, "мо дар паҳлӯи ҳамдигар, афғонҳоро аз торикӣ ва ноумедӣ хориҷ кардем ва ба онҳо умед бахшидем." Генерал Ҷон Кэмпбелл хитоб ба ҳозирон дар ин маросим гуфтааст, "шумо Афғонистонро қудратмандтар ва кишварҳои худро амнтар сохтаед."

Бо вуҷуди поёни маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон, ҳамчунин 12500 сарбоз дар ин кишвар боқӣ мемонад ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул мешаванд, ки бештари онҳо низомиёни амрикоӣ хоҳанд буд. Шумораи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон то пеш аз соли 2011 беш аз 130 ҳазор нафар буд, ки аз 50 кишвари дунё барои ҷанг бо Толибон ва Ал-Қоида ба ин кишвар омада буданд. Афғонистон дар ҳоли ҳозир 350 ҳазор нерӯи амниятӣ дорад, ки аз соли 2013 масъулияти таъмини амнияти кишвари худро бар ӯҳда гирифтаанд.

Генерал Ҷон Кэмпбелл дар суханронии худ ваъда додааст, ки нерӯҳои боқимондаи НАТО дар ин кишвар, дӯстони афғони худро танҳо нахоҳад гузошт ва аз мухолифони мусаллаҳ дар ин кишвар хост, то бо замин гузоштани силоҳ, ба раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон бипайванданд.

XS
SM
MD
LG