Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти муҳими НАТО: тамаркуз болои Русия, ДИИШ ва "Брекзит". ВИДЕО


Дар маркази таваҷҷӯҳ рафтори пархошгароёнаи Русия, таҳдидҳои ифротгароҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, паёмадҳои раъйпурсии Бритониё барои хориҷ шудан аз Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам низоъҳое мебошад, ки миллионҳо нафарро маҷбур кард тарки кишвар карда дар Аврупо мақоми паноҳандагӣ ҷӯянд.

Дар як изҳороте, ки дар нашрияи “Financial Times” рӯзи 8 июл, чанд соат пеш аз шурӯи нишасти НАТО нашр шуд, президенти Амрико Барак Обама гуфт, ки шояд ин ҳамоиш “муҳимтарин марҳила барои эътилофи низомии Антлантикаи шимолӣ баъди Ҷанги Сард бошад”. НАТО гуфт, ки ин нишаст бо ҳадафи ирсоли паём ба Русияи ҷангҷӯ, намоиши муттаҳидӣ дар Ғарб дар пасманзари ҳамлаҳои маргбори гурӯҳи “Давлати исломӣ”, паёмадҳои ҳузури мавҷи муҳоҷирон дар Аврупо, раъйдигии беруншавӣ аз Иттиҳодияи Аврупои Бритониё ва таҳдидҳои Толибон дар Афғонистон ташкил мешавад.

Таваҷҷӯҳи асоси болои Русия равона мешавад, ки баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз дасти Украина дар соли 2014 хашми Ғарбро барангехта ҷудоиталабони украиниро дар шарқи ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Хушунатҳои Украина дар ҷангҳои минтақаи Донетск то имрӯз ҷони 9300 нафарро гирифтааст. Барак Обама дар остонаи нишаст гуфт, ки “пархошгариҳои Русия зидди Украина дидгоҳи моро ба Аврупои озоду сулҳомез таҳдид мекунад”.

Вай гуфт: “Мо пуштибонии Украинаро, ки дар самти ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ қадамҳо муҳим мегузорад, идома хоҳем дод. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар ӯҳдадориҳояшон дар амри ҳифзи таҳримҳо болои Русия пойбанд ҳастанд, то замоне, ки онҳо пурра ӯҳдадориҳои худро аз рӯи қарордодҳои Минск ба субут нарасонанд”.

Обама гуфт, ки кишварҳои узви НАТО ният доранд, ки иродаи қавии сиёсии худро дар робита бо чолишҳои ҷаҳонии мисли таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”, паёмадҳои хуруди Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ва дигарҳо ба намоиш гузоранд.

Нишасти Варшава - посух ба Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Обама гуфт, ки хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҳарчанд номуайяниҳо эҷод мекунад, ИМА ва Бритониё равобити вижаи худро ҳифз хоҳанд кард.

Зимни суханрониаш дар форуми коршиносон дар остонаи нишасти НАТО дабири кулли ин созмон Йенс Столтенберг гуфт, ки кишварҳои узв бояд барои истиқрори баталйонҳои ҳазорнафараи нирӯи байналмилалии иборат аз низомиёни Канада, Олмон, Бритониё ва ИМА мувофиқа ҳосил кунанд. Низомиёни ин баталйон бояд дар Полша ва се ҷумҳурии Назди Балтик мустақар шаванд. Баъди Ҷанги Сард, ба гуфтаи Столтенберг, ин азимтарин мавриди истиқрори нирӯҳои амниятӣ дар марзҳои кишварҳои узви НАТО хоҳад буд. Айни замон, гуфт Столтенберг, НАТО дар фикри ташкили як гуфтугӯи “пурмаънӣ ва созанда бо Русия” мешавад, ки, ба гуфтааш, азимтарин ҳамсояи эътилоф ва як бахши ногусастании амнияти дохилии Аврупо ба шумор меравад.

Қарор аст, дар ин ҳамоиш раҳбарони 28 кишвари узви НАТО иштирок кунанд. Чунин нишасти раҳбарон дар ду сол як бор баргузор мешавад ва Кохи Сафед ҳам эълон кард, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, барои анҷоми сафари панҷрӯза, аз ҷумла иштирок дар саммити НАТО озими Аврупо шудааст.

Бар асоси барномаи сафараш оқои Обама бо Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск ва раиси Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо Жан-Клод Юнкер мулоқот анҷом хоҳад дод.

Аз замони таъсисёбии НАТО то кунун 27 мулоқоти сатҳи олӣ баргузор шудааст. Дар саммити Варшава 58 ҳайати расмӣ, аз ҷумла намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал, Бонки Ҷаҳонӣ, Ассамблеяи порлумонии НАТО ва 28 кишвари ҳампаймон иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG