Пирӯзии Ҳизби мардум дар интихоботи 36 рӯзаи парлумонии Ҳинд, ки бузургтарин интихоботи демократии ҷаҳон аст, ба гуфтаи расонаҳо тайи 30 соли гузашта бештарин таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин интихобот беш аз 550 миллион нафар раъйдиҳанд ширкат карданд.
Бино бар охирин натиҷаҳои эъломшуда аз сӯи Комиссияи интихоботи Ҳинд дар рӯзи шанбе, Ҳизби мардум бо ба даст овардани 274 курсӣ аз 543 курсии парлумон, ба унвони баранда ва Ҳизби конгресс бо 44 курсӣ ба унвони бозандаи ин интихобот эълом шуданд. Барои Конгресс, ки қисми зиёде аз таърихи кишвардории Ҳинд аз вақти истиқлол то ин вақтро дар даст доштааст, ин шикаст бо ин шумораи ками курсиҳо, "таърихӣ" қаламдод шудааст. Натиҷаҳои эълоншуда нишон медиҳад, ки Ҳизби мардум метавонад давлати ғайри эътилофӣ ташкил кунад, ки тайи се даҳаи гузашта дар Ҳинд бесобиқа будааст.
Нарендра Модӣ, ки 68 сол умр дорад, ба пешгирӣ накардан аз кушторе дар вилояти Гуҷрот (он вақт вазири аълои ин вилоят буд) дар соли 2002, ки қурбониёни он умдатан мусалмонон будаанд, ба интиқодое рӯбарӯ буд ва ҳаст. Дар он вақт дар шӯрише, ки дар пай эҷоди оташсӯзӣ дар қатори ҳомили ҳиндуҳо ба вуҷуд омад, тақрибан ҳазор нафар кушта шуданд.
Таҳқиқоти додгоҳи олии Ҳинд шавоҳиде рӯи даст дорад, ки аз даст доштани оқои Модӣ дар ҷараёни ин нооромиҳо ҳикоят мекунад. Аммо Нарендра Модӣ ҳар гуна иштибоҳ аз сӯи худ дар ҷараёни ҳодисаҳои соли 2002-ро радд кардааст.
Ин эътирозҳо ва шӯришҳо алайҳи Модӣ сабаб шуда буд, ки Амрико аз додани виза ба ӯ худдорӣ кунад. Аммо ҳоло Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико пирӯзии Моди, ки ба мақоми нахуствазирии он кишвар хоҳад расидро табрик гуфта ва аз барои сафар ба Амрико даъват кардааст.
Як узви баландпояи Ҳизби мардум низ ба рӯзномаи Guardian гуфтааст, ки оқои Модӣ ҳамаи Ҳиндро раҳбарӣ хоҳад кард ва раҳбари ҳама ҳиндиҳо хоҳад буд. Ин мавзӯест, ки тайи соатҳои гузашта бархе дигар аз раҳбарони баландмақоми ин ҳизб низ бар он таъкид кардаанд. Масоили иқтисодӣ аз муҳимтарин чолишҳо дар маъракаи интихоботии имсоли Ҳиндустон будааст.