Афсари Горди миллии Тоҷикистон, сарҳанг ё полковник Сайдаҳмад Гулов, шоми 9-уми май худро аз фарози бинои баландошёна поён афканда, худкушӣ кардааст. Пулис мегӯяд, сабабҳои ин амали афсар маълум нест ва қазия пажӯҳиш мешавад
Ҷамолиддин Файзалиев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 11 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ”ин ҳодиса соатҳои 17. 00 рӯзи 9 май ба нишонии кӯчаи Аҳмади Дониш 11/3 рух дод. Марде худро аз ошёнаи 8 то 10 –и бинои 12-табақа сарозер кард, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.”
Ба гуфтаи ҷаноби Ҷамолиддин Файзалиев, ин ҳодиса худкушӣ аст ва аз сӯҳбат бо пайвандону ҳамкоронаш маълум гардид, ки вақтҳои охир мубталои бемории рӯҳӣ шудааст. Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур гуфтаанд, ки ҳодиса худкушӣ буда ва ташхиси тиббӣ низ инро собит кардааст. Бар асоси шаҳодатномаи хидматӣ, ин фард, полковник Сайдаҳмад Гулов, корманди Гвардияи Миллӣ будааст.
Ҳамчунин тафтиш маълум кардааст, ки ин фард, рӯзи ҳодисаи худкушӣ бо мошини худ ба назди бинои 12 ошёнаи кӯчаи Аҳмади Дониш, ки наздиктар ба манзили зисташ аст, омада ва худравашро канори роҳ гузошта ва худаш ба табақаҳои болоии бино баромада ва худкушӣ кардааст.
Бо он ки сабаби аслии даст ба худкушӣ задани Сайдаҳмад Гулов рӯшан нест, аммо маъмурони интизомӣ куштор будани ин ҳодисаро рад мекунанд ва онро худкушӣ медонанд.
Марҳум Сайдаҳмад Гулов, соли 1968 деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, дар гузашта дар Сарраёсати сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ кор мекардааст. Як соли охир вай ба Гвардияи Миллӣ гузаштааст.