Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷараи нақшин ва чойхонае ба шакли харбуза (ВИДЕО)


Яке аз тарҳҳои меъморӣ дар Озмуни умумҷумҳурии беҳтарин лоиҳаҳо
Яке аз тарҳҳои меъморӣ дар Озмуни умумҷумҳурии беҳтарин лоиҳаҳо

Дар шаҳри Душанбе Озмуни умумиҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои биноҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ ва истиқоматӣ ба поён расида, барандагони он муайян шуданд.

Нӯҳ тарҳи ҷолиб дар Озмуни умумиҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ ва истиқоматӣ рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе муайян шуданд. Дар озмуне, ки аз тарафи Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ва Иттифоқи меъморони кишвар баргузор гашт, ба тарҳҳое бартарӣ дода шуд, ки навоварона буданд, аммо ҳамзамон унсурҳои меъмории миллӣ ва бостониро фаро гирифтаанд.

Доварони озмун мегӯянд, ба сурати умум зиёда аз 100 тарҳро баррасӣ карданд, ки аз тарафи меъморони соҳибтаҷриба ва донишҷӯёни риштаи меъморӣ пешниҳод шудаанд. Аз байни онҳо 9 нафар дар 3 бахш ҷойҳои якум, дувум ва сеюмро гирифтанд. Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ки ин озмун бо мақсади рушди ин соҳа ва бештар таҷассум кардани унсурҳои миллӣ дар сохтмони биноҳо роҳандозӣ шудааст. Вай аз рушди меъморӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, чунин озмунҳо дар оянда низ баргузор хоҳанд шуд.

Ҷамъбасти озмуни беҳтарин лоиҳаҳои сохтмонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Баҳром Юсуфов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз озмуни мазкур гуфт, ки дар бахши биноҳои ҷамъиятӣ бинои Кохи тенниси шаҳри Душанбе, воқеъ дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҷои якумро гирифт. Лоиҳаи ин биноро Ширкати меъмории «Шаҳрофар» бар дӯш дошт. Ҷои дувум дар ин бахш насиби «Кабадел лоиҳакаш»-и ноҳияи Ваҳдат барои лоиҳаи «Чойхона дар шаҳри Ваҳдат» гардид. Лоиҳаи бинои «Бозори Панҷшанбе» дар шаҳри Хуҷанд ҷои сеюмро гирифт.

Дар бахши биноҳои истиқоматии озмун ҷои якумро ширкати лоиҳакашии «Мусаввир» барои тарҳи маҷмуаи биноҳои баландошёна дар соҳили рӯди Сир дар шаҳри Хуҷанд ҷои якумро гирифт. Ҷои дувум насиби лоиҳаи пешниҳодии 3 донишҷӯи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон шуд. Ширкати «Инвест-проект» барои лоиҳаи бинои баландошиёна дар кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Душанбе ҷои севумро гирифт.

Дар бахши биноҳои маъмурӣ лоиҳаи Ширкати меъмории «Шаҳрофар» барои бинои хадамот ҷои якумро гирифт. Ҷои дувумро дар ин бахш ширкати «Ориён Арт» ва дар бахши биноҳои маъмурӣ ширкати «Автпроект» барои терминали Хадамоти гумрук дар ноҳияи Масчо ҷои 3-юмро гирифт.

Ҳайати ҳакамони озмун ғолибони ҷойҳои якумро бо диплом ва ҷоизаи пулии 2000 сомонӣ, ҷои дувум диплом ва 1500 сомонӣ ва ҷои сеюмро бо диплом ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG