Дмитрий Илюшев, намоянда аз Сурхондарёи Узбекистон, гуфт, “моро даъват карданд ва имкон доданд, ки фарҳангу таърих ва ҷойҳои динни минтақаи худро муаррифӣ кунем. Умедворем, ки ин ҳамоиш барои Тоҷикистону Узбекистон натиҷа медиҳад.”
Намояндагони Эрон аз лағви раводид миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломӣ истиқбол карда, аммо онро барои равуои сайёҳон кофӣ надонистанд. Амир Аслонзода гуфт, “интизор дорем, теъдоди парвози ҳавопаймоҳо бештар шавад. Ширкатҳо бештар шаванд. Бояд коркунон омӯзиш бигиранд, рӯйи хуш нишон диҳанд.”
Баъзе аз ширкатдорон ҳунарҳои дастии кишварашонро муаррифӣ карданд.
Тоҷикистон ҷаҳонгардиро яке аз ҳадафҳои муҳими рушди худ то соли 2030 эълон карда, умед дорад, бо ҷалби сайёҳон тиҷорати хурду миёнаро рвиоҷ хоҳад дод. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ҳанӯз пурра ошкор ва муаррифӣ нашудааст.
Амир Исаев, мудири ширкати “Амир Тур” мегӯяд, “мо ҷойҳои бисёр зебо дорем, ки сайёҳони кишварҳои дигар ҳатто дар бораашон маълумот надоранд. Роҳнамоҳо ва роҳбаладҳои таҳсилдида намерасанд. Ҳамчунин, маконҳои гардишгарӣ хуб муаррифӣ нашудаанд. Кӯҳҳо, кӯлҳо, шаршараҳо ва ҷойҳои зебои дигар ин фарҳанги мо ҳастанд. Ин худ метавонад таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб кунад."
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар ним соли гузашта тақрибан 750 ҳазор хориҷӣ ба кишвар омадаанд, ки ҳадафи 580 ҳазор нафар саёҳӣ будааст. Ба гуфтаи мақомот, шумораи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 дарсад афзудааст.