Тибқи иттилои мақомоти расмии Арманистон ва Озарбойҷон, дар даргириҳои рӯзи шанбеи 2-юми апрел миёни нерӯҳои низомии ду кишвар, беш аз 30 нафар кушта шудаанд. Ба гузоришҳои бахшҳои Озарбойҷон ва Арманистони Радиои Озодӣ, артиши Озарбойҷон ҷониби Арманистонро муттаҳам кардааст, ки сабабгори оғози ин ҷанг будааст. Дар ин даргирӣ, ду тараф бо тонкҳо, тӯп ва чархболҳо ба мавқеъҳои якдигар ҳамла кардаанд.
Озарбойҷон мегӯяд, ки нерӯҳои хатти пеши артиши ин кишвар зери тирборони нерӯҳои Арманистон қарор гирифтанд ва нерӯҳои он кишвар маҷбур шуданд, ки посух бидиҳанд. Вазорати дифои Озарбойҷон дар баёнияе эълом кардааст, дар ин даргириҳо 12 сарбози ин кишвар кушта шудаанд Ин вазорат эътироф кардааст, ки як чархболи навъи Мi-24-и Озарбойҷон сарнагун ва як тонки онҳо дар мина таркидааст.
Вазорати дифои Озарбойҷон иддао кардааст, ки нерӯҳои озарӣ ҳадди ақал 6 тонки ҷониби Арманистонро аз байн бурда ва беш аз 100 сарбози арманиро кушта ва захмӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Арманистон шумораи талафони нерӯҳои артиши ин кишварро 18 кушта ва 35 захмӣ эълон кардааст.
Ба гузориши бахшҳои Озарбойҷон ва Арманистони Радиои Озодӣ, ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як писари 12-сола дар ин даргириҳо кушта шудаанд ва шумораи талафоти даргириҳои нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон ба 32 нафар расидааст.
Қарабоғи Кӯҳӣ дар дохили қаламрави Озарбойҷон қарор дорад, вале он дар контроли арманитаборҳо мебошад. Вазорати дифои Арманистон даргириҳои кунуниро баъд аз даргириҳои соли 1994 сахттарин рӯёрӯӣ арзёбӣ кардааст. Баъд аз соли 1994 Амрикову Русия ва Фаронса ҷонибҳоро ба оташбас даъват карданд ва талош карда буданд, ки дар ин оташбас миёнҷигарӣ кунанд.
Матбуоти Русия хабар додааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз ҳар ду тараф хостааст, то ба даргириҳо хотима диҳанд. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, Путин “аз гузоришҳо дар бораи азсаргирии фаъолиятҳои низомӣ дар имтидоди марз дар Қарабоғи Кӯҳӣ сахт изҳори нигаронӣ кардааст.”
Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Озарбойҷон аз маҳофили байналмиллалӣ даъват кард, ки рафтори Арманистонро маҳкум кунанд. Вазорати дифои Қарабоғ гуфт, ки дар тамоми имтидоди марз даргириҳои шадид ҷараён дорад.
Муноқишаи миёни Озарбойҷону Арманистон дар солҳои фурӯпошии Шӯравии пешин оғоз ёфт ва дар ин ҷангҳо тақрибан 30 ҳазор нафар кушта шуданд.
Ин ҷангҳо дар ҳоле аз сар гирифта шудаанд, ки Вашингтон ахиран қавл дод, ки дар ҳалли ин муноқиша кӯмак хоҳад кард. Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико 1-уми апрел дар ҷараёни мулоқоташ бо раисони ҷумҳури Озарбойҷон ва Арманистон дар ин бора сӯҳбат кард.
Кохи Сафеди Амрико гуфт, Байден “аз идомаи муноқиша изҳори нигаронӣ кард ва ҷонибҳоро ба гуфтугӯ даъват намуд. Вай аҳамияти ҳалли ҳамаҷонибаи ин муноқишаи давомдор, таъмини амният ва рушди минтақаро хотирнишон сохт. Раҳбарони ин ду кишвари қафқозӣ дар посух гуфтанд, ки онҳо аз пешниҳодҳои Амрико ҷонибдорӣ ва барои ҳалли ин муноқиша нақши фаъол бозӣ хоҳанд кард
Байден бори дигар дархости Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрикоро ёдоварӣ кард, ки дар ҷараёни музокироташ 31 март дар Вашингтон бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба миён ниҳода буд. Алиев дар ин мулоқот бо Ҷон Керрӣ ба Амрико барои талошҳояш дар ҳали муноқиша изҳори сипос кард, вале гуфт, ки ин муноқиша танҳо бо судури қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ метавонад ҳал шавад ва барои он нерӯҳои Арманистон бидуни чуну чаро бояд аз қаламрави Озарбойҷон хориҷ шаванд.