Бо коҳиши сели муҳоҷирони Роҳинҷа аз Мянмар ба Бангладеш, таваҷҷӯҳ ба хонаводаҳои осебдида дар муноқиша равона шудааст. Хабарнигори “Садои Амрико” Стив Сендфор дар бандаи Кокс Бозори Бангладеш яке аз ӯрдугоҳҳои паноҳандагони Роҳинҷа бо маъмурони имдодӣ ва хонаводаҳои осебдида дар бораи зиндагии ояндаи онҳо суҳбат кард.
Пайдо кардани як нафар ва ба ҳам овардани хонаводаҳо сахт аст, чун онҳо дар ӯрдугоҳҳои гуногун аз Укеа то Такноф пароканда шудаанд. Аз ин рӯ, ёфтану ба ҳам овардани онҳо осон нест.
Теъдоди осебдидагон дар амалиёти артиши Мянмар аз шумораи катҳои шифохонаи асосии Кокс Бозор бисёр зиёд аст. Хонаводаҳои каме аз амалиёти Мянмар дар вилояти Роҳин, ки онро поккории қавмӣ номидаанд, эмин мондаанд.
Фотимаи 6-сола вақти ҷаҳидан аз табақаи дувуми хонаи оташгирифтаашон пояшро шикаст. Ҳоло ба сахтӣ гап мезанад. Муҳибулло падари Фотима мегӯяд, “на фақат барои фарзанди худам барои фарзандони дигарон, ки аз дасти артиш кушта шуданд, ғам мехӯрам. Дигар падарон ҳам айни ман ғамгинанд. Сарбозон духтарони зиёдеро таҷовуз карданд, заданд ва одамони зиёдеро куштанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Бисёре аз хонаводаҳо ҳангоми фирор ва то расидан ба марзи Бангладеш аз ҳам ҷудо шуданд, ноболиғон бесарпараст монданд. Ҳоло ба ҳам овардани кӯдакону волидонашон авлавияти кори созмонҳои имдодӣ ба мисли Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аст. Ин кор дар байни 500 ҳазор фирорӣ осон нест.
Марям Ал-Хатиб, намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, “пайдо кардани як нафар ва ба ҳам овардани хонаводаҳо сахт аст, чун онҳо дар ӯрдугоҳҳои гуногун аз Укеа то Такноф пароканда шудаанд. Аз ин рӯ, ёфтану ба ҳам овардани онҳо осон нест.”
Баъд аз муолиҷаи захмҳо, қарор аст, ба паноҳҷӯён, ки ваҳшати зиёдеро дидаанд, кумакҳои равонӣ расонанд. Шоҳин Чудрӣ, табиби шифохонаи марказии Кокс Бозор мегӯяд, “мо пизишк ва айни замон инсон ҳастем. Дарде, ки онҳо мекашанд, тоқатфарсо аст. Ончӣ ки аз сар мегузаронанд, ваҳшатбор аст. Ман ингуна вазъро аслан надида будам.”
Бо онки Бангладеш барои васеъ кардани ӯрдугоҳҳо барои ним миллион паноҳҷӯйи дигар омода мешавад, бисёриҳо нигаронанд, ки мумкин аст, мардуми зиёди ҷафокашида бенигоҳубин монанд.