Мустанг – устоди ҳунари кӯҳнавардӣ аст, дар чашми ӯ ҳеҷ тарсе нест. Аксҳое, ки бо дидани онҳо дасти кас арақ мекунад, дар баландтарин сохтмонҳои Русия ва Украина танҳо дар нӯги ангуштонаш овезон шудааст. Вай бидуни ҳеҷ васоили кӯмакрасон ё муҳофизатгар то қуллаҳои дастнорастарин баланд мешавад ва мегӯяд, аз ин кор як ҷаҳон лаззат мебарад. Мустанг – исми мустаори ин кӯҳнавард аст ва ӯ намехоҳад номи воқеии худро ошкор кунад. Чанд сол пеш вай кори худро ба унвони ёвари ҳуқуқӣ канор гузошта бо кӯҳнавардӣ машғул шуд. “Марг фоҷеа нест”, мегӯяд ӯ. “Оқибати ҳар инсон марг аст, вале на ҳар кас тавре зиндагӣ мекунад, ки дилаш мехоҳад”, овардааст суханҳои ӯро нашрияи бритониёии "Daily Mail".
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Нигористон
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир