Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон


Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва бозиҳои мардумӣ баргузор мегарданд.

21-уми март дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе пойгаи аспдавонӣ сурат мегирад.

Аз 25 то 27-уми март дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан баргузории мусобиқаи байнулмилалии гуштигирӣ бо иштироки паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия дар назар аст.

Дар ин мусобиқа гуштигирон дар вазнҳои то 61, 71, 86 ва +86 кило байни мардон рақобат мекунанд. Ҳамчунин духтарони вазнашон то 57 кило барои ширкат дар рақобатҳои инфиродӣ даъват мешаванд.

Гуштигирӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ буда, имрӯз мақоми байнулмилалиро касб кардааст.

Аз 23 то 26-уми март дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузории мусобиқаи роҳгардии сайёҳӣ бо иштироки 55 меҳмону варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG