Дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳокимаи Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва писараш, Ҳабибулло Ризоев, оғоз кардаанд.
Одинаеви 59-сола ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гумонбар аст, аммо ба қавли наздиконаш дар мурофиаи аввал айбномаро беасос донистааст. Писараш Ҳабибулло Ризоев ба авбошӣ муттаҳам аст ва бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ мебошад.
Як намояндаи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ бо шарти зикр накардани номаш рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи Маҳмурод Одинаев ва писараш ду рӯз пеш шуруъ шуда, "ба таври боз идома дорад".
Ӯ гуфт, "дар рӯзи аввали мурофиа ошноии айбдоршавандаҳо бо парванда сурат гирифт. Рӯзи 26-уми январ суолу ҷавоби шоҳидон ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ баргузор шуд. Дар толори мурофиа пайвандони онҳо ва чаҳор шоҳид ҳузур доштанд".
Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинев, мегӯяд, пеш аз шурӯи мурофиа бо ӯ чанд дақиқа суҳбат доштааст. "Шикоят кард, ки биноии чашмаш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст", -- нақл кард Ризоева.
Мақомот ҳамагуна фишор ё шиканҷа ба зидди Маҳмурод Одинаевро рад мекунанд.
Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, ки дар курсии айбдорӣ нишастааст, рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вакили мудофеи мустақил надоранд ва дар мурофиа айбномаро рад карданд.
Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.
Мақомот ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Ризоев дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст."
Пайвандони Маҳмурод Одинеав дар назди Комиссариати ҳарбӣ будани ӯро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, он рӯз ба зидди, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунӣ ба артиш ҷалб шудани писараш, эътироз карда буд.
Дертар Одинаевро ба даъвати ом ба ифротгароӣ муттаҳам карданд, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.
Айни замон Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба авбошӣ муттаҳам мешавад.
Мухолифон боздошту эълони иттиҳом ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд. Ӯ пеш аз боздошт фаъолияти мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли гузашта дар "Фейсбук" навишт, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.
Рӯзи 13-уми январи имсол Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба "зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифин ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ" танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.