Муфаттишон куштори сер сару садои зани рус Олга Ермакова-модари Даниил Ермаковро ба анҷом расониданд. Максим Лебедев-муфаттиши ин парванда ба хабаргузории Итар тасс гуфтааст, ки натиҷаи тафтиш ба додситонии кулли Русия фиристода шуд.
Ӯ афзудааст, ки додситонии кулли Русия натиҷаи тафтишро баъди омӯзиш барои муҳокима ба Тоҷикистон тақдим хоҳад кард.
Мақомоти Русия шаҳрванди Тоҷикистон Далер Ватановро, ки тибқи гузоришҳо ҳамхобаи Олга Ермакова буда, баъди ин ҳодиса ба Тоҷикистон баргаштааст, бо куштор муттаҳам мекунанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон иброз доштаанд, ки ба муҳокима ин парванда омода ҳастанд. Ба қавли ин муфаттиш агар муҳокима дар Русия доир шуда, гуноҳи Ватанов собит мешуд, ӯ шояд ба муддати то 20 сол аз озодӣ маҳрум мешуд.
Ба қавли мансабдорони Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Саратов бар пояи Паймони Минск афроди муттаҳам дар ҷиноятҳо ба кишварҳои шарики ин санад интиқол дода мешаванд, вале бар пояи сарқонуни Тоҷикистон шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои дигар супурда намешаванд ва аз ин рӯ, муҳокимаи ин куштор бояд дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Рӯзи 21 -уми сентябри соли гузашта Даниил Ермакови 5-соларо дар канори Екатеринбург ёфтанд ва он замон ӯ гуфта буд, ки падарандари тоҷикаш вайро дар ҳамон ҷо монда, дигар барнагаштааст.
Ҷасади модари ӯ, Олга Ермаковаро 6-уми октябр дар манзилаш дар деҳаи Котовраси вилояти Саратов бо захмҳои сангин пайдо карданд.
Муфаттишон тахмин мекунанд, ки Олга Ермаковаро, ҳамсари тоҷикаш кушта бошад.