Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки як мураббии кӯдакистони "Ориён" бари рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Дар боғча гуфтанд, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка" ё бухорӣ бархӯрданд. Муфаттишони милиса ва додситонӣ қазияро таҳқиқ доранд.
Яке аз волидон бе зикри номаш рӯзи 26-уми ноябр гуфт, ҳодиса дар оғози ҳафтаи равон рух додааст: "Кӯдакон бегоҳ ба хона баргаштанд ва бари рӯяшон сӯхта буд. Ба мо гуфтанд, ки мураббӣ бо қошуқи тафсон чунин кардааст."
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб гуфт, ки бари рӯйи чаҳор кӯдак осеб дидааст. "Ҳоло милисаи шаҳр ва додситон қазияро тафтиш мекунанд. Равоншинос овардем, кӯдакҳоро пурсида истодаанд. Ба мо дар ин бора телефонӣ хабар доданд", -- афзуд ӯ.
Аз чаҳор кӯдаке, ки гумон меравад мураббӣ гуё бари рӯяшонро сӯзондааст, рӯзи 25-уми ноябр танҳо як нафари онҳо дар кӯдаконистон ҳузур дошт. Масъулони боғча гуфтанд, кӯдакони дигар бо сабаби доштани ҳарорати баланд наомаданд.
Мураббие, ки волидон ба озори кӯдаконашон гумонбар медонанд, гуфт, "кӯдакон рӯйи худро сӯзондаанд, на каси дигар" ва афзуд, "баъди он ки дидам рӯяшонро сӯзондаанд, дарҳол марҳам овардам ва молидам."
Ҳангома Юсуфова, мудири боғчаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Кӯлоб (Ориён), рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка” ё бухорӣ бархӯрдаанд ва рӯяшон осеб дидааст. Аммо ба суоли он ки чӣ гуна чаҳор нафар якбора ба бухорӣ задаанд ва як бари рӯяшон осеб дидааст, гуфт, "онҳо ҳамсояанд, бо ҳам бозӣ кардаанд. Якдигарро тела додаанд."
Яке аз волидони кӯдакон бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "чӣ хел чаҳор кӯдак бозӣ мекунаду месӯзад? Кӯдакон худашон қоил шуданд, ки мураббӣ бо қошуқ бари рӯяшонро сӯзондааст. Кӯдакон дигар намехоҳанд, ба боғча раванд. Мегӯянд, мураббӣ мезанад. Агар худашон мекарданд, то ин ҳад наметарсиданд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар бахши ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Кӯлоб гуфтанд, ки аз қазия хабар надоранд. Оминаи Ашӯрмад, мудири бахш, дар суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки масъала ба дӯши намояндагони идораи маориф аст.
Хабарҳо дар бораи “бадрафторӣ” дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон хеле кам нашр мешаванд. Соли 2012 дар пайи шикояти волидон аз бадрафтории масъулони боғчаи бачагонае дар Душанбе чанд масъули муассиса аз кор ронда шуданд.
Соли 2018 зане дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба мақомот шикоят карда буд, ки кӯдаки 6-солааш “барои хабаркашӣ аз шароити бади боғча” аз ҷониби мураббие латукӯб шуда, дар натиҷа садояшро гум кардааст. Ин ҳодиса дар боғчаи “Андалеб” рух дода, фаъолияти он пурра қатъ гашта буд.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли 2019 беш аз 660 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 102 175 кӯдак фаъолият кардаанд, вале на ҳамаи кӯдакон ба боғчаҳо роҳ меёбанд. Баъзе аз волидон мегӯянд, барои роҳ ёфтан ба кӯдакистонҳои давлатӣ муддатҳо дар навбат меистанд ва баъзан ночор фарзандони худро ба бочғаҳои пулакӣ медиҳанд.
Соли 2015 идораи маорифи Хатлон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят талаб карда буд, ки бинои 44 боғчаи кӯдаконро баргардонанд. Мушкиле, ки бо гузашта панҷ сол зоҳиран ҳал нашудааст.