Тоҷикистон ба таъйини дубораи Ҳарлем Дезир ба мақоми намояндаи САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) дар умури озодии матбуот мухолифат кард. Ҳарлем Дезир борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид кард, ба мушкили аккредитатсияи хабарнигорони Радиои Озодӣ ва қазияи латукӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ дахл намудааст. Дар миёни мухолифони дигари таъйини раҳбарони сохторҳои САҲА Озарбойҷону Туркия ҳам ном бурда мешаванд. Баъзе аз афроди огоҳ ин ҳолатро "бӯҳрони бесобиқа" меноманд, ки аз ҷониби "кишварҳои поймолкунандаи озодии баён" эҷод шудааст.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи 12-уми июл хабар дод, ки интихоби номзадҳои навро ба мақоми дабири кул, раиси Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (ODIHR), раҳбари Комиссариат оид ба ақаллиятҳои миллӣ ва Намоянда оид ба озодии матбуот баргузор мекунад. Созмон, ки раҳбарии давраии онро Албания ба уҳда дорад, аз он изҳори таассуф кардааст, ки "57 кишвари узв натавонистанд дар таъйини дубораи чаҳор мақоме, ки феълан ин вазифаҳоро ишғол мекунанд, ба мувофиқа расанд".
Як манбаи Радиои Озодӣ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, мухолифати аслӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Туркия эҷод шудааст. Мақомоти тоҷик инро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳоло ҷараёни пешбарии номзадҳо ва баррасиҳо идома дорад ва "ҳама кишварҳои узв мавқеи худро баён мекунанд".
САҲА аз 57 кишвари узв иборат буда, муқаррароти он тақозо мекунад, дар заминаи таъини дубора ва ё интихоби раҳбари кул ва масъулини сохторҳои он консенсус ё мувофиқати комили ҳама аъзо вуҷуд дошта бошад. Мақомҳои ҳоло раҳбарикунанда дар сохторҳои САҲА як давраи сесолаи раҳбариро пушти сар карда, интизор буданд, мисли гузаштаҳо номзадии онҳо барои даври дуюми раҳбарӣ аз нав тасдиқ мешавад.
Мувофиқи оинномаи кори САҲА, дар сурати вуҷуди норизоияти як узв, номзадӣ қабул намешавад. Собиқадорони кор дар САҲА мегӯянд, ҳолати бавуҷудомада "бесобиқа" буда, ҳоло бояд интихоботи нав барпо шавад. Мӯҳлати раҳбарии мақомдорони амалкунандаи сохторҳои САҲА рӯзи 18-уми июл ба итмом мерасад.
Тоҷикистон: Ҳақ надорем шарҳ диҳем
Идибеки Қаландар, сафири Тоҷикистон дар САҲА, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Вена гуфт, ҳоло пешбарии номзадҳо барои интихоботи мудирони сохторҳои созмон ҷараён дорад ва мутобиқи муқаррароти САҲА нашру пахши хабар дар ин бора иҷоза нест. Ӯ гуфт, танҳо баъд аз анҷоми ҷараён метавонад мавзуъро шарҳ бидиҳад.
Айни замон як манбаи Радиои Озодӣ дар қароргоҳи САҲА дар Вена ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 10-уми июл гуфт, ҷараёни масдуд шудани тасдиқи номзадии мудирони сохторҳои САҲА "аз як номаи Тоҷикистон шуруъ шуд". Манбаъ гуфт, ҷониби Тоҷикистон ба унвонии раҳбари давраии САҲА рӯзи 25-уми июн нома фиристодааст, ки Душанбе бо номзадии Ҳарлем Дезир дар мақоми намояндаи озодии баён розӣ нест.
Ӯ гуфт: "Тоҷикистон дар ин нома гуфтааст, созмон гӯё аз матбуоте ҳимоят мекунад, ки ба платформаи террористону экстремистон табдил шудааст". Нуктаи дигар дар ин нома ҳамин будааст, ки Тоҷикистон хостори "рангорангии ҷуғрофӣ дар заминаи интихоб ва таъиини масъулин ба чунин мақомҳо аст". Манбаъ гуфт, "аз номаи Тоҷикистон бармеояд, ки ин кишвар мухолифи таъини танҳо аврупоиҳо ба ин мақом будааст".
"Аз ҳамкории САҲА бо мухолифон норозианд"
Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, мухолифат ба идомаи кори раҳбарияти феълии САҲА аз кишварҳое бармеояд, ки мавриди интиқоди зиёди ин созмон ва ташкилоти дигари ҳомии озодии баён қарор гирифтаанд.
Ӯ гуфт, "инчунин, сохторҳои САҲА бо мухолифини ҳукуматҳои ин кишварҳо, ки бисёрашон дар хориҷа -- Аврупову Амрико ҳастанд, муносибати корӣ доранд. Ба онҳо гӯш медиҳанд, аз онҳо хабар мегиранд ва ғайра. Аз ин рӯ, дар номаи ин кишварҳо як навъ эътироз ё норизоият дида мешавад".
Муллоҷонов гуфт, аз сӯи дигар ин кишварҳо зоҳиран умедвор ҳастанд, ки ба мақомҳои сохторҳои САҲА нафароне, масалан аз кишварҳои Шӯравии собиқ таъйин мешаванд ва ин чиз "боис ба кам шудани танқид хоҳад шуд".
Намояндаи САҲА оид ба озодии баён Ҳарлем Дезир як дипломати фаронсавӣ буда, солҳои кораш дар заминаи ҳар ҳолати поймол шудани озодии баён ва ҳуқуқи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон изҳороти танқидӣ нашр кардааст. Ӯ дар замони кораш дар робита бо ҳукми 12 соли зиндони Хайрулло Мирсаидов, масдудшавии вебсайтҳои хабарии Радиои Озодиву оҷонсии "Азия-Плюс", фишор болои Радиои Озодӣ ва аз аккредитатсия маҳрум шудани хабарнигорони ин расона, латукӯби Абдулло Ғурбатӣ ва ҳолатҳои зиёди дигар ибрози нигаронӣ карда, ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш даъват намудааст.
Яке аз сохторҳои дигари созмон - Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ҳам ба андешаи таҳлилгарон "бисёр вақт мояи нороҳатии ҳукуматҳои поймолкунандаи меъёрҳои интихоботи демокративу қонунбунёд мешавад".
Зимнан, бори нахуст дар соли 2020 ин созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон худдорӣ кард ва ҳайати хурди коршиносонаш баъди назорат аз интихоботи рӯзи 1-уми марти имсол дар гузориши муфассал ду моҳ баъд гуфт, "ин корзори сиёсӣ ҳеч мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалии як интихоботи демократӣ надошт".
Мухолифати Тоҷикистону Озарбойҷон бо номзадии Ҳарлем Дезир мояи интиқоди 29 созмони ҳомии озодии баён шуд, ки рӯзи 10-уми июл дар номаи дастаҷамъӣ аз ин ду кишвар "талошҳои заиф кардани рисолатҳои созмони ҳомии озодии баён"-ро маҳкум карданд.
Созмонҳое ба монанди Гузоришгарони бидуни марз (RSF), Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), Freedom House, PEN International ва дигарҳо аз ин ду кишвар хостанд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунанд. Ребекка Винсент аз RSF дар Твиттер навишт, "Озарбойҷону Тоҷикистон - ду кишвар бо нишондодҳои бадтарин дар озодии баён дар қаламрави САҲА (ҷудо аз Туркманистон) – тавонистанд таъйини дубораи Ҳарлем Дезирро масдуд кунанд". Ӯ афзуд: "Ин шармандагӣ аст".
Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон "эътирози бархе кишварҳо"-ро бамаврид хонд ва гуфт, фаъолияти САҲА бояд тағйир ёбад.
Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми июл ӯ гуфт, "ҳам сохтори САҲА, ҳам низомномааш ва ҳам самтҳои фаъолияташ бояд ба таври амиқ ислоҳ шавад, зеро акнун… кишварҳои зиёди осиёиро ҳам фаро мегирад ва намояндагиву раҳбарии ин созмон ин воқеиятро инъикос кунанд. Ин як. Дувум: САҲА созмонест, ки дар натиҷаи иштироки давлатҳо ба вуҷуд омадааст. Воқеан ҳам, агар масъала ҳаст – ҳуқуқи башар, демократия… - ин ҳамаро давлатҳо байни ҳам нишаста дар анҷумани САҲА муҳокима кунанд. Ин ҳолати оддӣ хоҳад буд. Аммо солҳои охир САҲА фаромӯш кардаааст, ки ин маҳфили давлатҳост ва акнун мо мебинем, ки анҷумани он ба анҷумани мухолифини бахше аз давлатҳои созмон табдил шудааст".
Нишасти моҷаробарангези Варшава
Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки равобити Тоҷикистон ва САҲА дар солҳои охир тағйир ёфтааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ширкати аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти Варшава оид ба арзёбиҳои ҳуқуқи башар дар соли 2016, расо як сол баъди баставу мамнӯъ эълон шуданаш дар Тоҷикистон, Душанберо бисёр нороҳат кард.
Тоҷикистон дар баёнияи расмӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмон аз ҳузури афроде, ки "ҷиноят кардаанд ва дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доранд ва дар нишасти созмон ширкат мекунанд”, бисёр нигарон аст.
Баъдан САҲА гуфт, ки ҳадаф аз даъвати мухолифон барпо кардани "муколамаи боз" аст. Вале аз моҳи июли соли 2017 барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон кам шуд: панҷ дафтари ин созмон дар Рашт, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Шаҳритус баста шуда, кори созмон то ба дафтари барномавии шаҳри Душанбе маҳдуд шуд.
Вале Идибек Қаландар, сафири Тоҷикистон дар САҲА бо ин андеша розӣ нест ва мегӯяд, тағйири барномаҳои созмон дар Тоҷикистон ба нишасти моҷаробарангези Варшава дар соли 2016 рабт надорад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ин замоне буд, ки барномаи пешини созмон ба охир расид ва бояд рисолат ё мандати нави он тамдид мешуд. Ин як тасодуф аст, ки дар як вақт иттифоқ уфтод. Дар асл барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон мутобиқ ба тағйироти замон дигар шуд ва САҲА корашро дар кишвар идома дод. Инчунин таъкид мекунам, ки айни замон дафтари САҲА дар Тоҷикистон калонтарин дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аст."
САҲА яке аз созмонҳои муҳими ҳамкори Тоҷикистон аст, ки фаъолияташро дар ин кишвар 19-уми феврали соли 1994, замони ҷанги дохилӣ шуруъ карда, то имрӯз миллионҳо долларро барои иҷрои барномаҳояш ҷудо кардааст. Нақши созмон барои бозгардондани муҳоҷирон, ёрӣ барои барқарории баъдиҷангӣ, пуштибонӣ аз созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳандозии тарҳҳои гуногуни марбут ба рушди демократия, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат дар таъмини баробарии ҷинсӣ хеле муҳим будааст.