Профессор Мукаррама Қосимова, забоншиноси маъруфи тоҷик, ки бештар бо китоби "Матни классикӣ" шуҳрат дошт, рӯзи 2-юми октябр дар 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карданд. Наздиконаш мегӯянд, Мукаррама Қосимова чанд рӯзи ахир бемор буд.
Ширин Исматуллозода, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва аз шогирдони Мукаррама Қосимова, гуфт, аз кори курсӣ гирифта то рисолаи докториашро зери роҳбарии Қосимова омода ва дифоъ кард ва ӯро як шахси меҳрубон ва сахтгир дарёфт. "Устоде буданд, ки на шаҳр мегуфтанд ва на деҳа. Дар хурсандӣ ва ғами мо шарик буданд," – афзуд муовини нахуствазир.
Мукаррама Қосимова солҳои дароз роҳбари Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буд, вале солҳои ахир аз вазъи илм ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ нигаронӣ дошт. Ду сол пеш дар як суҳбаташ бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки “солҳои охир рисолаҳои илмии суст зиёд шуданд ва муҳаққиқон ҳар чӣ зудтар, саросема мехоҳанд, доктори илм шаванд. Ман ба онҳо "тезпазак" ном гузоштаам."
Аз Мукаррама Қосимова ба унвони тарғибгари хатти ниёгон ном мебаранд. Китобҳои ӯ солҳои дароз ҳамун дастури омӯзиши хатти ниёгон дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар хидмат кардаанд.
Сайфулло Муллоҷонов, донишманди тоҷик, гуфт, Мукаррама Қосимова бо вуҷуди тарбия гирифтан дар мактаби забоншиносии Шӯравӣ, дарк мекард, ки эҳё ва омӯзиши хатти ниёгон хеле муҳим аст.
Ба қавли ӯ, хусусияти фарқкунандаи дигари Мукаррама Қосимова ин буд, ки ҳеч гоҳ ба маҳалгароӣ дода нашуд: "Аз солҳои 70-ум муҳит ва мактабҳои илмӣ ба бемории бади маҳалгароӣ гирифтор шуданд. Мактаби илмии муаллима аз ин чиз орӣ аст. Шумо бинед, шогирдони ин кас аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз он ҳастанд. Ҳеч гоҳ ман надидам, ки муаллимаро ба ин тамоюли нозеб ва зишт барои донишманд, яъне маҳалгароӣ муттаҳам кунанд."
Мукаррама Қосимова узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва узви Кумисюни аттестатсионии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1955 солҳои дарохз дар вазифаҳои гуногун дар ин муассиса кору кардааст.
Қосимова солҳои ахир бознишаста буд ва мегуфт, ният дорад китоби дарсии “Таърихи забони адабии тоҷик”-ро дар шаш ҷилд таҳия кунад. Ду ҷилди ин китоб нашр шуда, таърихи ташаккули забони тоҷикиро дар асрҳои нӯҳ ва даҳ фаро мегирифт.
Ташаббуси дигари Мукаррама Қосимова таъсири Маркази омӯзиши забонҳо дар Донишгоҳи миллӣ буд, ки дар он асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро меомӯзанд. Аз соли 2001 то 2009 раҳбарии ин марказро низ ба уҳда дошт.
Ба қалами Мукаррама Қосимова зиёда аз 180 номгӯй асар ва нигоштаҳои илмӣ тааллуқ доранд. Ӯ барои хизматҳои илмиаш бо мукофоту ифтихорномаҳои зиёд сарфароз шудааст.