Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев ба сактаи мағзӣ гирифтор шудааст


Муҳсин Муҳаммадиев
Муҳсин Муҳаммадиев

Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, беш аз як моҳ аст, ки ба иллати бемории сактаи мағзӣ (инсулт) дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскави Русия табобат мегирад.

Манучеҳр Муҳаммадов, хешованди Муҳсин Муҳаммадиев, рӯзи 26-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ моҳи феврали имсол дар Туркия ба сактаи мағзӣ (инсулт) гирифтор шудааст.

Муҳсин Муҳаммадиев мудири бошгоҳи футболи “Вахш”-и Бохтар аст ва ҳамроҳи дастааш барои гузаронидани ҷамъомади таълимию тамринӣ ба Туркия рафта буд.

“Панҷ-шаш рӯз дар беморхона табобат гирифт, аммо аҳволаш беҳтар нашуд. Сипас ба шаҳри Маскав бурданд, ҷое, ки хонаводааш онҷост. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ маълум шуд, ки дасту пойи росташ фалаҷ шудааст. Ҳамсару пайвандонаш ҳамеша дар канораш ҳастанд,” – афзуд Манучеҳр Муҳаммадов.

Футболбози маъруфи дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз хушномтарин бозигарони футболи тоҷик маҳсуб мешуд.

Вай рӯзи 21-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад. Оиладор ва соҳиби се духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, ба мисли “Помир” (Душанбе), “Локомотив” (Маскав), “Анкарагучу” (Туркия), “Спартак” (Маскав), “Локомотив” (Нижний Новгород), “Австрия” (Вена) ва “Торпедо” (Маскав) бозӣ кардааст.

Ӯ дар ҳайати “Спартак” соли 1994 қаҳрамони Русия гашт. Дар дастаҳои мунтахаби Русия (соли 1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст.

Аз соли 2003 мураббиии футбол аст. Солҳои 2003-2005 мураббӣ ва солҳои 2006-2008 сармураббии дастаи “Витяз” (Подолски Русия) буд. Аз нимаи дуюми соли 2008 дар вазифаи мудири варзишии бошгоҳи “Рубин”-и Қазон кор кардааст.

Муҳамадиев аз моҳи июли соли 2013 то моҳи июли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд. Баъдан дар бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон фаъолият намуд.

Муҳсин Муҳаммадиев дар охири соли 2016 сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе таъйин гашт. Зери роҳбарии ӯ “Истиқлол” Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда ва ба финали Ҷоми АFC-2017 роҳ ёфт.

Моҳи майи соли 2018 аз вазифаи сармураббии тими "Истиқлол" истеъфо дод. Баъдан дар бошгоҳи футболи “Бухоро”-и Узбекистон ифои вазифа кард.

Муҳаммадиев дар моҳи июни соли 2022 ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол” таъйин шуд. Аз ибтидои соли 2024 мудири бошгоҳи “Вахш”-и Бохтар мебошад.

XS
SM
MD
LG