Ҳудуди 50 муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Шербинкаи вилояти Маскав гуфтанд, субҳи 9-уми сентябри имсол аз тарафи шахсоне, ки ба иддаои онҳо “дар тан либоси кормандони дастаи зудамал ё ОМОН-и Русияро доштанд”, латукӯб шудаанд.
Навори лаҳзаи латукӯб шудани муҳоҷирон ба дасти Радиои Озодӣ низ расидааст. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки муҳоҷиронро афроди ниқобпӯш аз бинои баландошёна ба саҳни ҳавлӣ берун карда, бо чӯбдаст дар пой ва пушти ва ду муҳоҷир мезананд.
Дар Шуъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав гуфтанд, аз муҳоҷирон дар ин бора шикоят нагирифтаанд.
Насим Ҷобиров, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 15-уми сентябр гуфт, соати 5-и субҳи 9-уми сентябр гурӯҳи низомипӯшон вориди хобгоҳи онҳо шуда, ҳар касеро, ки сабаби ворид шудани онҳоро пурсид, латукӯб кардаанд. Ба нақли вай, “ҳар касе хоб буд ё бедор, заданд ва фармон доданд, ки ба берун бароем.”
Муҳоҷирон мегӯянд, баъдан фаҳмиданд, ки ворид шудани нирӯҳои ОМОН барои ҷустуҷӯи маводи мухаддир дар хобгоҳи муҳоҷирон будааст. Пас аз он ки чизе пайдо намекунанд, муҳоҷиронро раҳо мекунанд.
“Ягон муҳоҷирро ба ягон ҷо набурданд. Аз саҳни ҳавлӣ ҳамаро раҳо карданд, вале бисёриҳо баргаштанд, пулҳояшон аз ҷойи хоб гум шудааст”, -- гуфт Шариф, муҳоҷири дигари тоҷик.
Як навбатдори Шуъбаи пулиси ноҳияи Шербинкаи Маскав дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳодиса хабар надоранд ва касе ҳам барои таҳқиқ ба онҳо муроҷиат накардааст. “Агар муроҷиат шавад, ҳатман санҷида мешавад. Мо ягон навори латукӯбро ҳам надидаем”, -- гуфт навбатдори Шуъбаи пулиси Шербенкаи Маскав.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия низ гуфтанд, аз ҳодиса хабар надоштанд.
Муҳоҷирон мегӯянд, воқеан, то ҳол аз тарси боздошту ихроҷ шудан ба ҳеч ҷой муроҷиат накардаанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, дар сурати муроҷиат, ин ҳодиса дуруст таҳқиқ намешавад, вале ба онҳо хатари аз даст додани кор ё ихроҷ таҳдид мекунад.
Исфандиёри Давлат, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, тарс ё беҷуръатии муҳоҷирони тоҷик барои дифоъ аз ҳаққашон ба пуштибон надоштан ва бидуни асноди комил зистан дар Русия вобастааст.
Ӯ гуфт: «Мутаассифона, на сафорат ва на дигар мақомоти расмии кишвар ба ин эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Фикр мекунам, ҳукумати мо аз Кремл вобаста аст ва саъйе ҳам барои ҳаққи муҳоҷирон надорад ва муҳоҷирон ноумед шудаанд. Пас, ҳам ҳукумат ва ҳам мардум, яъне мо муқассирем.”
Лаҳзаҳои латукӯби муҳоҷирон ва ё озори онҳо аз ҷониби пулис борҳо расонаӣ шудааст, вале дар мавридҳои хеле кам муҳоҷирон барои ҳаққи худ ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Дар Русия ба ҳисобҳои расмӣ беш аз ним миллион, вале бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон борҳо гуфтаанд, ки ҳаққи муҳоҷирон ба кору зист дар Русия ҳамвора поймол мешавад.